Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон меравад


Раисҷумҳури кишварамон Шавкат Мирзиёев рӯзҳои 10-12 июни соли равон ба Тоҷикистон сафар хоҳад кард. Дар ин бора Sputnik имрӯз хабар дод.
Бино ба хабари “Pars Today”, Мирзиёев дар чорчӯби ин сафар бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ хоҳад кард. ҳамчунин, созишномаҳои нави густариши ҳамкории Душанбе ва Тошканд дар заминаҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, ҳамлу нақл, энергия, кишоварзӣ ва илмию фарҳангӣ ба имзо хоҳанд расид.
Ёдовар мешавем, аз оғози фаъолияти раисҷумҳурии Шавкат Мирзиёев ин чорумин сафар ба Тоҷикистон мебошад.
Гуфта мешавад , ки ҳаҷми муомилоти тиҷории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соли 2020 ба 318 миллион доллар расидааст. Ин дар муқоиса бо соли қаблӣ 166 миллион доллар коҳишро нишон медиҳад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ