Ҷурғот ва хусусияти фоидабахшии он


Қатиқ ё ҷурғот маҳсулоти хеле фоидабашх аст. Воқеан имрӯзҳо мо ҳама аз қатиқ истифода мебарем. Ин маҳсулотро аз шир ба воситаи ҳамроҳ кардани камтар қатиқ ва дам додан омода мекунанд. Нафароне, ки гов доранду говашон шир медиҳад, ҳатман тарзи омода кардани қатиқро медонанд.
Қатиқ дар тибби қадим чун маводи тозакунандаи тани инсон ва воситаи харобшавӣ истеъмол карда мешуд. Ин барои хушхӯр шудани хӯрок мусоидат менамояд. Ҳамчунин, аз қатиқ нӯшобаи хунук, яъне чолоб омода мекунанд.
Хусусиятҳои шифобахшии қатиқ инҳоянд:
— Микроорганизмҳои қатиқ барои ҳазм шудани таом мусоидат менамояд ва яке аз нӯшобаҳои табиӣ ба ҳисоб меравад.
— Дар таркибаш микроэлементхо ва витаминхо ҳастанд ва барои нигоҳ доштани саломатии инсон хеле муфиданд.
— Барои зинда кардани ҳуҷайраҳои пир хидмат мекунад.
— Истеъмоли мунтазами қатиқ барои нафароне, ки меъдаашон хӯрокро хуб ҳазм намекунад, кӯмак мерасонад.
— Ҳамчунин, қатиқ барои нигоҳ доштани ҷавонӣ хидмат менамояд. Яъне қатиқ яке аз асрори нигоҳ доштани ҷавонӣ аст.
Қатиқро дар фасли баҳор истеъмол намоед, хеле хуб аст. Зеро тани мо дар ин вақт дар ҳоли барқароршавист. Истеъмоли мунтазами қатиқ инсонро ҷавон карда, фаолияти роҳи нафасро хубтар менамояд.
Нафароне, ки гов доранду қатиқ омода мекунанд, қатиқашон бехавфтар аст. Аммо дар марказҳо мо аз қатиқҳои дар бастаҳои полиэтиленӣ ҷойгиршуда истеъмол мекунем. Дар ин ҳолат ҳатман ба ин нуқтаҳо эътибор диҳед:
— Бинед, ки қатиқ дар яхдон гузошта шуда бошад;
— Бояд дар бастаи полиэтиленӣ ҳатман номи истеҳсолкунанда навишта шуда бошад;
— Аз ҳама муҳимаш мӯҳлати истеъмоли қатиқ дар баста бояд сабт шавад.
Баъд, шумо метавонед бе ташвиш аз қатиқ истифода баред.
Таҳияи Лола РАҲИМОВА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ