Нақши кадрҳои педагогӣ дар таълиму тарбия чӣ хел аст?

Дар даромадгоҳи долони мактаби таълими умумии рақами 38-и ноҳияи Самарқанд кабинети директорро пурсидем. Муаллимае аз паси миз хеста, моро роҳнамоӣ кард. Фаҳмем, директори мактаб худи ӯ – Истода Ҳошимова будааст ва аз рӯйи одат дар кабинет нанишаста, доимо дар долону саҳни мактаб гаштугузор намуда, аз тартибу интизоми хонандагон бохабар мешудааст.
Аз хиҷолат сурх шуда, ба кабинети директор даромадем ва бо Истода Ҳошимова сӯҳбат оростем.
– Дар бораи ислоҳоти соҳаи маориф, эътибор ба таълиму тарбияи насли наврас, рағбатнок гардондани ходимони соҳаи педагогӣ, баланд бардоштани обрӯю нуфузи омӯзгорон фармону қарорҳои бисёри Президенти мамлакатамон имзо гардиданд. Дар ҳаёти мактаби шумо ҳам дар амал ҷоришавии онҳо ҳис карда мешаванд?
– Албатта, ҳозир нисбат ба солҳои пеш коғазбозӣ кам шудааст. Эътибор ба таълиму тарбия баланд. Муаллимон ҳоло ба дарсҳо танҳо бо журнали синф ва асбобҳои аёнӣ медароянд. Дар синфхонаҳои мактаби мо проектору телевизорҳо гузошта шудаанд. Ба воситаи онҳо муаллимон дарсҳоро ба таври мултимедия мегузаранд. Дар мактаб Wi-­Fi кор мекунад. Муаллимон аз шабакаҳои интернатӣ пурра истифода мебаранд.
– Ҳар чӣ ҳам бошад, кори омӯзгорон душвор. Ба дӯши онҳо масъулияти таълиму тарбияи насли оянда вогузошта шудааст…
– Ҳоло муаллимон асосан маҳорату ихтисоси худро такмил доданашон даркор. Зеро ба талаботи имрӯза ҳамаи муаллимон ҳам ҷавоб дода наметавонанд. Дар айни ҳол, агар росташро гӯям, танҳо бештар аз 60 фоизи муаллимон ба талабот ҷавоб медиҳанд. Чаро? Чунки кадрҳои наве, ки барои кор омаданд, таҷрибаи педагогӣ надоранд. Мо онҳоро ба омӯзгорони бомаҳорат ва ё таҷрибадор шогирд мемонем. Анъанаи «Устоду шогирд» дар мактаби мо то рафт ривоҷ меёбад. Масалан, худи ман ба як дарси муаллимаи нави ҷавон даромадам. Муаллима факултети филологияи русро тамом карда, ба кор омадааст. Вай ба талаботи оддитарин ҷавоб намедиҳад. Ӯ, ки кадри ҷавон аст, ман ба вай «аз кор рав» гуфта наметавонам. Зуд рӯҳаш мешиканад. Барои ҳамин, ба як муаллимаи таҷрибадор вобаста кардем. Ҳозир бо ҳамон муаллим кор мекунад. Таҷрибаи муаллимаи ҷавон пайваста зиёд мешавад. Худаш ҳам намехоҳад, ки шарманда шавад ва ё мо ӯро дар шӯрои педагогӣ муҳокима намоем.
– Муаллим касбашро дӯст дорад, ба бачаҳо меҳраш баланд бошад, оҳиста-­оҳиста ҳамааш нағз мешавад.
– Дуруст, вале мактаби моро ба тоифаи «сурх» дохил кардаанд, ки ман аз ин чандон розӣ нестам. Мо барои аз ин тоифаи баромадан кӯшиш дорем. Чунки барои ба мактабҳои олӣ дохил шудани хонандагони мо як ё ним балл нарасид. 5 нафар бо суперконтракт даромада бошанд, ки балҳояшон 168–170-ро ташкил карданд. Инҳо ҳам балҳои бад нестанд. Барои ҳамин ҳозир мо дар ин самт бисёртар кор бурда истодаем. Бо муаллимони Донишкадаи медитсинаи ветеринарӣ шартнома бастем. Ба хонандагони синфҳои ёздаҳум репетиторӣ мекунанд.
Мактаб пурра таъмиру азнавсозӣ ва ба соҳаи ахбороту технология ихтисосонида шуд. Дар мактаб ба 795 нафар хонандагон 44 нафар омӯзгорон дарс медиҳанд. Хониши бачаҳоро дар як баст ташкил кардем. Баъди дарс муаллимон бачаҳоро аз рӯйи самти минбаъдаи таҳсил тайёр карда истодаанд. Барои тести диагностикӣ ҳам дархост додем. Аз ин тестҳо бачаҳо сатҳи дониши худро фаҳмида мегиранд.
– Дар бисёр мактабҳо шавқу ҳаваси бачаҳо ба хондан суст аст. Дар мактаби шумо чӣ?
– Не, дар мактаби мо рағбаташон баланд. Албатта, дар байнашон як ё ду нафар бачаҳои сустхон ҳам ёфт мешаванд. Ин ба падару модарон ҳам вобаста аст. Масалан, дина аз қабулхонаи халқӣ телефон карданд. Як бача 5 рӯз боз ба мактаб намеомад. Муаллимаш ҳар рӯз ба хонаашон телефон карда, ба падару модараш ба мактаб наомадани бачаашонро гуфтааст. Падару модарашон ба тарбия карда натавонистани фарзандашон иқрор шуданд. Мо вайро ба синфи панҷуми дигар гузаронидем. Ба падару модараш ҳам фаҳмондем, ки ба хондан ва тартибу интизомаш эътибор диҳанд. Вай аз мактаб дида, дар хона бисёртар вақт мегузаронад. Боз ба ҷонишин фармудам, ки ба худашон ёрдамчӣ карда гиранд. Корҳои ҷамъиятиро ба зиммааш гузошта, ба хондан шавқманд созанд… Бо ҳамин хел роҳҳо мо шавқу завқи онҳоро баланд мебардорем. Дар ин бобат психологи мактаб ҳам нағз кор мебаранд.
– Дар миқёси мактаб дарсазхудкунии хонандагон чанд фоизро ташкил мекунад?
– Тахминан 67 фоизро. Ин бад не. Аз рӯйи балл гӯем, баҳои «5» неву наздик ба «4» аст. Мо имкон дорем, ки самаранокии таълиму тарбияро то ба 80 фоиз расонем. Дар мактаб барои хуб хондани бачаҳо тамоми шароитҳоро муҳайё сохтем.
– Чаро аксари падару модарон хониш ва таълиму тарбияи фарзандонашонро аз муаллимон талаб мекунанду худашон чандон эътибор намедиҳанд?
– Ин хел талаботи онҳо нодуруст аст. Масалан, дирӯз ман дар шӯъбаи таълими халқӣ будам. Як нафар телефон карду гуфт, ки шумо зуд ба мактаб биёед, бачаи маро як кас заду масъаларо ҳал кунед?
Ҳарчанд фаҳмонам, ки намефаҳмад. Рӯзи дагар вайро ҷеғ задем. Писараш ба болои як ҳамсинфаш савор шуда мезадааст, ки муаллим дида, ӯро танбеҳ додааст. Барои ҳамин ин қадар воҳима. Ба падараш фаҳмондам, ки бо ин ҷазо бача ҳеҷ чиз намешавад. Аз ҳоло пеши роҳашро гирифтан даркор. Пагоҳ-­фардо ягон ҷиноят содир кунад чӣ кор мекунед? Ё бачае, ки мезад, ягон кору ҳоле шавад, кӣ ҷавобгар мешавад? Фаҳмида узр пурсид… Ҳозир мо дар ҳамаи синфҳо видеокамераи овоздор монда истодаем. Минбаъд волидон биёянд, нишон медиҳем. Қарсак аз ду даст мебарояд.
Худи падару модарон ба тартибу интизом ва хониши фарзандонашон бепарво мебошанд. Албатта, баъзеҳояшон зуд-­зуд ба мактаб меоянд, аз хониши бачаҳояшон мепурсанд. Вале ҳушу ёди аксарият ба сохтани хонаҳои хушрӯ, харидани мошини зӯр, гузаронидани тӯйи бодабдаба аст.
– Ғамхорӣ дар ҳаққи муаллимон зиёд мешавад. Ҳатто роҳбари давлатамон борҳо гуфтанд, ки музди моҳонаи муаллимонро ба ҳазор доллар баробар мекунанд. Он вақт муаллимон бояд чӣ хел кор кунанд?
– Онро ҳалол кор карда гирифтан даркор. Ман ба муаллимон мегӯям, ки шумо аввал фан ва касби худро дӯст доред. Вазифаи худ­ро аз таҳти дил иҷро кунед. Як муаллими калонсол ҳам омаданд. Вале ба талабот ҷавоб дода натавонистанд. Ҳатто хонандаҳо ҳам аз дарсгузариҳояшон норозӣ шуданд. Маҷбур се моҳ нагузашта, ҷавоб додем. Ҳозир конспект навиштан даркор набошад, ки ман аз муаллимони ҷавон инро талаб мекунам. Китобро бинанд, чӣ хел дарс гузаштанашонро донанд. Мавзӯъҳоро ба ҳаёт татбиқ сохта, шавқовару хотирмон гузаранд. Хулоса, ба болои худашон кор кунанд. Бар замми мавзӯъро хуб донис­тан бачаро фаҳмида тавонанд, ба дилашон роҳ ёбанд.
– Ҳамчун роҳбар, шуморо асосан кадом муаммоҳо азоб медиҳанд?
– Аз кадрҳои ҷавоне, ки ба кор меоянд, ман ба чунин хулоса омадам, ки мактабҳои олӣ кадрҳои нағз тарбия намекунанд. Дар мамлакатҳои хориҷӣ то як фанро аз худ накунад, вай чанд соле нахонад, диплом намедиҳанд. Ҳамааш бо тест намешавад. Шояд дурусттар имтиҳон гирифтан даркор аст? Ё таҷрибаомӯзиашонро такмил додан лозим? Охир онҳо баъди ба кор омадан, то ёд гирифтани касби омӯзгорӣ вақт мегузарад, рӯҳи хондани бачаҳо мешиканад. Ҳозир кадрҳо бояд роли асосӣ бозанд…

Мусоҳиб Б.ҶУМЪАЕВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ