Ба ҳудудҳое, ки бо газ таъмин нашудаанд…

Рӯзи 22-юми апрел шӯъбаи вилоятии «HUDUDGAZTA’MINOT» пресс-­тур ташкил кард. Рӯзноманигорон дар ин тадбир бо ҷараёни иҷрои қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 24-уми сентябри соли 2020 «Дар бораи чораву тадбирҳои иловагӣ бобати амалисозии лоиҳаи «Ҷорӣ кардани системаи автоматикии таъминоти газ» дар вилоят ва ҳамчунин, дастгирии тадбиркорон дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ургут» шинос шуданд.
Иштирокчиён аввал бо раванди насби ҳисобкунакҳои нави газро дар маҳаллаи Навбоғчиёни ноҳияи Самарқанд аз назар гузаронданд. Дар ин маҳалла 720 хонадон мавҷуд буда, то имрӯз дар зиёда аз 100-тои онҳо ҳисобкунаки замонавии автоматикӣ насб гардид.
– Аз 1-уми январ то 19-уми апрели соли равон ба истеъмолкунандагон 25201,68 тонна гази моеъ расондем, – гуфт сармуҳандиси ҶС «Hududgaz Samarqand» Фурқат Каримов.
– Мо системаи автоматикии ҳисоби гази моеъро дар саросари кишвар ҷорӣ мекунем. Ин барои истеъмолкунанда ва таъминкунанда аз ҳар ҷиҳат беҳтар аст. Ҳоло дар вилояти Самарқанд ин ҷараён идома дорад. То имрӯз дар вилоят ба 525462 баллони гази маишӣ стикерҳои махсус бо штрих-­код часпондем. 282915 нафар истеъмолкунанда ID‑корт гирифтанд.
Дар айни замон, дар минтақа муддати таъминоти даврӣ бо гази моеъ 40–45 рӯзро ташкил медиҳад.
Ғайр аз ин, «Hududgaz Samarqand» ба беҳтар намудани таъминоти доимии аҳолӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ ва ширкатҳои тадбиркории вилояти Самарқанд бо гази табиӣ диққати махсус медиҳад.
Аз ҷумла, барои таъмини Минтақаи озоди иқтисодии «Ургут» бо газ аз стансияи тақсимоти гази «Ургут‑1»-и ноҳияи Тайлоқ то ба минтақа бунёди шабакаи гази табиӣ ба дарозии 29,5 км. амалӣ мегардад. Ин лоиҳа 25,8 миллиард сӯм арзиш дорад. Ҳуҷҷатҳои зарурии лоиҳа тасдиқ ва дар 29,5 километр қубурҳои газ насб шуд. Дар айни замон озмоиши амалии лоиҳа идома дорад ва ҳуҷҷатҳои техникӣ омода мешаванд.
Бояд гуфт, ки то ҳол Ҷамъияти саҳҳомии «Hududgaztaʼminot» ба вилоят 50387 дона ҳисобкунаки электронии газ тақдим кард ва 49 676-тои онҳоро насб шудааст. Аз ҷумла, дар шаҳри Самарқанд 34288 ҳисобкунаки замонавӣ насб шуд ва 26 911-тои онҳо аллакай ба дастури компутерии «BillingGaz» пайваст мебошанд.
Мо аз Ф. Каримов пурсидем, маҳаллаҳои Боғи Сафед, Мӯлиён ва ғайраҳо бо вуҷуди дар тасарруфи шаҳр будани чаро то ҳол бо гази табиӣ таъмин нашудаанд?
– Дар шаҳр ҳамаи маҳаллаҳо ҳам бо газ таъмин нагардидаанд. Мо ҳоло барои беҳтар кардани таъминоти газ дар шаҳр тақрибан 7 лоиҳаро аз нав омӯхта истодаем. Пас аз насб кардани ҳисобкунакҳои нав аҳолӣ ба истифодаи газ эътибор медиҳанд. Сипас мо ба ҳудудҳои дигар ҳам метавонем онро тақсим кунем. Ин ҳама бо оҳистагӣ амалӣ мегардад.

Шаҳзод КЕНҶАЕВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ