Истифодаи WhatsApp дар моҳи май барои бархе корбарон маҳдуд мегардад


Истифоди шабакаи иҷтимоии WhatsApp дар моҳи май барои баъзе аз корбарон маҳдуд хоҳад шуд. Дар ин бора “МИР 24” ба нақл аз намояндагони ширкати WhatsApp Inc хабар дод.
Корбароне, ки сиёсати нави корбурди маълумоти хусусиро қабул намекунанд, аз истифодаи баъзе имкониятҳои шабака маҳрум мешавад. Барои чунин корбарон танҳо имкониятҳои занг задан ва огоҳӣ аз хабарҳо дастрас мемонад. Онҳо дигар имкони хондану фиристодани паёмҳоро нахоҳанд дошт.
Тағйирот рӯзи 15 майи соли 2021 амалӣ мегардад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ