19 апрел – рӯзи таваллуди нависандаи бомаҳорат, ҳаҷвнигор Маҳбуба Турсунова


АДИБАИ СОҲИБЗАВҚ ВА ХУШБАЁНИ БАЧАГОН


Адибаи хушсалиқа Маҳбуба Турсунова дар радифи устодони бузурги адабиёти бачагон дар рушду такомули ин навъи адабиёт саҳми намоён гузоштааст ва як қатор асарҳои ҷолиби хонданӣ барои насли наврас офаридааст. Китобҳои ба қарибӣ интишорёфтаи ӯ “Он касе дурбин бувад: Қисса, ҳикоя ва саҳнаҳо (Тошканд: Нашриёти “Ноширлик ёғдуси”, 2019) ва “Моиндар: Достон ва шеърҳои ҳаҷвӣ (Самарқанд:Тӯрон нашр, 2020) далели ин гуфтаҳост.
Ба гуфти худи адиба, зиндагиномаи ӯ ҳам барои калонсолон ва ҳам барои хурдтаракон лоиқи ибрату омӯзиш аст: “Ман, Маҳбуба Турсунова, фарзанди деҳаи Миронқули ноҳияи Самарқанд соли 1949 дар оилаи коргари завод Турсун ва зани хонашини ҳунарманди дарзӣ Раъно ба дунё омадаам. Аввал чорпо, пас бо ду пой роҳравиро омӯхта, забон баровардаам. Азбаски мактаб дар назди ҳавлиамон воқеъ буд, бо зориву зӯрӣ ба синфҳо даромадан гирифтаам, ки оқибат устодон аз ҷонашон безор шуда, маро ба мактаб қабул кардаанд. Дар синфчаҳои хурдакак хунук хӯрда-хунук хӯрда шинам ҳам, як чиз-ним чизро ёд гирифтаам. Махсусан, нақлҳои муаллимаи адабиётамон Тоҷинисо Қаноатова шавқи китобхониамонро бедор кардааст. Баъдтар аз китобхонаи тағоям садҳо адад китобҳоро гирифта мехондагӣ шудаам. Ҳамон солҳо ҳатто кӯшидаам, ки худам низ ба Марк Твен ё Достоевский тақлид карда, як варақ-ним варақро сиёҳ кунам. Тағои зираки калониам ҳаракатҳоямро пай бурда, баъди хатми синфи 11-уми мактаби рақами 28 аз дастам дошта, маро ба факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд овардаанд. Бе ҳеҷ гуна пораю ришва он ҷо ворид гардида, ҳушу ёдам ба лексиянависӣ не, ба китобхонӣ банд шудааст. Вақтҳои имтиҳонот ҳам китобҳои бадеиро аз даст напартофтаам. “Падар Горио”-и Оноре де Балзакро дар ду шаб хонда, фоида дидаам. Агар нақши падар Гориоро дар имтиҳони адабиёти хориҷа ҷавоб намедодам, аз баҳои аъло бенасиб мемондам. Дар факултаи адабиёт хонам ҳам, ба навиштаҳоям танҳо тағоям таваҷҷӯҳ мекарданд. Якто-нимто хабарчаю лавҳаҳо дар рӯзномаи ягонаи тоҷикии “Ҳақиқати Ӯзбекистон” чоп мешуду нимаш таҳрир, нимаш нест шуда мерафт”.
Аз ин гуфтаҳо дида мешавад, ки адиба соҳиби хислатҳои хосу ҳамидаи инсонӣ буда, эҷодкори ҷустуҷӯкор ва китобдӯст мебошад. Вай соли 1970 донишгоҳро хатм карда, дар мактаби зодгоҳаш ба кори тарбия оғоз намудааст. Кори омӯзгорӣ кори осон нест. Он моломоли машаққату заҳматҳост. Муаллимаи бетаҷрибае, ки дар ҳикояи “Зокир”-и вай дар ин хусус мулоҳизаҳояшро баён кардааст, худи ӯст. Нависанда аз забони ин қаҳрамони худ машаққатҳои кори омӯзгориро чунин ифода намудааст: “Ба ман синфи якумро доданд. Ғайр аз омӯзиши “Алифбо” фанҳои дигарро низ ба хурдтаракон ёд додан машаққат буд. Вақте ки дар ҷараёни дарс ба душвориҳо дучор меомадам, дилтанг мешудам, аз касби интихобкардаам ҳазор бор пушаймон гардида, борҳо аҳд мекардам, ки аз баҳри омӯзгорӣ барояму ягон кори дигар ёбам. Аммо он вақтҳо дар деҳот кори мувофиқ канӣ? Таъминоти оила маро аз поям сахт дошт. Ва ман кори худро давом додан гирифтам” (Маҳбуба Турсунова. Он касе дурбин бувад… // (Қисса, ҳикоя ва саҳнаҳо). – Тошканд: Нашриёти “Ноширлик ёғдуси”, 2019, с.150)
Аммо адибаи соҳибирода оҳиста-оҳиста бо бачаҳо одат кард. Аниқтараш, бачагон ӯро ба касбаш дилгарм намуданд. Дар ин ҷараён қаламашро ҳам, мисли устод Болта Ортиқзода, ки дар аввали фаъолияти эҷодӣ омӯзгорӣ намудааст, дар ин ҷодаи пуршараф сайқал дод. Китобҳои бузургон устоди маънавиаш шуданд. Ҳикоя ва ҳаҷвияҳояш дар маҷаллаҳои “Хорпуштак”, “Садои Шарқ”, рӯзномаҳои “Адабиёт ва санъат”, “Газетаи муаллимон” ва ғайраҳо рӯйи чопро диданд. Дар ин кор хайр дастгириву ҳидояти Нависандаи халқии Тоҷикистон Фазлиддин Муҳаммадиевро мададгораш шуд, бо эҷоди бадеӣ ҷиддитар шуғл варзид. Минбаъд ҳамчун нависанда ва шоираи ҳаҷвнигор шинохта шуд.

Маҳбуба Турсуноваро ба ҳайси адибаи моҳир ҳаҷвнависи бачагон хуб мешиносанд. Бахусус, як силсила ҳикоёти шавқовар, саҳначаҳои ҳаҷвӣ, қиссаҳои “Дили Хайрӣ”, “Сурати устод”-и ӯ, ки бо воситаи образҳои ҳаҷвии хандаовар, ташбеҳҳои обнорасида, тасвирҳои ҷолиб, муколамаҳои халқӣ эҷод шудаанд, ба дили хонандаи наврас роҳ ёфтаанд. Чунончи, дар китоби тозанашри ӯ “Он касе дурбин бувад…” ҳикояҳои “Зокир, “Он касе дурбин бувад…”, “Порадеҳии Ойбек”, “Узр”, “Исёни Раъно”, “Сабоқ”, “Гирифторӣ”, “Гуноҳи ногуфтанӣ”, “Шикасти ғурур” ва дигарҳо гирд омадаанд, ки ҳодисаҳои хандаовар ва ибратбахши кӯдакон бомаҳорат ифода ёфтаанд.
Бачагоне, ки дар ин ҳикояҳо тасвир шудаанд, кунҷкову мушоҳидакор, зираку нозуксанҷанд. Мехоҳанд ҳама чизро донанд, омӯзанд. Аз тасвирҳои шавқовари ҳикояҳо чунин бармеояд, ки адиба собиқаи ибратбахши омӯзгорӣ дорад, мураббии дақиқназару хушбин ва насиҳатгӯю пандомӯз, тарбиятгари дилсӯзи бачагон аст. Вай нобаророиҳои кори омӯзгорӣ, рафтору кирдори ношоями баъзе хонандагони худро дида, дар баъзе воқеаҳо худи тарбиятгаронро гуноҳкори ҳақиқӣ медонад, ки “шуури пасти онҳоро ислоҳ карда наметавонанд”. Ӯ дар бисёр мавридҳо андеша меронад, ки “мо, устодон баъзе нозукиҳои тарбияро аз шогирдон омӯзем, зарар намебинем” (“Гуноҳи ногуфтанӣ”).
Қаҳрамонҳои ҳикоёти вай аксар бачагони соддаю поктинатанд, мисли Раъно ном “духтараки ғароибфеъл, ки аксари бачаҳо “Раъноҷиннӣ” гӯён ҳангоми ҷанҷолхезониҳояш вайро ба худ меоварданд”. Воқеан ин духтарак дар хурдӣ соҳиби хислату рафтори хос буд: “…мактабхониро ба гардан намегирифт. Санъатҷон, писараки қобилакаки аълохон, ҳамеша аз дасти духтарак дошта, портфелашро бардошта, кашолакунон ба мактаб меовард. Духтарак тарсончак буд: аз ин рӯ ҳамроҳи Санъатҷон менишаст, ҳатто вақтҳои танаффус аз остинаш қапида мегашт. Вақти ҷавобшавӣ писарак баъзан бо ҷӯраҳояш каме футболбозӣ рафтанӣ шавад, духтарча доду фарёдкунон, дар замин нишаста почак мезад ва туфличаҳояшро кашида, сӯи ӯ ҳаво медод. “Биё равем, ман гушна мондам!” гӯён дӯғ зада, оби чашм мерехт. Ҳатто вақти кори “муҳим” бе Санъатҷон намерафт. Писарак наравад, қасдан эзорашро тар мекард. Вай ночор рафта, ба ӯ қаровулӣ мекард»( «Гуноҳи ногуфтанӣ»).
Феълу хӯйи Раъно оҳиста-оҳиста дигар шуда, вай ростгӯю поктинат мегардад. Рӯзе мудири мактаб аз атрофи ҳоҷатхонаро ифлос кардани бачаҳо сахт ба фиғон меояд, аммо гунаҳкор ёфт намешавад. Раъно баъди ба касалхона афтодани мудир ҳамроҳи муаллимааш ба аёдати вай рафта, гуноҳи ногуфтаниашро охиран ба гардан мегирад:
“Якбора ба чашмони духтарак об омад: ашки шашқатор. Вале дар чунин ҳолат низ қуввати суханрониашро гум намекард. Танҳо миёни калимаҳо ҳиқ-ҳиқ намуда, боз гапашро давом медод.
— Мана мебахшед, устод. Ҳамон гуноҳи ногуфтания ман кардам, устодҷон. Охир бесабаб набуд, устодҷон. Кӣ гуфтааст, ки дар ҷои гандаи ҳоҷатхона нон партоянд? А? Ҳамин кори нағз, устодҷон?” .

Ҳамин тавр, қаҳрамонҳои ҳикояҳои нависанда характер ва психологияи гуногун доранд. Чунончи, Зокир аз ҳикояи ҳамномаш “писараки хурдҷуссаи гандумранги тезҳаракат” аст, ки ба ҳама меҳрубон мебошад. Ӯро ранҷонанд ҳам, касеро намеранҷонад. Балки ба бачаҳое, ки дафтар ё қалами худро фаромӯш мекарданд, дарҳол дафтару қаламҳои эҳтиётиашро медиҳад. Вай “бо ҳаракату гуфторҳояш номаълумакак муҳити ноороми синфро ба маром медаровард”. Ойбек, ки мудом бо нӯги остин биниашро пок мекунад, “сергӯштакаки сафедпӯст буда, лабҳои дамидааш ҳамеша пур аз табассум. Ҳангоми навиштан дасти чапашро мушт карда, болои дафтар молиш медод, ки албатта, сабаби чиркиншавӣ ва паҳншавии ранги ручка мешуд“ (“Он касе дурбин бувад…). Духтараки лӯндачаи сурхрӯй ва сурхмӯй Сафия бошад, хонданро ҳеҷ ба гардан намегирад, барои вай мактабхона бозихона барин. Аз ин рӯ, ҳангоми дар парта нишастан шӯхиҳои ноҷӯя мекунад: қаламу дафтари бачаҳоро кашола карда, ба варақҳо хат мекашид ё рӯи китоби ҳамроҳашро бо кафчаҳояш мепӯшад, ки ҷойи хонда истодааш гум шавад. Ҳамаи ин, албатта, боиси шикояту ғулоғулаҳо мешуд. Вай ба насиҳату сарзанишҳо гӯш намеандозад: “Аз ин рӯ, бачаҳо аз мӯйҳояш мекашиданд, ӯро ҷим карданӣ шуда, ҳатто сахтакак аз лунҷҳояш мепучиданд. Бефоида. Вай ҳамеша ягон асбоби хонишро “фаромӯш” мекард, то ки бо ин баҳона як “шамол хӯрда омада” дигаронро қоил кунад. Хонаашон дар рӯ ба рӯи мактаб буд… Зуд анҷомашро ёфта меомад. Аммо чизе нанавишта, нон хӯрда мешишт” (“Узр”). Инчунин Раъно – духтараки шаҳлочашми рангпаридаи нозукандом, ки гарчанде аллакай дувоздаҳсола шуда бошад ҳам, феълу хӯи кӯдакиаш бетағйир мондаааст: “ Касе ҷаҳлашро биёрад ё талабашро ба зудӣ иҷро накунад, даррав ғаш мекард, аррос зада гӯши ҳамаро кар мекард. Баъзан омӯзгоре напурсида, баҳо гузорад, ҷаҳлаш меомад. “Баҳои ду” монед ҳам, аввал пурсиданатон даркор!” мегуфт”(“Исёни Раъно”).
Дар ҳикояҳои М.Турсунова лаҳзаҳои хандаовар, ҳазлу шӯхӣ ва зарофатҳои бачагон бо ҳаҷви сабуки сабақомӯз тасвир шудаанд. Чунончи дар ҳикояи «Зокир» тасвир карда мешавад, ки ӯ дар партаи пеш мешинад. Рӯзе дар дарси математика аз ҳама пеш мисолҳоро кор карда, баъд бесаброна даст бардоштан мегирад. Муаллима ӯро назди тахтаи синф мебарораду ӯ бӯрро гирифта тез-тез ҷавоби мисолҳоро навиштан мегирад ва ҷунбуҷӯлу ҳаракатҳояш ба назари муаллима хандаовар менамояд. Ҳатто гоҳ пои росту гоҳ пои чапашро ба фарш зада-зада, навиштанро давом доданаш, пиқ-пиқ ханда кардани бачагон ҳайраовар метобад. Сабаби наҷунбида навишта натавонистан, нигоҳи илтиҷоомези ӯро ҷӯраи шӯхтабиаташ Ойбек хандида бо чунин фарёдаш фаҳмонида медиҳад: “ –Муаллима! Зокир ба осиёб об сар дод!”. Муаллима сабаби ҷастухези шогирди хурдакаки худро фаҳмида, аз нодонии худ хиҷолат мекашад. Дар муколамаи минбаъдаи ӯву муаллима низ зарофату покдилии Зокир равшан ифода ёфтааст.
Мунаққиди адабиёти бачагон В.Г.Белинский навишта буд, ки: «нависандаи бачагонро сохтан лозим не, балки таваллуд намудан даркор аст. Ин на танҳо истеъдод, балки як навъ заковатеро талаб мекунад. Барои ташаккули нависандаи бачагон бисёр ва бисёр шарту шароит лозим аст: ин ҷо дили наҷибу навозишкор, ҳалиму ором ва соддаю нарми бачагона доштан, ақлу заковати расою мукаммал, назари некбинона ва возеҳу равшан ба предметҳо, инчунин, на танҳо тасаввури зинда, балки фантазияи шоиронаи ҷоннок доштан даркор аст, ки ба нишон додани ҳама чиз дар образҳои ҷонноки фораму рўҳбахш қодир бошад».
Ин гуфтаҳоро навиштаҷоти Маҳбуба Турсунова низ тасдиқ намуда, нишон медиҳанд, ки муаллифашон, бешубҳа, адибаи нозуктаъб ва дақиқназари бачагон аст. Бино ба мушоҳидаҳои адиба, “…зиндагӣ, махсусан, ҳаёти бачаҳо пур аз тасодуфҳост. Ва устод бояд дар миёни онҳо худро озод ҳис кунад ва бо тезкорию зиракӣ ҳар гуна муаммоҳоро бартараф карда тавонад. Ҳатто ба тифлакони хурдтарин бо назари эҳтиром ва дӯстона муносибат карданро вазифаи асосӣ ҳисоб кунад. Дар ҳар гуна ҳолат худро гум накардан, бомулоҳиза будан, асабонӣ нашудан шарт будааст. Дар акси ҳол аз касби интихобкардаатон дилхунук шуданатон мумкин” (“Зокир”).

Дар ҳикоёти Маҳбуба Турсунова мавқеаи андешаҳо ҳам назаррасанд. Ин андешаҳо пеш аз ҳама аз хусуси маънавиёти насли наврас, ояндаи дурахшони бачагон аст. Чунончи, муаллиф дар ҳикояи “Шикасти ғурур” аз ҳавобаландӣ, аниқтараш аз худписандии Анвар ном мактабхон андеша мекунад, ки “ҳамин тавр рафтан гирад, дар оянда аз ӯ чӣ касе ба воя мерасад?.. Рафту рӯзе соҳиби ягон мансаб ё корхона шавад, вой бар ҳоли зердастон. Дар оила чӣ? Мардеро ёд дорам, ки ман-манию ғурури беҷояш оқибат сарҷамъии хонадонашро ба парокандагӣ оварда буд”.
Нависанда дар рафти воқеа шӯхию ҳазлҳои ношоям, беэътиборӣ ва асаббозиҳои ин қаҳрамонашро пеши назар оварда, амиқтар чунин мулоҳиза меронад: “Ман ба ҳайрат меомадам: дар чунин синну соли ноболиғ чунин ҳаракатҳои манфӣ чӣ тавр дар ин вуҷуди норасида ҷамъ шудаанд? Гӯё кадом кулоли бадаъмоле аз гили хушсифат кӯзаяки махсуси заҳррезӣ сохта бошад. Пеши назар меовардам, ки рӯзе фаразан, аз ӯ духтур ё устое барояд, чӣ тавр бо дағалиҳояш мардумро дар ҳарос мегузорад. Корафтодагон он пешаҳоро бо нафрат ба забон намегиранд?” .
Ё ин ки аз рафтори Ёдгорчаи эрканамои дарундор, ки бағоят фаҳмиши суст дорад, ангушти ҳайрат газида меандешад: “писараки ҳаштсола чивақтӣ ҳавобаландӣ омӯхтааст ва сабаби нисбат ба ҷӯраҳо дағалию баланддимоғии вай чӣ бошад?”.
Ба мушоҳидаи мо, ин гуна мулоҳизаҳои ҷонсӯзона аз таъсири пурфайзи насри андешапарвари адиби шодравон Фазлиддин Муҳаммадиев аст, ки Маҳбуба Турсунова аз маслиҳатҳои орифонаи ӯ борҳо файзёб гаштааст.
Дар қиссаҳои “Дили Хайрӣ”, “Сурати устод” ҳам тасвирҳои дилкашу беғубори овони кӯдакиву наврасӣ, хотираҳои шавқовари айёми бачагӣ хеле самимиву хотирмон ба қалам гирифта шудаанд, ки дар ин хусус алоҳида сухан хоҳем гуфт.
Маҳбуба Турсунова ҳамчун шоираи ҳаҷвнигор низ маъруф аст. Дар китоби тозанашри вай “Моиндар” як достон ва чанде шеърҳои ҳаҷвии адиба гирд омадаанд, ки ба адабиёти бачагон мансубанд.
Достони “Моиндар” бо тасвири бозии хурдтаракон оғоз меёбад. Бачагон боридани барфи аввалинро шодикунон пешвоз мегиранд Ба онҳо ҳоло на яхмосу хурӯсаки қандин, на кулчаи асалин лозим. Онҳо ба як лаб нон, ки бӯйи модар дорад, қаноат карда бо завқу шавқ бозӣ мекарданд, ки фарёди сахти бибии Давронҷон ин шодиро халалдор менамояд ва ӯ бо даъвати модаркалонаш бе таъхиру баҳона давон ба хона меравад. Чун тарсону ларзон, афтон-хезон ба хона мерасад, бо манзараи мудҳиш рӯ ба рӯ мегардад:
Дар хона модарҷонам,
Азизу меҳрубонам.
Мехобид рӯйи ҷойгаҳ,
Ба мо накарда нигаҳ.
Рухи гулрангаш зард буд,
Дасту пойҳояш сард буд…
Ин рӯзи сахт ҳамаро карахт мекунад. Давронҷон бо оби чашм гаҳвораи хоҳарчааш Парвинаҷони навзодро, ки ба ғашу фарёд даромада буд, ҷунбонда бо як азоб ором мекунад. Аз қисмати талхи худ ва хоҳарчааш сахт менолад:
— Ин чӣ ҷабри азим аст?
Модар зери замин аст!
Чаро, эй модари ҷон,
Нуреки хонекамон,
Чизе нагуфта рафтӣ
Олама шуста рафтӣ!
Ҳамин шуду шабу рӯз гирдгардон мешавад, баҳору тобистон ва тирамоҳ гузашта, аз нав фасли зимистон мерасад. Боз мавсими бозӣ меояд, чанатозию хоккейбозӣ ва конкитозӣ сар мешаванд. Аммо Давронҷон аз онҳо маҳрум, вай дар хона бо нигоҳубини Парвина банд аст. Аммо дилаш кашоли бозиҳо ва моломоли ёди модар:
Куҷо шуд бозиҳоям?
Даврони бебаҳоям?
— Модаракам, куҷоӣ?
Кошкӣ як борак оӣ?
Воқеан, дар шеърҳои бачагона мавқеи бозӣ калон аст. Бозӣ яке аз машғулиятҳои муҳимми хурдтаракон мебошад. Он тамоми ҳаёту фаъолияти онҳоро фаро мегирад.

Маҳбуба Турсунова низ инро дар мадди назар дошта, дар достон ба ҳиссиёту ҳаяҷони бачагон эътибори ҷудогона додааст. Дар он бачагон ҳангоми бозӣ дар бораи одамон ва муносибати онҳо ба ҳастӣ, ҳодисаю воқеаҳо, рафтору кирдори калонсолон тасаввурот пайдо мекунанд, одобу ахлоқ меомӯзанд ва иродаи худро обутоб медиҳанд. Адиба ҳамаи инро тавассути эҳсосу ҳаяҷони Давронҷону Парвинаҷон бо забони соддаву ширин ва шўху ҳазломез оддию фаҳмо нақл менамояд.
Ба ҳамин маънӣ дар достон порчаҳои шеърие ҳастанд, ки дар онҳо хислату характери кӯдакон, рафтору кирдори беғашу беғубор ва хандаовари онҳо ин тавр самимона тасвир шудаанд:
Роҳдавак мешуд духтар,
Овозакаш чун писар.
Агар бехабар монам,
Мерасонид бар ҷонам.
Болои лой медавид,
Лаб-лаби ҷӯй медавид.
Бо ду пою бо ду даст
Метохт аз зина бошаст.
Рӯзе чанд бор меғелид
Аз болои сандалӣ.
Чашмонам хато карда,
Гӯгирд мезад, албатта!
Гӯши пишакро метофт,
Хонаи мушро мекофт.
Касе халал расонад,
Ихтиёраш намонад,
Шӯришро сар мекард ӯ,
Гӯшҳоро кар мекард ӯ.
Дар яке аз рӯзҳо ба хонаи онҳо ба ҷои модари нозанину моҳи осмон баринаш “модари нав” меояд. Даврон гумон мекунад, ки акнун ташвишҳояш каму табъаш шод мегардад. Аз ошпазӣ озод мешаваду бо дӯстонаш бисёртар футболбозӣ мекунад. Аммо ин тавр нашуд. Моиндар ва духтараш ба ӯву Парвинаҷон рӯз нишон намедиҳанд. Кӯдаконро ҷангу ҳақорат карда, аз дар берун мекунанд. Ба падарашон гапҳои дурӯғ гуфта, боиси ранҷонидани онҳо мегарданд.
Як рӯзаки баҳорон ба хонаи онҳо бобою бибиҷони Давронҷон ба меҳмонӣ меоянд. Моиндар акнун ба бачагон илтифотҳои сохта менамуд, ки ногоҳ ду фароштуруки думчаҳояшон борик болои тор нишаста, ба сурудхонӣ сар мекунанд. Онҳо аз тирезаҳо ба хона ворид шуда, бемалол ҳар сӯ парвоз мекарданд. Ниҳоят ин “думқайчиҳои зебо” дар тоқи айвон ошён месозанду ба шодона зиндагӣ кардан сар мекунанд. Аммо ҳамаи ин ба модари ӯгай ва духтараш хуш намеояд, онҳо фароштурукҳоро метарсонданд, аз хона ронданӣ шуда, сӯяшон тоқӣ мепарронданду кафшҳояшро меғурронданд. Онҳо танҳо баъди шунидани панди зерини бобо андаке хомӯш мегарданд:
— Чандин солҳо ин ду ҷуфт,
Ба мо ҳамхона ҳастанд,
Ҳаргиз бегона нестанд,
Аз Ватан рондан гуноҳ,
Беватан кардан гуноҳ.
Рӯзе шуморо ронанд,
Сангу кафшҳо ғурронанд,
Ба кадом дар меравед?
Ба куҷо сар мезанед?
Аммо аз ташрифи фароштурукҳо Парвинаи хурдакак басо шод буд. Ба онҳо шодона нигоҳ мекард.
– Ҳой, ҳой, парастуҳоям,
Қайчидуму зебоям.
Фароед пешаки мо!
Шумоед хешаки мо!
Ба лонача марҳамат,
Кошонача марҳамат.
Парастуҳо пар-парон
Боз омаданд ба айвон.
Ба лонача нишастанд,
Хеле сӯҳбат оростанд.
– Чириқ-чириқ, ғиҷҷу ғиҷ,
Парвонаҷон, нашав зиқ.

Рӯзҳо мегузаранду лоначаи фароштурукҳо бо чӯҷаҳои зебо пур мешавад ва ин боиси хушҳолии бачагон мегардад. Аммо ҳамон моиндару духтараш аз лонагузории парастуҳо норозӣ буданд. Онҳо охиран фурсат поида модари чӯҷаҳоро нобуд месозанд, зери по мепартоянд. Аз ин дили бачагон реш-реш мешаваду болаки модарфароштурукро чида даруни қуттӣ гузошта ба хок месупоранд.
Ҳамин тавр, тарзи баёни достон содаву самимона ва табиист, ки ҳатто дар зеҳни хонандаи хурдсол суолҳое чун “оё модар ҳам бадӣ мекунад?”, “фароштурукҳо барои чӣ ҳар сол ба манзили худ бармегарданд?”-ро ба вуҷуд намеорад. Хонанда метавонад ба моҳияти “ҳоли ту бар ман аён, қисматат бар ман монанд» гуфтаҳои падари Давронҷонро ба парасту ба таври табиӣ тасаввур мекунад. Дар асар тасвир ва баёни шоиронаи мавзўъ, ки ба ҷустуҷўҳои ҳунарӣ мутааллиқ аст, бо орои манзараҳои рангину дилангез падидор мешавад. Дар он тасвирҳои ширину шоиронае ҳастанд, ки насли хурдсолро ба дунёи рангини зебоишинохтӣ раҳнамун мекунанд.
Шоир дар тасвири аксар рӯйдодҳо ба ҳолати рӯҳии хурдтаракон ва андӯҳу дарди падари онҳо эътибори алоҳида медиҳад. Чунончи, ба лонаи чӯҷаҳо модари нав меояду он аз нав ба тӯйхона табдил меёбад. Яъне, падари фароштурукчаҳо тарона мегуфту “модар думакаш месуфт”. Онҳо бо навбат хушҳолона ба ҷӯҷаҳо озуқаҳо меоварданд.Чӯҷаҳо ҳам калон шуданд ва як рӯзаки офтобӣ онҳо ҳамроҳи як села парастуҳо дар авҷи фазо ба парвоз хеста, рақсу шодмонӣ карданд. Инро дида моиндару духтараш хатои худро мефаҳманд ва ба азоби виҷдон дучор мегарданд. Ба хусус гуфтаҳои зерини Парвинаҷон ба онҳо дарси зиндагӣ мегардад:
— Бубинед, эй нодонҳо,
Шафқат чӣ тавр бебаҳо.
Қаҳру ғазабро ронед,
Меҳрубониро донед!
Агар ин модар набуд,
Ҳоли ятимон чӣ буд?
Бо нӯлакаш назад ӯ,
Ҷанҷола сар накард ӯ.
Ягон бор чӯҷаҳоро
Пуштаки дар накард ӯ.
Модар рехт оби дида,
Ин гуфтаҳо шунида.
Ҳамин тавр, шоир дар асоси муқоисаи ду модарандар хулосаҳои тарбиявӣ бароварда, хурдтараконро ба меҳрубон ва ёрирасон будан даъват менамояд, ки дар соҳиби ахлоқи ҳамида гаштани онҳо аҳамияти калон доранд.
Дар манзумаҳои “Бобома ҳушёр карданд”, “Гурба рафт мардикорӣ”, “Мусича ва мурғ”-и шоир низ пораҳоеро мехонем, ки равону содаанд ва аз лиҳози бадеият зебову дилнишин гуфта шудаанд. Дар онҳо тасвиркориҳо ба табъу завқи хонандаи хурдсол мувофиқ сурат гирифтаанд. Чунончи, дар манзумаи “Гурба рафт мардикорӣ” тавсифи гурба аз забони кӯдакон ин зайл дилнишин қаламдод шудааст:
Гурбаи алоямон,
Хушрӯйи балоямон.
Якбора шуд нопадид,
Аз мо чӣ бадие дид?
Хоҳараконам кофтанд,
Ҷоякашро наёфтанд.
Вай узви хонадон буд,
Ҳамшинаки меҳмон буд.
Ҳушёраки чаққон буд,
Аҷалаки мушон буд.
Бо сад хаёлу гумон,
Гурбаро шудем пазмон.
Думакаш нармакак буд,
Худакаш гармакак буд.
Мӯйлабҳояш дароз буд,
Боақли хушовоз буд

Дар ин порча пасванди “ак” ба як қатор калимаҳо самимияту латофат бахшида, шеърро боз ҳам ширадору ҷилонок намудааст. Як хусусияти дигари ҷолиби ин манзума дар тарзи қофиябандии он зоҳир мегардад. Шакли қофиябандии маснавӣ (аабб) мусиқии шеърро таъмин намуда, барои зудтар дар хотири хурдсолон нақш бастани он кўмак мерасонад. Умуман, ба қофия диққати бештар додан ва истифодаи қофияҳои хушоҳангу нарм дар шеърҳои Маҳбуба Турсунова кам нест. Ин гуна қофияҳои дилнишину хотирзеб шавқи аз ёд кардани шеърро дар кўдакон меафзоянд.
Як хусусияти назарраси шеъри бачагонаи Маҳбуба Турсунова ифодаи оҳангноки овози парандагон мебошад, ки тариқи ҳарфу ҳиҷоҳо ифода ёфтаанд. Масалан, дар достони «Моиндар» омадааст:
Лек парасту баор буд,
Баори беозор буд.
Вай аз хони дигарон
Ҳаргиз намешуд меҳмон.
«Ғӯҷ-ғуҷу чӯ-чӯ» мекард,
Ризқаш ҷустуҷӯ мекард.
Ё мисоли дигар:
Мусича инро дида,
Бигуфто чида-чида:
— Ку-ку, ку-ку, бачаҳо,
Бубинед, ҳой чӯҷаҳо.:
(“Мусича ва мурғ”)
Маҳбуба Турсунова барои калонсолон ҳикояҳои ҳаҷвӣ, китобҳои «Савдои мушкил», «Аҷаб мардумоне», «Зиёрат» ва дигарҳоро ҳам навиштааст, ки аз маҳорати баланди сухангустариаш дарак медиҳанд. Дар ин навъ асарҳо низ адибаи ҷустуҷӯкору масъулиятшинос вазифаи худро пеши китобхон ҷиддӣ медонад. «Ман аз навиштаҳоям якбора қаноатманд намегардам. Дар болои онҳо гаштаву баргашта кор мекунам. Ҳатто баъзе ҳикояву қиссаҳоямро баъди 15 – 20 сол ҳам таҳрир карда, дигаргуниҳо дохил мекунам. Дар асл эҷодкор бояд ҳеҷ вақт аз навиштаҳои худ мамнун набуданаш лозим» — гуфтааст ӯ дар ин бора.
Ҳамин тавр, бо як нигоҳи мухтасар ба осори Маҳбуба Турсунова –адибаи моҳир ва нозукадои асарҳои ҳаҷвӣ, ин “гули худрӯйи боғи адабиёт” (таъбири Бахтиёри Ҷумъа) маълум мегардад, ки ў имрўз дар густариши адабиёти бачагонаи тоҷик фаъолияти назаррас дорад ва ҳамчун суханвари хушбаён мақоми худро миёни ҷомеаи адабӣ кайҳо муаррифӣ намудааст. Ин бонуи соҳибтабъ, имрўз 72-юмин баҳори умри пурбори худро истиқбол мегирад. Дар қатори мухлисони хурдакаку маъсуми ў, ки бо дили пок барояш орзуҳои беғашу беғуборро бо меҳру самимият илқо менамоянд, мо ҳам таманнои онро дорем, ки баъд аз ин ҳам асарҳои писанди хотири хонандагонро эҷод намояд.


Абдусалом САМАДОВ, устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ