Хонаи дили ман

Дар ҳаштсолагиам аз олам гузаштани падарам бароям воқеаи фаромӯшнашавандаи даври бачагиам аст. Азбаски хурд будам, дар бораи падарам хотираҳои бисёр намондааст. Бинобар ин, сӯҳбатҳои бародари калониам, собиқадори маорифи халқ Остонақул Ҳоҷиевро, ки дар бораи падарамон бисёр маълумот доранд, дӯст медорам. Ба гуфти акоям падарам марди тануманд, қоматбаланд ва маърифатдӯст будаанд. Чанд сол дар хоҷагии ҷамоатӣ дар вазифаи ҳисобчӣ фаъолият доштаанд. Иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳон буда, дар ақибгоҳи фронт низ хизмат кардаанд. Фаъолияти худро дар рӯзномаи «Ленин йӯли» (ҳоло «Зарафшон») ҳамчун мусаҳҳеҳ идома додаанд.
– Ҳавлии мо дар гузари Қозии калони шаҳри Самарқанд воқеъ буд, – гуфт бародарам. – Он солҳо ту ҳоло ба дунё наомада будӣ. Ман тахминан 12-сола будам ва чанд бор ба ҳавлии Садриддин Айнӣ (ҳоло Хона-­музейи устод Айнӣ) рафтаам. Чунки падарам бо С. Айнӣ дӯст буданд. Ҳар ду асарҳои устод Айниро хонда, ба чоп тайёр мекарданд. Масофаи байни ҳавлиҳои мо он қадар дур набуд. С. Айнӣ гоҳо худашон омада ва баъзан касеро ба хонаи мо фиристода, падарамро ба хонаи худ даъват мекарданд. Онҳо соатҳои тӯлонӣ бо рӯбардор ва таҳрири асарҳо машғул мешуданд. Бинобар ин, баъзан модаркалонам ман ё ки амакам Ҷӯрақул Ҳайдаровро ба ҳавлии С. Айнӣ барои хабаргирӣ мефиристоданд. Ман онҳоро борҳо дар атрофи сандалӣ саргарми кор дидаам.
Нақли бародарам маро ба андеша водор мекард. Ман аз модарам Умаро Хайруллоева ё ки амакам Ҷӯрақул Ҳайдаров ҳангоми дар қайди ҳаёт будани онҳо дар бораи робитаи падарам бо устод Айнӣ пурсидам. Онҳо низ дар бораи дӯстӣ ва ҳамкории падарам ҳарф заданд.
Дар қалбам ҳисси ифтихор чун кабӯтар бол кушод ва асарҳои устод Айнӣ бароям аз пешина азизтар ва муқаддастар гардиданд. Гӯё аз саҳифаҳои китобҳои нависандаи бузург руҳи падарам маро наззора мекард. Хонаи устод Айнӣ – хонаи дили ман гардида буд. Шояд ҳамин воқеаҳо дар дили ман илҳоми кӯчаки эҷодро бедор кард. Ман он сол дар синфи ҳафтуми мактаби рақами 10-и ноҳияи Самарқанд (ҳоло 62-юми шаҳри Самарқанд) таҳсил мегирифтам ва бори аввал шеъре навишта будам:
Марҳабо, баҳор,
Ба Ватани ман.
Туро интизор,
Ҳар як марду зан…
Ин шеърро устодам, шодравон Убайдулло Раҳмонов дар рӯзномаи девории мактаб чоп карда буд. Муаллимаи фанни забони модарӣ ва адабиёти тоҷик, шодравон Меҳринисо Болтаева (духтари Болта Ортиқзода) аз шеърнависии ман огоҳ шуда, пешниҳод кард, ки рӯзи якшанбе шеър­ҳоямро ба қабулхонаи рӯзномаи «Овози тоҷик», ки дар Хона-­музейи С. Айнӣ воқеъ буд, барам.
Фурсат ёфта, рафтам. Директори Хона-­музей Абдукарим Ғанизода маро ба устодон Болта Ортиқзода, Нор Остонзода, Рауф Маъруфӣ, Акбар Пирӯзӣ, Эркин Азаматов ва дигарон шинос кард ва гуфт, ки шеърамро хонам:
Арақҳои ҷабини марди деҳқон,
Фитода бар замин меҳр кошад.
Ба ҳар як хандаи тифлони навзод,
Шуда хуршед ба олам нур пошад…
Устодон норасоиҳои шеърамро гуфта бошанд ҳам, вале маро дилбардорӣ карда, маслиҳатҳо доданд.
Модарам ва бародаронам аз равуо доштани ман ба Хона-­музейи С. Айнӣ мамнун шуданд. Шояд падарам ба хотирашон омаданд ва беихтиёр оби чашм ҳам карданд.
Рӯзе ба мудири хона-­музей А. Ғанизода гуфтам, ки падарам Ҳоҷиқурбон Ҳайдаров (соли таваллуд 1904) бо С. Айнӣ робитаҳои дӯстӣ доштанд. Ӯ ваъда дод, ки бойгонӣ (архив)-ро мебинад. Вале сипас гуфт, ки номи падарамро дар бойгонӣ дучор нашудааст. Ман аз ёфт нашудани номи падарам дар бойгонӣ маълул нашудам, зеро дар ҳаёт дӯст будани падарам бо устод аз ном ҷустан баландтар буд.
Мо ҳангоми донишҷӯӣ дар ин даргоҳи муқаддас бо бисёр эҷодкорон, аз ҷумла Мӯъмин Қаноат, Ҷонибеки Қувноқ ва дигарон вохӯрдаем. Борҳо таваллуди устод Айниро қайд кардаем. Бояд гуфт, ки зодрӯзи Абдукарим Ғанизода, мудири хона-­музейро, ки аз рӯзи таъсиси он барои ин даргаҳи муқаддас хизматҳои шоиста кардааст ва ӯро писархонди Айнӣ мехондандаш, низ борҳо дар ҳамин ҷо қайд кардаанду зодрӯзи ӯ 16-уми апрел аст. Ин боздидҳо ба ман то ҳол ғизои маънавӣ мебахшанд:
Дӯсти азиз бар мо,
Ҳар як китоби Айнӣ.
Нури адаб бубахшад,
Асар-­офтоби Айнӣ.
Тухми муҳаббат кошад,
Бар дил ҳар боби Айнӣ.
Даври қадиму ҳозир,
«Фарқ кун» – хитоби Айнӣ.
Аз баҳри мо муқаддас,
Қалам – ноёби Айнӣ.
Хонад, баҳра бигирад,
Ӯ ки дилёби Айнӣ!

Эътибор ҲАЙДАРОВА,
омӯзгори собиқадор.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ