МАҲФУЗГОҲИ МАЪЛУМОТИ СЕАСРА

Таърих дар ҳуҷҷатҳои архив инъикоси худро меёбад. Омӯхтани санаҳои муҳим, сабақҳои таърихӣ, таҷрибаҳои гузашта, расму суратҳо аз манбаъҳои бойгонӣ на танҳо ҷиҳатҳои муҳими назарӣ, балки аҳамияти калони иҷтимоиву иқтисодӣ ва таърихӣ доранд. Дар архиви давлатии вилояти Самарқанд, ки имрӯзҳо садсолагии он ҷашн гирифта мешавад, ҳуҷҷатҳои сеасра нигаҳдорӣ мешаванд.
Архив 20-уми апрели соли 1921 ташкил ёфтааст.
5-уми ноябри соли 1919 бар асоси қарори Комитети марказии иҷроияи республика оиди дар Туркистон марказонидан ва ташкил кардани корҳои архивӣ садорати ягонаи архив таъсис ёфт. Инчунин, қарори «Дар бораи фондҳои архивии вилоят»-и Шӯрои республикавии комиссариати халқӣ қабул карда шуд. Мувофиқи онҳо дар маҳалҳо бунёди архивҳо оғоз ёфтанд. Ҳамин тавр, архиви давлатии вилоят моҳи апрел ба фаъолият шурӯъ намуд. Дар аввал он дар таркиби комиссариати маорифи вилоят буд. Баъдтар аз таркиби он ҷудо карда шуд. Дертар архив дар таркиби ҳар гуна вазорату ташкилотҳо фаъолияти худро пеш бурд.
Соли 1961 архивҳо аз тасарруфи Вазорати корҳои дохилӣ ҷудо карда шуда, ба тобеияти шӯрои депутатҳои меҳнаткашони комитети иҷроияи вилоят гузашт.
17-уми июли соли 1962 архивҳои байниноҳиявии Булунғур, Каттақӯрғон, Нарпай ва Самарқанд ташкил гардиданд. 25-уми марти соли 1965 дар назди Шӯрои кумитаи иҷроияи депутатҳои халқи вилоят шӯъбаи архив ташкил ёфт.
Солҳои охир фонди архиви давлатии вилоят бо ҳуҷҷатҳои фан, таълим, маданият, тандурустӣ ва дигар соҳаҳо, инчунин аксҳои ёдгориҳои таърихиву мадани бой гардонида шуданд.
– Корҳои илмиву тадқиқотии мамлакатҳои пешрафтаро ба инобат гирифта, воҳидҳои нигаҳдории ҳуҷҷатҳои архивиро зиёд мегардонем, – гуфт ҳангоми сӯҳбат директори Архиви давлатии вилояти Самарқанд Шавкат Мавлонов. – Баробари ҳамин, тамоми чорабиниҳои зуруриро мебинем, ки ин бойигариро бенуқсон ба наслҳои оянда расонем. Бо ин мақсад, рақамисозии ҳуҷҷатҳоро ба охир расонида истодаем. Ҳоло дар архиви мо бештар аз 30 нафар ходим кор мекунанд, ки аксарияти онҳо дорои маҳорат ва таҷрибаи бой мебошанд. Дар архиви мо 589672 воҳиди ягонаи ҳифзшавандаи ҳуҷҷатҳо маҳфузанд. Илова бар ин, 84000 воҳиди нигаҳдории газетаву журналҳо, 26200 воҳиди ягонаи ҳифзшавандаи фотосуратҳо, 183826 воҳиди ягонаи нигаҳдории китобу албомҳо мавҷуданд.

Б.РУСТАМЗОД.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ