Ревоҷ — ҳамчун гиёҳи кӯҳӣ машҳур аст


Хислатҳои шифобахши ревоҷ: инро бихӯранд, моддаҳои ғафсгаштаи баданро тит ва пароканда мегардонад, дарунро мебандад, фараҳ мебахшад; меъда, ҷигар ва дигар узвҳои гарммизоҷи даруни шикам ва синаро қавӣ мегардонад; иштиҳоро мекушояд, шиддати ҷӯшиши сафроро таскин медиҳад, қайи сафровӣ, ташнагӣ, беҳузур (беҷо) шудани дилро қатъ мекунад; фишори баланди хунро паст мегардонад ва хуни сафровиро соф менамояд, мастӣ ва хуморро барҳам медиҳад, дилтапак (дилбозӣ), васвос, бавосир, тоун (чума), вабо, нағзак (гулак), сурхича (қизомуқ), исҳоли гарми сафровӣ, зардпарвин, табҳои гарм ва сафровиро дафъ мекунад. Агар инро бардавом бихӯранд, баромадани пучак ва чиртакҳоро монеъ мешавад, яъне моддаи қандро дар таркиби хун кам мекунад.
Агар талқони ревочро бо решаи чоқула ҳамроҳ карда бихӯранд, бемориҳои даруни сина, монанди: сурфа, зиқ-ун-нафас, гирифтагии овоз ва ғайраҳоро дафъ мекунад. Агар инро бо шароби себ бихӯранд, барои нест кардани оруғ, сустии мушакҳо ва асаб, инчунин барои даридану нотавон гаштани онҳо, зарба хӯрдани ҳар як узв (аз ҷумла чалақидани майна) давои бебадал аст. Инро бо оби гарм бихӯранд, оруғҳои гуногун (аз ҷумла оруғи турш), таранг ва беҳаракат мондани узве, даридани пардаи шикам (ҷурра, дабба) ва дарди рӯдаҳоро дафъ мекунад.
Миқдори як бор хӯрдан аз решаи ревоҷ дар як рӯз аз 4,5 то 7 грамм аст. Ба ҷойи ин дар бемориҳои меъда ва ҷигар баробари якуним вазни он гули сурхро истеъмол кардан раво мебошад.
Таҳияи Лола РАҲИМОВА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ