Лаблабу ва барги он чӣ фоида дорад?


Лаблабу ду навъ аст:
а) лаблабуи сурх ширин; б) лаблабуи сафеди зардтоб, ки ширинии он камтар назар ба навъи сурхи он мебошад. Барои даво беҳтаринаш навъи сафеди он аст.

Хусусияти шифобахши он: ин поккунандаи узвҳо, таҳлилдиҳандаи моддаҳои ғафси бадан, кушояндаи гиреҳҳо, парокандакунандаи балғам, сард ва мӯътадилунандаи ҳарорат аст. Агар худашро бихӯранд, дарунро мебандад, ғизояташ кам, боднок аст. Беҳтарин қисми он оби баргаш мебошад, бандҳои барги он беҳтар аз қисми заминиаш мебошад.
Агар лаблабуро бо сирко ва хардал (горчица) бихӯранд, гиреҳи сипурзро мекушояд ва варами ин узвро таҳлил медиҳад; барои дарди гурда, хичак ва бемориҳои мақъад дору мешавад.
Оби баргашро бо талхшувоқ биёшоманд, балғамро аз бадан хориҷ мекунад, инчунин дардҳои буғумро ва ниқрис (подагра)-ро ба меъёр меоварад.
Баргашро дар об ҷӯшонида, дар он об вақти нимгарм шудан батакрор дасту поҳоро андозанд, аз сармо кафидани узвҳоро шифо мебахшад. Баргашро пухта, баъди хунук шуданаш бимоланд, сӯхтагии оташ ва аз оби ҷӯш сӯхта ва инчунин сурхбодро шифо мебахшад.
Барги хоми онро кӯфта банданд, доғи сафеди пӯстро дафъ мекунад, ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад, инчунин дарди буғумҳоро таскин медиҳад.
Ҳар як қисми лаблабуро бо хардал ва обкома (оши турш) бихӯранд, кулинҷро таҳлил медиҳад ва бодҳои ғализро пас менишонад. Вале хӯрдани лаблабу ба меъда зарар дорад ва агар бисёр бихӯранд, дилро беҳузур мекунад, дарди рӯдаҳоро ба амал меоварад.
Таҳияи Лола РАҲИМОВА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ