Дар Тайлоқ дарахти беш аз садсоларо буриданд

Рӯзи 3 феврали соли ҷорӣ бо фармони Президенти кишварамон муддати мамнӯъияти (мораторий) буридани навъҳои қиматбаҳои дарахт ва буттаҳои берун аз Фонди ҷангалзори давлатӣ то 31 декабри соли ҷорӣ идома дода шуд. Яъне, то поёни соли ҷорӣ буридани 78 навъи дарахт, ки рӯйхати он тартиб дода шудааст, ғайриқонунӣ мебошад.
Чанде пеш нафароне аз деҳаи Испандии ноҳияи Тайлоқ ба рӯзнома муроҷиат карданд. Дар оғози моҳи апрел як сокини ин деҳа дарахти тути сафеди қадимиро, ки ҳанӯз сабз буду ҳамасола мева медод, ба сурати ғайриқонунӣ буридааст. Ҳарчанд, ҳамсояҳо бо исрор мегӯянд, ки дарахтро набурад, ӯ эътиное намекунад. Ҳамсояҳо барои ҳалли муаммо нозирони ҳифзи экология ва муҳити зисти ноҳияро ба ҷойи ҳодиса даъват карданд. Аммо то омадани кормандони нозирот дарахт ба замин сарнагун мешавад. Сокинони деҳа таъкид мекунанд, ки ин дарахт беш аз садсола буд. Кормандони нозироти ҳифзи экология ва муҳити зист низ аз сад зиёд будани соли дарахтро муайян кардаанд.
Ба гуфтаи сокинони Испандӣ, нозироти ҳифзи экология ва муҳити зисти ноҳияи Тайлоқ ҳанӯз ба қонуншикан чорае надидаанд. Шояд баъди чоп шудани мақола нозирот муносибати худро ба он изҳор кунад ва маълум шавад, ки қонуншикан ҷазо гирифт ё не?

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ