Бо ҳамкории Финландия дар Самарқанд донишкадаи омӯзгорӣ таъсис меёбад

Аз моҳи ноябри соли гузашта бар асоси пешниҳоди раисҷумҳури кишварамон таҷрибаи Финландия дар соҳаи таълим омӯхта мешавад. Аз ҷумла, дар ин рӯзҳо форуми байналмилалии илмӣ таҳти мавзӯъи “Ояндаи ҳамкории Ӯзбекистон ва Финландия дар соҳаи таълим” баргузор аст.

Ин форум дар шаҳрҳои Навоӣ, Бухоро ва Самарқанд роҳандозӣ шуд. Дар чорчӯби форум мудири ширкати “Rovio” ва сармоягузор дар соҳаи таълим Питер Вестербака бо ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд – Рустам Холмуродов ва ҷонишини якуми ректори донишгоҳи байналмилалии сайёҳии “Роҳи Абрешим” – Ҷ. Элтазаров мулоқот кард. Дар ин мулоқот натиҷаҳои ҳамкории ду кишвар дар заминаи таълим ва нақшаҳои муштарак барои оянда баррасӣ шуд.
Дар ҳоли ҳозир гурӯҳи омӯзгорон аз Финландия дар мактабҳои шаҳри Зарафшони вилояти Навоӣ ба донишомӯзон таълим медиҳанд. Ин таҷриба ба зудӣ дар Самарқанд низ ба роҳ монда мешавад.
Питер Вестербака гуфт:

  • Дар Финландия ба саволи “беҳтарин муассисаи таълимӣ кадом аст?” – “наздиктарини он” гӯён ҷавоб медиҳанд. Чунки, дар кишвари мо сифати таълими ҳар муассиса ҷавобгӯи стандартҳои муқарраршуда мебошад. Бовар дорам, ки дар солҳои наздик дар Ӯзбекистон низ ҳар як мактаб ҳамчун беҳтарин муассисаи таълимӣ эътироф мегардад. Барои ин бояд пеш аз ҳама омӯзгорон ботаҷруба ва кордон бошанд. Омӯзгорони Финландия омодаанд, ки бо онҳо ҳамкорӣ кунанд ва ёрӣ расонанд.
    Дар давоми мулоқот гуфта шуд, ки дар Самарқанд бо ҳамкории Финландия донишгоҳи нави омӯзгорӣ таъсис меёбад.
    Иштироккунандагони форум аз мактаби рақами 81-и массиви Қорасув дидан карданд ва бо шароитҳои он ошно шуданд. Дар оянда дар ин мактаб омӯзгорони финландӣ ба донишомӯзон дарс хоҳанд дод.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ