Самарқанд ба маркази MICE‑tourism табдил меёбад

Ҳангоми ташриф ба вилояти Самарқанд Президент бо фаъолони вилоят вохӯрда ба ҷонишинҳои сарвазир ва вазирҳо, роҳбарони секторҳо доир ба корҳое, ки соли ҷорӣ дар вилоят амалӣ мегарданд, супоришҳо дод.
Дар асоси ин онҳо рӯзи 21-уми апрел дар Донишгоҳи байналхалқии туризми «Роҳи абрешим» таҳти ҳамкории Вазорати туризм ва варзиши Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, Вазорати маданият, Агентии мероси фарҳангӣ, Агентии кинематография ва ҳокимияти вилояти Самарқанд пресс-­ҳисобот гузаронида шуд.
Мақсад аз гузаронидани нишаст муқаррар кардани вазифаҳои устувор бобати ривоҷ додани соҳаҳои сайёҳӣ, варзиш ва фарҳанги вилоят, инчунин, дар амал татбиқ намудани чорабиниҳои муҳим дар ин самт буд.
Дар чорабинӣ ҷонишини сарвазир, вазири туризм ва варзиш А. Абдуҳакимов, вазири маданият О. Назарбеков, ҷонишинҳои вазири туризм ва варзиш У. Азимов ва А. Каримов, сардиректори Агентии кинематография Ф. Абдухолиқов, ҷонишини ҳокими вилоят Б. Нуруллоев ва дигарон иштирок карданд ва дар бораи корҳое, ки дар вилоят дар соҳаҳои туризм спорт ва маданият иҷро мешаванд, маълумот доданд.
– Дар асоси супоришоти сарвари давлатамон ва натиҷаҳои корҳои омӯзишӣ дар соҳаҳои туризм, спорт ва маданият, доир ба босуръат ривоҷ додани ин соҳаҳо иҷрои вазифаҳои амиқро пеши худ мақсад кардем, – гуфт ҷонишини сарвазир А. Абдуҳакимов. – Пас аз иҷрои ин вазифаҳои муҳим дар вилояти Самарқанд, ки яке марказҳои асосии сайёҳии кишвар ба шумор меравад, соҳаи туризм пеш хоҳад рафт. Дар вилоят «Моҳонаи туризми дохилӣ», «Ҳафтаи туризми дохилӣ» ва «Рӯзҳои турзими дохилӣ» ташкил гардида, тадбирҳои тарғиботӣ гузаронида мешаванд. Албатта, ин чорабиниҳо барои афзудани адади сайёҳони хориҷиву маҳаллӣ хизмат мекунад.
Дар идомаи тадбир вазири маданияти Ӯзбекистон О. Назарбеков роҷеъ ба ислоҳоти сохтори фарҳангӣ дар вилоят маълумот дод.
Дар анҷом ҷонишини сарвазир ва масъулон ба саволҳои кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ посух доданд.

Дар соҳаи туризм

  1. Соли 2021 ташкили саёҳати 1,3 миллион нафар сайёҳи маҳаллӣ ва вобаста бо беҳтар гардидани вазъияти эпидемиологӣ ҷалби 220 ҳазор нафар сайёҳи хориҷӣ дар назар аст.
  2. Консепсияи «Аэропорти Самарқанд – дарвозаи туризми байналхалқии Ӯзбекистон» дар амал татбиқ мешавад.
  3. Дар асоси барномаи «Умра+» доир ба ҷалби зиёртакунандагон чорабиниҳо амалӣ мегарданд.
  4. Дар вилоят фаъолияти 8 меҳмонхона, хиёбонҳо, объектҳои истироҳатӣ ва фароғатӣ, маркази ҳунармандӣ ва ҳавзҳои сунъӣ ба роҳ монда мешаванд.
  5. Маркази байналхалқии конгресс ва маҷмӯаҳои намоишгоҳӣ ташкил гардида, шаҳри Самарқанд ба маркази MICE‑tourism ва анҷуманҳои байналхалқии сиёсӣ табдил меёбад.
    Дар соҳаи варзиш
  6. Дар асоси Барномаи инвеститсионии имсола 5 иншооти варзишӣ аз нав бунёд ва таъмирӣ капиталӣ мегардад. Аз ҷумла, академияи футбол ташкил мешавад.
  7. Аз ҳисоби маблағҳои буҷет ва секторҳои хусусӣ 181 иншоот ва майдончаҳои варзишӣ ташкил мегардид: Барои ин 60,4 миллиард сӯм маблағ пешбинӣ шудааст.
  8. Соли 2021 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят «Пайроҳаи саломатӣ» (104,35 км.), «Пайроҳаи велосипед» (109,84 км.) бун­ёд мегардад.
  9. Солҳои 2021–2023 8 иншооти варзишӣ бунёд гардида, 23 бинои варзишӣ реконструксия карда мешавад.
  10. Дар нимаи аввали соли ҷорӣ 2510 маҳфили варзишӣ ташкил гардида, ба онҳо ҷалб кардани 460 ҳазор нафар ҷавонон дар нақша аст.
    Дар соҳаи маданият
  11. Соли ҷорӣ дар ҳамкории 90 маҳалла ва 45 маркази маданият лоиҳаи «Маҳфилҳои маҳаллабайъ» татбиқ гардида, 180 маҳфил ташкил карда мешавад.
  12. Дар байни 32 Мактаби мусиқ ва санъат ва 64 мактаби таълими умумии вилоят ҳамкорӣ ба роҳ монда мешавад. «Ансамблҳои бачагони ҳаваскор» ташкил мегардад.
  13. Дар ҳамкорӣ бо Вазорати таълими халқ лоиҳаи «Маркази фарҳангӣ дар мактаб» татбиқ хоҳад шуд.
  14. Дар 11 муассисаи таълими олии Самарқанд вобаста ба шавқи донишҷӯён ансамблҳои мусиқии ҳаваскорон, сарояндагии анъанавӣ ва санъати рақс кушода мешавад.
  15. Дар ҳамкорӣ бо ҳокимияти вилоят барномаҳои консертии аъзои «Клуби артистони халқӣ» гузаронида мешавад.

Ф.ЮЛДОШЕВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ