То ҳол штамми “британияӣ”-и коронавирус ба 132 кишвари ҷаҳон паҳн шудааст


Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар бораи паҳншавии штамми “британияӣ”-и коронавирус маълумоти охиринро тақдим кард.
Бино ба ин маълумот, то ҳол ин штамм дар 132 кишвари ҷаҳон паҳн шудааст.
Ҳамчунин, штамми Африқои Ҷанубии коронавирус дар 82 кишвар сабт гардидааст.
Илова бар ин, дар 52 кишвари ҷаҳон мутатсияи Р.1-ро кашф кардаанд.
Дар ҳоли ҳозир дар ҷаҳон шумори гирифторони коронавирус беш аз 138 миллиону 24 ҳазору 148 нафар аст. Бе шаз 2 миллиону 972 ҳазору 39 нафар қурбони вирус гаштаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ