Ёдбуди фарзанди фарзонаи Оҳалик


Касоне, ки дар роҳи хидмат ба халқи худ ҷонсупорӣ мекунанд, ҳаргиз намемиранд. Мардум номи накӯи онҳоро ҳамеша дар ёди худ ҳифз мекунанд. Яке аз ин зумра мардон Раҳмонқул Облоқулов мебошад. Раҳмонқул Облоқуов ҳамагӣ 32 сол умр дид. Ӯ ба шеъру адабиёт хеле таваҷҷӯҳ дошт, чандин ҳикояҳояш дар маҷаллаву рӯзномаҳо чоп шуда буд. Шояд умр вафо мекард, дар арсаи адабиёт соҳиби ҷойгоҳи воло мешуд. Аммо, соли 1980 дар пайи як амалиёти ҷангӣ дар вилояти Қандаҳори Афғонистон ӯ бо чанд нафар сарбози байналмилалчӣ кушта шуд. Бо вуҷуди умри кӯтоҳ, номи ӯ дар сафҳаи таърих сабт шуд ва аз ёдҳо нахоҳад рафт.
Аз соли 1980-ум ба ин сӯ ҳамасола мактаби таълими умумии рақами 18-и Оҳалик ба поси хотири Раҳмонқул Облоқулов мунтазам маҳфили адабӣ баргузор мешавад, ки дар он аз фарзанди фарзонаи деҳа ёдоварӣ мекунанд, дар васфи қаҳрамониҳои ӯ, ҳамчунин мавзӯъҳои ишқ ба ватан ва дӯстии миллатҳо шеъру суруд мехонанд.
Имсол низ ин анъанаи нек идома ёфт. Бо ташаббуси мудири мактаб Шоҳмамедов Ашӯрбой ва пайвандони Раҳмонқул Облоқулов, аз ҷумла наберагон Фараҳноз Облоқулова ва Фарсимо Фаридунзода дар толори мактаб маҳфили зебо сурат гирифт. Дар маҳфил сармуҳаррири рӯзномаи “Овози Самарқанд” Баҳодур Раҳмонов, муҳаррири рӯзномаи “Гулобод тонги” Нормурод Каримзода, раиси маркази миллӣ-мадании тоҷикони вилоят Акбар Маҳмудов, нависанда ва мухбири ҷамоатӣ Зоҳир Ҳасанзода ва ғайра ҳамчун меҳмон иштирок карданд.
Баъди сарсухани мудири мактаб навбат ба донишомӯзон омад. Яке аз онҳо шеър мехонд, дигаре суруд. Ҳамчунин, онҳо лаҳзаҳое аз зиндагии Раҳмонқул Облоқулов ва аҳли оилаи ӯро мисли филми кӯтоҳе ба ҳозирон намоиш доданд. Махсусан, нақши Раҳмонқул Облоқулов, ки донишомӯзи синфи ёздаҳум Зарёбҷон Раҳмонов онро иҷро кард, боиси эътирофу кафкӯбиҳои тамошобинон шуд.
Дар давоми маҳфил чандин нафар аз ошноёни шодравон хотираҳои вобаста ба ӯро ба ҳозирон ҳикоя карданд. Нависандаи танзпардоз Бахтиёр Ҷумъа солҳои ҳамкорӣ бо қаҳрамони моро нақл карданд. Ин ду нафар дар нимаи аввали солҳои 80-ум дар Кумитаи радио ва телевизиони Душанбе ҳамкорӣ кардаанд. Дар он даврон Раҳмонқул Облоқулов дар бахши мусиқии радио кор мекарданд ва зуд-зуд ба дидору мулоқоти ҳамшаҳри самарқандии худ мешитофтанд.
Ба гуфтаи Шоҳмамедов, ҳар сол ба ба поси хотири Раҳмонқул Облоқулов дар миёни донишомӯзони мактаб марафон баргузор мешавад. Иштироккунандагон дар марафон фосилаи 3-километриро тай мекунанд, ки он аз назди мактаб оғоз мешавад ва дар пеши собиқ лагери коргарони сохтмон ба анҷом мерасад. Имсол донишомӯзони синфи 11 “Б” ғолиби марафон шуданд. Ғолибон ва соҳибони ҷойҳои дувуму савум бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои қиматбаҳо сарафроз дарёфт карданд.


Умед Фарҳодзода

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ