Ҷавонон ба ҷонишини Сарвазир муроҷиат карданд

Дар маркази ҷавонони Самарқанд ҷонишини Сарвазири Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Беҳзод Мӯсоев ва директори Агентии кор бо ҷавонони Ӯзбекистон Алишер Саъдуллоев бо як гурӯҳ ҷавонон вохӯрданд.
Дар вохӯрӣ донишҷӯёни муассисаҳои таълими олӣ, пешоҳангони мактабҳо ва ҷавонони ташаббускор 28-то пешниҳод баён карданд. Аз ҷумла, Олимҷон Муҳаммадов таклиф кард, ки барои аз нав чун «Маркази бизнеси ҷавонон» ташкил кардани бинои кӯҳнаи суд дар ноҳияи Иштихон 1 миллиард сӯм ҷудо карда шавад. Донишҷӯи Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд Фарангиз Худоёрова роҷеъ ба зиёд кардани стипендияи донишҷӯёни вазъи иҷтимоиашон душвор ва ятиммонда фикр баён кард.
Пешниҳоди Ҷалолхон Амирхонов дар бораи пурра ба шакли онлайн гузарондани таълими донишҷӯёни шӯъбаи ғоибонаи муассисаҳои таълими олӣ якҷо бо Вазорати таълими олӣ аз нав баррасӣ карда мешавад.
– Барои истироҳати мадании ҷавонони ноҳияамон ва гузарондани тадбирҳо, – гуфт Дурдона Исароваи Нурободӣ. – Хонаи маданияти Комбинати кон-­металлургияи Навоӣ мавҷуд аст, вале мо – ҷавонон аз он наметавонем истифода барем.
Ҷонишини Сарвазир ин масъаларо бо мутасаддиёни комбинат муҳокима карда, имконияти истифода аз биноро фароҳам меоранд. Ҳамаи муроҷиатҳои ҷавононро, ки дар вохӯрӣ гуфта шуд, мутасаддиён ба назорат гирифтанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ