Ҳарбиён дар хонадони собиқадори ҷанг

Дар доираи тадбирҳои ватандӯстона, ки дар миқёси мамлакатамон баргузор мегарданд, қумондонии Маркази омодасозии мутахассисони хурди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ба хонадони собиқадори Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ташриф фармуда, аз ҳолашон хабар гирифтанд.
Истиқоматкунандаи маҳаллаи «Боғи Темур»-и шаҳри Самарқанд Михаил Колмогоров рӯзҳои пуршиддати ҷангро аз сар гузаронидааст. Дар сӯҳбати шавқовар бо Михаил Василевич, ки соли 1925 дар шаҳри Новосибирски Россия таваллуд ёфтааст, хотираҳои солҳои ҷанг, ҳамсафон ёдоварӣ гардиданд. Собиқадор дар бораи азобу уқубатҳои дар фронт аз сар гузаронидааш нақл карда, таъкид намуд, ки ба ҳарбиёни имрӯза бо ҳавас менигарад.
– Номи ҷангро шунавам, пӯсти баданам ба ларза меояд, – гуфт М. Колмогоров. – Ба ёд овардани ҳаёти фронтӣ худ азоб аст. Он рӯзҳо дигар такрор наёбанд, гӯён шабу рӯз дар илтиҷо ҳастам. Ҳаёти осудаву фаровонамон бардавом бошад. Ҳимоятгари чунин Ватан будан шараф аст. Ба шумо ҳавасам меояд. Аммо масъулияти дар зиммаатон бударо як лаҳза ҳам фаромӯш накунед. Вазифаатонро аз сидқи дил иҷро намуда, соҳибони арзандаи касби пуршараф шуда гардед. Ба мо ҳам, аз ҷониби давлат эътибору ғамхории муносиб нишон дода истодаанд. Аз имтиёзҳое, ки бо роҳбарии Президентамон дода мешаванд, мамнун ҳастем. Ҳамеша дар эъзоз ва эътибор мебошем. Диёрамон осоишта, осмонамон мусаффо бошад!
Бо мақсади кайфияти идона бахшидан ба собиқадори ҷанг, аз ҷониби ҷамоаи оркестри гарнизони Самарқанд суруду таронаҳо, баромадҳои бачагон намоиш дода шуд. Аз ҷониби як гурӯҳ ҳарбиён корҳои полезии замини наздиҳавлигии хонадони мазкур, шудгор атрофи ҳавлӣ ва дигар корҳои ободонӣ ба амал оварда шуданд.
Инчунин, собиқадори ҷанг ва аъзои оилаи ӯ аз санҷиши тиббӣ гузаронида, тавсияҳои зарурӣ, доруву дармон, маҳсулоти асосии гуногуни хӯрок­ворӣ дода шуданд.

Хайрулло ӮЛМАСОВ,
пресс-­атташеи марказ, сарбоз.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ