Моҳи Рамазон муборак бошад!

Дирӯз, 13-уми апрел дар кишварамон моҳи Рамазон, ки рамзи накӯкорӣ ва покии маънавӣ, саховат ва меҳру шафқат, қаноат ва шукргузорӣ аст, оғоз гардид.
Бо дарназардошти аҳамияти ин моҳи муборак дар таҳкими тинҷиву барқарории ҳаёти ҷамъият, мустаҳкам намудани муҳити эҳтироми байниҳамдигарӣ ва ҳамҷиҳатӣ, инчунин бо мақсади ҳифз ва ривоҷ додани арзишҳои динию маънавии халқамон, инчунин, бо тайёрии ҳамаҷониба ва ба таври муносиб гузаронидани он қарори роҳбари давлатамон қабул гардид. Дар ин ҳуҷҷат вазифаҳое, ки дар ин моҳи муборак амалӣ мегарданд, ҷиҳатҳое, ки бояд эътибор дода шаванд, муқаррар карда шудаанд.
Соли 2020 аз сабаби пандемия дар масҷидҳо бо аҳли ҷамоат адо кардани намози таровеҳ ғайриимкон гардида буд. Имсол бошад, аз пареррӯз сар карда, дар 288 масҷиди вилоятамон намози таровеҳ хонда мешавад. Аз ҷумла, дар 114 масҷид хатми Қуръон оғоз гардид.
Лекин ҳоло дар ватанамон, умуман дар ҷаҳон вазъияти мураккаби бо инфексияи коронавирус вобаста пойдор аст ва аз ин сабаб, аз ҳамватанонамон хоҳиш мекунем, ки ба қоидаҳои карантин қатъӣ риоя намоянд.
Дар масҷид низ бародарони намозхон бояд ниқоби тиббӣ дошта бошанд, масофаи иҷтимоиро нигоҳ доранд ва аз воситаҳои антисептикӣ истифода намоянд. Хотирнишон мекунем, ки маросимҳои ифториро низ дар давраи оилаи худ, бо иштироки наздикон ба таври ихчам гузаронидан мувофиқи мақсад мебошад.
Дар бораи фазилатҳои моҳи Рамазон дар китоб­ҳои муқаддас, сӯҳбатҳои динӣ-­маърифатӣ бисёр андешаҳои ибратангез баён гардидаанд. Халқамон аз ин хуб воқифанд. Сарфи назар аз ин, дар ин рӯзҳои муборак бо мақсади ташаккули хислат ва фазилатҳои шукргузорӣ дар дили халқамон, бахусус, ҷавонон, онҳоро ба корҳои хайр роҳнамун сохтан ва аз роҳҳои бад бозгардондан, дар дилашон пурзӯр сохтани эҳсоси фарохдилӣ тавассути телевизиони Самарқанд ҳар субҳ вақти саҳарӣ пахши барномаҳои динӣ-­маърифатии «Дар саҳарӣ барака ҳаст» ва вақти ифторӣ «Тӯҳфаи Рамазон» ба нақша гирифта шудааст.
Инчунин, ҳар рӯз вақти саҳарӣ тавассути каналҳои телеграмӣ ва сӯҳбатҳои маърифатӣ ба мардум тақдим мегарданд.
Аҳли вилоятро аз номи Идораи мусалмонони Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд ва ҳамаи имом-­хатибҳо бо моҳи Рамазон табрик мекунем.
Аллоҳи таоло аз фазилатҳои ин моҳ ҳамаи моро баҳраманд гардонад.
Дар арафаи моҳи шарифи Рамазон дар ноҳияи Пахтачӣ масҷиди ҷомеи «Хӯҷа Зиёвуддин», дар Иштихон «Эшон Темирхон» ва дар ноҳияи Қӯшработ масҷиди ҷомеи «Домло Камолиддин Охун» ба истифода супорида шуданд. Ин ҳама ба аҳли мӯъмину мусалмон дар ин моҳи муборак тӯҳфаи арзанда гардид.
Дар маросимҳои ифтитоҳи ин масканҳо раиси Идораи мусалмонони Ӯзбекис­тон, муфтӣ Усмонхон Алимов, ҳокимони вилоят ва ноҳияҳо, вакилони ҷамоатӣ иштирок карданд.

Зайниддин ЭШОНҚУЛОВ,
саримом-­хатиби вилоят.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ