Тавсияи уламо дар хусуси рӯза

Дар моҳи 9-уми тақвими ҳиҷрӣ моҳи Рамазони аввалин ба рӯзҳои гармои шиддатнок, пурҳарорат рост омад ва чунин номгузорӣ шуд. Он аз калимаи арабии «рамз» – сӯхтан, сӯхта хокистар шудан гирифта шудааст. Рӯзаи Рамазон дар душанбеи дуюми Шаъбони соли дуюми ба Мадина ҳиҷрат намудан фарз карда шуд. Ин тахмин ба 7-уми феврали соли 623-и мелодӣ рост меояд. Ба моҳи Рамазон санаҳои зиёде, мисли рӯзи 6-ум таваллуди набераи Муҳаммад (с. а. в.) Ҳусайн, рӯзи 10-ум вафоти завҷаашон Хадича, 17-ум ҷанги Бадр, 19-ум ба Макка ворид гардидани Муҳаммад (с. а. в.), 21-ум вафоти Алӣ ва имом Алиризо, 22-юм таваллуди Алӣ ва ғайра эъзоз карда мешавад.
Пеш аз гирифтани рӯза бояд аз истеъмоли маҳсулоте, ки дар меъда кислотаро меафзояд, инчунин хӯроки сер парҳез намуд. Баъзе касон «пагоҳ рӯза» гӯён, аз ҳад зиёд таоми пурқувват мехӯранд ва ин дар вақти рӯза ба азияти организм оварда мерасонад. Чунки аъзои дохилӣ боз барои ҳамин қадар таом хӯрдан тайёр шуда меистад. Рӯзагириро аз боварӣ бояд оғоз кард. Боварии шумо барои то вақти шом гурусна гаштан сигнал мешавад. Пурқувват будани боварӣ бошад, ба ният вобаста аст.
Ҳангоми саҳархӯрӣ аввал як қошуқ асалро бо оби гарм омехта карда нӯшидан, баъд аз 15 дақиқа таом хӯрдан баданро аз нохушиҳо наҷот медиҳад. Нӯшокии асосӣ бояд об бошад, агар чой нӯшидан лозим шавад, набояд чойи талх дам намуд. Маҳсулоти зерин дар давоми рӯз сабаби ташнагӣ, зуд аз баданамон хориҷ шудани оби нӯшида мегардад:
– Маҳсулот ва хӯрокҳои равғанӣ;
– Чойи аз меъёр зиёд талх;
– Маҳсулоти гӯштии дудӣ (колбаса, сосиска ва ҳоказо);
– Маҳсулоти шӯр;
– Маҳсулоти намаккарда;
– Маҳсулоти аз қаҳва ва кофеин бой;
– Истеъмоли аз ҳад зиёди шакар;
– Маҳсулоти ғизоии бо омехтани моддаҳои ғайритабиии кимиёвӣ тайёркардашуда;
– Дамкардаи барги лавр, наъматак ва ғайра.
Акнун маҳсулотеро номбар мекунем, ки барои саҳархӯрӣ муфиданд:

  1. Бояд маҳсулоти дониеро истеъмол намуд, ки зуд ҳазм намешаванд ва калорияи баланд доранд. Инҳо: таоми арзан, ширбиринҷ, таоми гречихадор ва ғайраанд.
  2. Маҳсулоти ширии творог, йогурт, чакка, сметана, ширчой низ фоиданок буда, барои дар давоми рӯз ташна нагардидан сабаб мешаванд.
  3. Асал, хурмои арабӣ, чормағз, мағзҳо, туршаки зардолу, олучақоқ ва дигар меваҳои хушк.
  4. Саҳархӯрӣ кардан бо банан, гелос, анҷир, зардолу, шафтолу, олуча, себ, нок ва дигар меваҳо.
    Маҳсулоти мазкурро дар вақти саҳархӯрӣ ба қадри имкон ба якдигар омехта накарда истеъмол намудан тавсия мегардад. Ин барои дар давоми рӯз худро хуб ҳис кардани мо сабаб мешавад.
    Баъд аз саҳархӯрӣ 4–5 километр пиёда гаштан муфид аст. Дар давоми рӯз агарчи гармии нури офтоб моро «азият» диҳад ҳам, аммо аз тарафи дигар моро обутоб дода, аз витаминҳо сер мекунад, сохтори баданро мустаҳкам менамояд. Дар нимаи аввали рӯз 15–20 дақиқа дар офтоб ва гармии ҳаво гаштан лозим.
    Ҳангоми ифтор кардан органҳои ҳиссии мо барои ҳазми таом омода шуда меистанд. Аввал бо ду дона хурмо ва тахминан то 300 миллиграмм оби ширгарм ё дар ҳарорати хонабуда даҳонро мекушоем, аз меваҳои тар истеъмол намуда, сипас баъд аз 10–15 дақиқа таом мехӯрем. Ин ба мисли он, ки автонақлиётро пеш аз рондан аввал тафсонида тайёр мекунем, меъдаро низ ҳамин тавр ба ҳазми таом бояд омода намуд.
    Хӯроки шом ба қадри имкон зуд­ҳазмшаванда ва сабук бояд бошад, албатта бо салат ва кабудиҳо бояд истеъмол намуд.
    Баъд аз таом, тахминан 1 соат пас нӯшокиҳои хунук, ширинӣ ва меваҳоро метавон истеъмол кард.
    Одати зарарноки ҳангоми саҳархӯрӣ аз меъёр зиёд ва бетартибона шикамро сер намудан нодуруст аст. Ин одати бад буда, дар баробари дар меъда ба вуҷуд овардани муаммоҳо, ба ташнагӣ ва гуруснагӣ дар давоми рӯз сабаб мешавад.
    Олимони тиббу табобат дар тамоми дунё рӯзаро ба ҳазор дард даво ҳисобидаанд. Риояи қоидаиҳои болоӣ барои аз бемориҳои меъда, муаммоҳои буғумҳо, намаку сангҳои бадан, фишори хун ва ғайра халос шудан сабаб мегардад. Ният – фақат ризои Аллоҳ бошад, ба саломатӣ эътибор додан ва таомхӯрии солимона аз тадбирҳои мувофиқи суннат маҳсуб мегарданд.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ