Расонаҳои хабарӣ: Сӯиқасд ба сафири Чин дар Покистон бо нокомӣ анҷом ёфт


Дар таваққуфгоҳи меҳмонхонаи шаҳри Кветта, ки маркази вилояти Балуҷистони Покистон аст, таркиш рух дод. Дар ин бора “Дарё” ба нақл аз Reuters хабар дод.
Бино ба хабарҳо, дар ин ҳодиса 4 нафар кушта ва 12 нафари дигар захмӣ шудаанд.
Гуфта мешавад, ки ҳадаф аз ин амали террористӣ куштани сафири Чин дар Покистон – Нонг Ронг буд.
Ҳодиса чанд лаҳза пеш аз ташрифи сафир ба меҳмонхона рух додааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ