Камолоти эҷодии нависанда

Юнуси Имомназар дар адабиёти форсизабони кишвар мавқеъи хос дорад. То имрӯз ӯ даҳҳо ҳикоя ва чандин қиссаҳои ҷолибу хонданӣ эҷод карда, чоп намудааст. Имрӯз дар байни хонандагон чун нависандаи тавоно ва шинохта маъруф гардидааст.
Қиссаи «Гурез аз худ» яке аз асарҳои хуби ӯст. Дар қисса саргузашт ва тақдири Ромиш ном ҷавони рӯшанфикр бо як услуби ҳақиқатнигорӣ рӯшан инъикос шудааст. Аз ин рӯ, ин асарро ба жанри қиссаи саргузаштӣ метавон шомил кард. Чеҳраи (образ) Ромиш дар адабиёти мо комилан нав ва оригиналист. Зеро Ромиш ба он қаҳрамонони мусбате, ки то имрӯз дар адабиёти тоҷик тасвир меёфт, шабоҳат надорад. Нависанда барои ифшои характери Ромиш аз мавқеъи сабки реалистӣ наздик шуда, дар баробари тасвири хислату рафтори нек, инчунин баъзе кирдору нуқсонҳои манфии характери қаҳрамонашро низ мавриди тасвир қарор додааст. Ромиш муаллими ҷавони таърих аст. Бинобар ин, ӯ ҳанӯз таҷрибаи ғании зиндагӣ надорад. Ба сабаби ҳамин бетаҷрибагӣ ва соддадилӣ ӯ ба доми ашхоси қароқчиёни маводи мухаддир меафтад. Мӯҳтоҷӣ ва бенавоии хонавода Ромишро маҷбур карданд, ки пешниҳоди ҷинояткоронаи онҳоро бипазирад. Нависанда дар ин ҷо ин рафтори Ромишро аз лиҳози рӯҳӣ ва моддӣ асоснок кардааст. Ромиш то зиндонӣ шуданаш дар асоси таълимоти донишгоҳ ҷаҳонбинии демократӣ ва пешқадами имрӯзаро дошт. Аммо ин ақоид ва тафаккури қаҳрамон чандон комил ва устувор нашуда будааст. Бинобар ин, Ромиш пас аз исканҷаю таҳдид ва рафторҳои иҷбории намояндагони дин соф диндор ва исломгарои ифротӣ гардид. Нависанда ин рӯйдоди дохили зиндонро воқеъбинона инъикос кардааст. Муаллиф яке аз падидаҳои муҳими раванди ҳаёти имрӯзаи моро хеле зиракона дарк кардааст ва бо ин тасвир рӯҳи замони кунуниро инъикос намудааст. Чеҳраи Ромиш дар қисми дуюми қисса рӯшан намоён мешавад. Ӯ бунёди аслии худро дар интиҳои қисса зоҳир кардааст. Ромиш аз ин ҳама иштибоҳу сарсониҳо нияти ба ватан ва назди модару зани худ баргаштанро кардааст. Бо фоҷиа, яъне бо марги Ромиш ба итмом расидани ҳаёти ӯ амри тасодуфист, инро наметавон бо мантиқи инкишофи характер марбут донист. Нависанда ба рӯзгори қаҳрамонҳояш бештар аз нуқтаи назари тас­вири воқеънигорӣ (реализм) бархӯрд кардааст. Назари нависанда ба ҳаёти имрӯза сатҳӣ нест. Ӯ рӯзгори инсонро бо тамоми нишебу фароз, талху ширинӣ ва печидагиҳояш тасвир кардааст. Аз ин рӯ, мо бо бисёр қаҳрамонҳои ӯ дар талоши зиндагӣ бо падидаҳои манфии он мебинем. Муаллиф зиндагии инсонро на якҷониба, балки бо ҳамин ҳолатҳои гоҳо хушҳолона, гоҳо бо бадбахтиҳою мусибатҳояш тасвир мекунад. Ҳаёти бисёр қаҳрамонҳои ӯ аз драматизму фоҷиаҳо моломол аст. Ба ин фикр қиссаҳои «Гурез аз худ», «Равзанаи умед», ҳикояҳои «Пушаймонӣ», «Бевазан», «Доғи рӯи санг», «Чашмаи Холмурод» ва ғайра далел шуда метавонанд. Аз ин рӯ, мо метавонем услуби эҷодии нависандаро ба сабки реализми соф мансуб бидонем. Юнуси Имомназар, асосан нависандаи воқеъанигор аст. Яъне ӯ бештар масоили асосии асар ва характери қаҳрамонҳояшро ба василаи тасвири рӯйдодҳо ба зуҳур меорад. Аммо ин маънои онро надорад, ки нависанда ба инъикоси эҳсосот ва рӯҳи қаҳрамонҳояш эътибор намедиҳад. Адиб гоҳ-­гоҳ бо тақозои маводи реалии асар ба тасвири ҳиссиёту равони қаҳрамонҳояш мепардозад.
Таҳлилҳои равонӣ (психологӣ), бавижа, дар таҳлили ҳолатҳои рӯҳии Ромиш хеле бамаврид корбаст шудааст. Нависанда нисбат ба дигар асарҳояш дар ин қисса ба тасвирҳои равонии Ромиш бештар таваҷҷӯҳ мекунад. Як сабаби ҳамчун фарди зинда, ҳаётӣ ва табиӣ инъикос шудани Ромиш ба ҳамин таҳлилҳои равонии муаллиф пайвандӣ дорад.
Қиссаи таърихии «Равзанаи умед» рӯйдодҳои садаи 18 ё 19 таърихи Хуросонзаминро дарбар мегирад. Мо ин ҷо замони рӯйдодҳоро мушаххас нанамудем. Зеро аз асар ба кадом аср тааллуқ доштани ҳаводиси таърихӣ дақиқ маълум нест. Дар қисса дар ду-­се ҷои он ибораи аморати Бухоро қайд шудааст. Ноҳияи Нурато, ки дар асар мавриди тасвир қарор гирифтааст ва он дар қисмати шимоли диёри Хуросон мавқеъ дошт, аз ин рӯ рӯйдодҳои асарро мутааллиқ ба қарнҳои 18 ё 19 донистем. Воқеаҳои қисса дар деҳаи Эҷи ноҳияи Нурато ба вуқӯъ мепайвандад. Деҳаи Эҷ рустои калони қадимист. Аҳолиаш дар замони пешин бо чорводорӣ, боғдорӣ ва касбу ҳунарҳои гуногун машғул буданд. Қаҳрамонҳои асосии қисса Сӯҳроб ва устоди ӯ Содиқамак, кулолгар Мурод ва устодаш Хӯҷамурод маҳсуб мешаванд. Қисса бо ҳамлаи дастаи ғоратгарони «ёв» ба деҳа оғоз мешавад. Аз асар ҳувайдост, ки ин тороҷгарону дуздон бо мақсади талаву ғорати амволи мардум ба Нурато пеш аз ин низ дар як сол ду-­се бор ҳуҷумҳои ваҳшиёнаи худро идома медодаанд. Ин дастаҳои ғоратгар кистанд? Ба кадом қавм тааллуқ доранд? Нависанда дар ин бора мушаххас маълумот намедиҳад. Лекин аз саҳифаҳои таърихи миллат ба мо рӯшан аст, ки дар садаҳои 17 ва 18 аз ҷониби марзҳои шимолии кишвари Хуросон дастаҳои ғоратгари қавмҳои қазоқ ва қипчоқ ба навоҳии марзии кишвар борҳо тохтутозҳои ғоратгарона анҷом медодаанд.
Дар қисса тасвир шудааст, ки чӣ тур нерӯҳои ватанпарасти деҳаи Эҷ бо сарварии ҷавонони нерӯманди он Сӯҳроб ва Мурод ва бо ибтикори деҳхудои русто Содиқамак ва дӯсти ӯ оҳангар Хӯҷамурод дар ниҳоят бо як рӯҳу иродаи қавӣ тасмим мегиранд ба душманон муқовимати шадид нишон диҳанд. Дар русто аввалин бор ба ғоратгарони «ёв» бо сарварии ҷавонони далер ва паҳлавон Сӯҳробу Мурод шабехуни сахт зада шуд. Вақте ки душманон бо қувваи бештар дафъаи дуюм ба русто ҳуҷум карданд, ин бор аз ҷониби ҳофизони ғаюри меҳанпараст ба муқовимати шадид мувоҷеҳ гардида, комилан шикаст хӯрданд. Дар рафти рӯйдодҳои ҷангӣ ва ҳаётӣ чеҳраҳои асосии он Сӯҳроб, Мурод, Содиқамак, Хӯҷамурод ва қаҳрамонҳои дуюмдараҷа қозӣ Ҳакимбобо, Ҳасанбой бо хислатҳои ватандӯстӣ ва маънавиёти олӣ ба зуҳур меоянд.
Дар ин ҷо дифоъ аз ватан ва пайкор бо душманони он василае гардидааст, ки ҳамбаста ба вай хислатҳои олии меҳанпарастӣ, раҳмдилӣ, одамият ва дигар сифатҳои ахлоқии паҳлавонон Сӯҳробу Мурод ва устодони онҳо Содиқамаку Хӯҷамурод нишон дода шудааст. Нависанда ҳамин фазилатҳои қаҳрамонони асосии хешро моҳирона ва эътимодбахш тасвир кардааст.
Боз як хусусияти ҷолибро метавон гуфт навоварии нависанда дар ин қиссаи таърихӣ дар он аст, ки адиб ба инъикоси ҳаводису афрод аз дидгоҳи ҷомеъаи демократии имрӯза назар дӯхтааст. Яъне, нависанда ба фикри «муборизаи табақотӣ», ки пештар аз ҷониби идеологияи коммунистӣ ба тариқи ифротгароёна таблиғ карда мешуд, зид баромада, аз он даст кашидааст. Дар қисса намояндагони ба қавли марксистон «табақаи ҳоким» Ҳасанбой ва қозӣ Ҳакимбобо низ аҳли халқанд. Онҳо низ мисли дигарон аз дасти душманон зиёнҳои моддӣ ва маънавӣ дидаанд. Онҳо аз халқ худро ҷудо намекунанд, балки баръакс бо дигарон дар пайванди ногусастанӣ ҳастанд. Дар дифоъ аз ватан ва мубориза бо душманон бо халқ дар ҳамбастагӣ ва ваҳдат қарор доранд. Ҳасанбой қаблан ба бисёр афроди деҳа кӯмаки моддӣ ва маънавӣ расонда буд. Умуман, дар гузашта бисёр сарватмандон ба мардум хайру саховати фаровон мекарданд. Мардум ҳам инро хуб медонистанд, бинобар ин зиёни аз тарафи душманон ба ӯ воридшударо бо кӯмаки онҳо рафъ мекунанд. Хонаи сӯхтаи Ҳасанбойро бо ҳашар аз нав бино мекунанд.
Юнуси Имомназар дар офаридани ҳикояҳо низ қалами тез ва нишонрас дорад. Метавон гуфт, ки нависанда дар ин жанри хурди наср ба дараҷаи устодӣ расидааст. Бештари ҳикояҳои ӯ аз лиҳози мазмун ва шакл дар радифи беҳтарин ҳикояҳои адабиёти мо қарор доранд. Аксари ҳикояҳои Юнуси Имомназар ба ҳаёти муосири мо бахшида шудаанд. Ҳикояҳо мавзӯю масоили мухталифи зиндагии имрӯзро фаро гирифтаанд. Дар онҳо набз ва рӯҳи замони муосир эҳсос мешаванд. Аз ин рӯ, марому мӯҳтавои ин ҳикояҳо ба хонандаи имрӯза шинос ва наздик аст, онро ба осонӣ дарк менамояд. Эҳсос мешавад, ки назари нависанда ба воқеияту зиндагӣ хеле ботааммуқ аст.
Нависанда кӯшиш кардааст, ки рӯзгори кунуниро бо кулли печидагиҳо, мухолифатҳою драмаҳояш нишон диҳад. Адиб баъзан зиндагии қаҳрамононашро бо фоҷиа ба итмом мерасонад. Ин хусусият аз нигоҳи нави адиб ба воқеияти имрӯз дахолат медиҳад ва бинобар ин, мухолифи ҳақиқати ҳаёт нест. Нависанда образҳои типӣ эҷод кардааст ва онҳоро дар вазъиятҳои типӣ қарор медиҳад.
Чунинанд ҳикояҳои «Доғи рӯи санг», «Чашмаи Холмурод», «Бевазан», ҳикояҳои «Садои қалб», «Шавҳар намегурезад», «Пушаймонӣ», «Хоктӯда», «Ҷазои худсарӣ», «Ҷавонию бесарӣ» ба мавзӯю масоили хонавода ва ишқ бахшида шуда бошанд ҳам, нависанда онро бо воқеияти иҷтимоии ҷомеа пайвастааст. Масъалаи деринаи муносибати бади модаршавҳару арӯс дар ҳикояҳои «Ҷазои худсарӣ» ва «Бевазан» хеле ҷолиб аст. Зеро нависанда ба ин мавзӯи куҳан даст зада, сухани тоза гуфтааст. Нависанда бо тақозои ҳақиқати зиндагӣ рӯзгор ва тақдири баъзе қаҳрамонҳояшро бо драмаву фоҷиаҳояш нишон дода бошад ҳам, бо вуҷуди ин дар кулл оҳангҳои яъсу ноумедӣ аз зиндагӣ хоси рӯҳи эҷодии адиб нест. Дар ҳикояҳои «Ҷавонию бесарӣ», «Бевазан», «Ҷазои худсарӣ», «Писарак» масоили иҷтимоии зиндагии ҷомеа хеле амиқтар мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Бисёр ҳикояҳои Юнуси Имомназарро бозёфту натиҷаи ҷустуҷӯҳои эҷодии муаллиф метавон қаламдод кард.
Роҷеъ ба забони навиштаҷоти Юнуси Имомназар ҳаминро бояд гуфт, ки дар онҳо нуқсонҳои забонӣ нисбат ба дигар ҳамқаламони нависанда хеле кам ба назар мерасанд. Аён аст, ки нависанда забони адабиро хуб аз худ намудааст. Бисёр аҳли қалами мо аз забони муосири форсӣ бехабаранд ва бинобар ин дар шарҳи онҳо хатоҳои забонӣ бисёр дучор мешаванд. Аҳли қалами мо асосан адабиёти русӣ ва ӯзбекиро мехонанд. Дар осори Юнуси Имомназар дар риштаи забон комёбиҳо бештар бошанд ҳам, бо вуҷуди он баъзе нуқсонҳои забонӣ ба чашм мерасанд. Нависанда бояд ба ҷойи вожаҳои туркии чуқур, из, майна (мия), элак, чен кардан, қудуқ, ким-­кадом бурчак, бола, қаровул муродифҳои форсии тоҷикии онҳо амиқ (жарф), пай, мағз, ғалбер, андоза кардан, чоҳ, кадоме, кунҷак, бача, посбонро истифода мекард. Зеро меъёри забони адабӣ ҳаминро тақозо мекунад. Мо калимаи «аниқ»-ро ба маънои «дақиқ» истифода мебарем. Ин вожаи аслан арабӣ ба маънии зебо ва хушрӯй меояд. Дар забони мардум шояд шакли дурусти калима «дақиқ» ба «аниқ» табдил ёфтааст. Қаламкашони мо ҳанӯз аз солҳои сиюм инҷониб ҳамин шакли ғалати вожаи «аниқ»-ро ба забони адабӣ бидуни озмоиш аз забони гуфтугӯӣ ворид кардаанд. Дар адабиёти классикӣ ин калима вуҷуд надорад. Ҳамзабонҳо ин вожаро шояд аз ягон шеваи забони гуфтугӯии мардум гирифта ба забони адабӣ дохил карда бошанд. Онҳо, масалан, мегӯянд «ҷилӯгирӣ», яъни «пешгирӣ». Аммо калимаи «ҷилӯ» ё «ҷилӯгирӣ» қобилияти ба забони фарҳангӣ ворид шуданро надорад. Шакли саҳеҳи калима «пеш», «назд» аст ва аз ин сабаб онро «пешгирӣ» бояд навишт на «ҷилавгирӣ». Калимаи мураккаби «калондимоғ» зоҳиран тоҷикӣ намояд ҳам, аммо моли забони адабӣ нест. Муродифҳои форсии он мағрур ва худписанд мебошанд. Вожаи «мос» низ соф калимаи лаҳҷавист. Муродифи адабии он «муносиб» аст.

Саиди САЪДӢ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ