БодиёнМегӯянд, ки ватани аслии ин гиёҳ Туркия аст.

Дар сарзамини мо ҳам чандин солҳо боз парвариш карда мешавад. Алафи хеле хушбӯй, пояаш рост сабзанда аст. Дар мо вайро ба нон ва дигар таомҳо андохтан одат шудааст. Дар дорусозӣ аз меваи гиёҳи мазкур дорувор тайёр мекунанд. Барои ин баъди тахминан 50-60 дарсади мевааш пухтаи даравида, банд-банд карда, мехушконанд. Баъд гиёҳро кӯфта меваашро ҷудо карда мегиранд.
Меваи пухтагиро ба осонӣ ду ҳисса кардан мумкин аст. Дар ҳамин вақт тухмаш ҷудо мешавад.
Барои бо роҳи саноатӣ дору ҷудо кардан ҳамин маҳсулот, яъне меваи бодиён аз нав коркард мешавад. Ин нишондиҳандаи хеле хуб буда, равғани эфир дар саноати дорусозӣ яке аз воситаҳои зарурӣ мебошад. Равғани эфир тавассути бухорӣ об ҷудо карда мешавад. Равғани тозаи эфир тахминан дар гармии 15 дараҷа шакли кристаллро мегирад.
Доруҳои аз гиёҳи бодиён тайёр кардашуда фаъолияти рӯдаю меъдаро беҳтар мекунад, кори узвҳои ҳозимаро ба тартиб медарорад. Шояд аз ҳамин сабаб падару бобоҳоямон дар хӯрок онро меандохтаанд. Барои

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ