Чаро мардон бемории коронавирусро вазнинтар мегузаронанд?


Доктори илмҳои тибб Одил Ғайбулло дар бораи гирифтории занону мардон ба COVID — 19 нақл кард.
Дар мусоҳиба дар радиои Sputnik Озарбойҷон ӯ қайд кард, ки омилҳои гуногун ба ҷараёни беморӣ таъсир мерасонанд.
«Мардон COVID-19-ро нисбат ба занон вазнинтар мегузаронанд, ин ба хусусиятҳои генетикӣ вобаста аст. Омор нишон медиҳад, ки ин беморӣ дар мардон душвортар мегузард, аммо дар занон низ ҳолатҳои вазнин дучор мешавад», — шарҳ дод пизишк.
Ба гуфти коршинос, ин вазъро бо заминаи гормоналии шахси муайян шарҳ додан мумкин аст. Сабаби дигар ин бемории роҳи нафас, алахусус, дар мардони тамокукаш мебошад.
Вай афзуд, ки бо вуҷуди омор, дар ин бора ҳанӯз шарҳи дақиқе маҷуд нест ва таҳқиқот идома дорад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ