АГМК ба қаҳрамони Тоҷикистон мағлуб шуд


Шаби гузашта дар варзишгоҳи “Шоҳ Фаҳд”-и шаҳри Ар Риёз яке аз бозиҳои ҳафтаи дувуми Лигаи қаҳрамонони Осиё баргузор шуд. Дар ин бозӣ дастаи “АГМК” бо “Истиқлол”-и Душанбе бозӣ кард ва бо натиҷаи 2 бар 3 шикаст хӯрд.
Дар таркиби “АГМК” Зафар Полвонов ду бор дарвозаи рақибонро ишғол кард. Манучеҳр Ҷалилов ва Муҳаммадҷон Раҳимов ду голи “Истиқлол”-ро ба самар расонданд. Як голро футболбози “АГМК” – Йован Жокич ба дарвозаи худ ворид кард.
Ҳоло “АГМК” дар гурӯҳи “А” бо як хол дар паллаи савум ҷойгир аст. “Истиқлол” ва “Ал Ҳилол” ҳар кадоме чортоӣ хол доранд ва пешқадамони гурӯҳ мебошанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ