“ПСҶ” мағлуб шуд, вале қаҳрамонони Аврупоро аз мусобиқа берун кард


Шаби гузашта ду бозии давраи чорякниҳоии Лигаи қаҳрамонони Аврупо баргузор шуд.
“ПСҶ” дар Париж бо “Бавария” рӯбарӯ шуд ва бо натиҷаи 0 бар 1 шикаст хӯрд. Голи ягонаи бозиро Эрик Шупо Мотинг дар дақиқаҳои охири қисми аввал ба ҳадаф расонд. Бо вуҷуди ин ғалаба, “Бавария”, ки дар бозии аввал бо натиҷаи 2-3 мағлуб шуда буд, мусобиқаро тарк кард.
Дар бозии дигари шаб “Челси” дар Лондон аз “Порту” бо чунин натиҷа мағлуб шуд. Голи ҳуҷумгари эронӣ Маҳдӣ Торамӣ дар дақиқаи 90-ум ба лиссабониҳо барои роҳёбӣ ба давраи ниманиҳоӣ кифоя накард.
Имшаб “Ливерпул” бо “Реал” ва “Боруссия”-и Дортмунд бо “Манчестер Сити” бозӣ хоҳанд кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ