Ҳиндустон аз ҷиҳати шумори гирифторони коронавирус кишвари дувуми ҷаҳон шуд


Ҳиндустон аз ҷиҳати шумори гирифторони коронавирус Бразилияро дар ақиб гузошт ва дувумин кишвари ҷаҳон шуд.
Бино ба хабари “МИР 24”, рӯзи гузашта дар Ҳиндустон антирекорди гирифторони шабонарӯзӣ нав гардид – дар ин рӯз 168 912 нафар бемори нав сабт шуданд.
Ҳоло шумори умумии мубталоёни коронавирус дар ин кишвар ба 13 527 717 нафар расидааст.
Ҳамчунин, рӯзи гузашта дар Ҳиндустон 904 нафар бемор даргузаштанд ва шумори умумии қурбониён ҳоло беш аз 75 ҳазор нафар аст.
То ҳол дар диёри Ҳинд 104 528 565 нафар бар зидди коронавирус эм шудаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ