Имом Бухорӣ ҳалолкорӣ ва накӯкориро талқин мекунад

Яке аз ҳамзамонони Имоми Бухорӣ Яҳё ибни Ҷаъфар мегӯяд: «Агар қудрат медоштам, умри Муҳаммад ибни Исмоили Бухориро зиёда мекардам. Зеро фавти ман марги як нафар аст, валл фавти Муҳаммад ибни Исмоил даргузашти илм маҳсуб мегардад». Мӯсо ибни Ҳорун Ҳаммол гуфтааст: «Фикр мекунам, агар кулли аҳли ислом хоҳанд, ки боз як шахси ҳаммонанди Муҳаммад ибни Исмоилро ба камол расонанд, аз ӯҳдаи ин кор баромада наметавонанд».
Воқеан, Имоми Бухорӣ раҳматуллоҳи алайҳ аз ҷониби олами ислом ҳамчун «Амиралмӯъминин фил ҳадис» – «Амири мӯъминон дар илми ҳадис», «Шайхулислом», «Устоди мусалмонон» шинохта шудааст. Ҳамаи ин эътирофҳо беҳуда нест. Агар гӯем, ки барои ба ин поя расидани эшон тақво, парҳезкорӣ ва амонатгузорӣ барин фазилатҳояш, саҳми бузургу беқиёсаш ба илми ҳадис сабаб шудаанд, муболиға намешавад.
Аллоҳи таъоло дар каломи худ чунин марҳамат кардааст:
«Аллоҳ аз шумо касонеро, ки имон овардаанд ва касонеро, ки ба онон илм дода шудааст, дараҷоти бузурге мебахшад» (Сураи Муҷодала, ояти 11).
Аллоҳи таъоло дар ин дунё номи Имоми Бухориро, ки пешоҳанги замони худ дар илм, зуҳд ва тақво буд, мукаррам кардааст. Ҳадисҳое, ки Имоми Бухорӣ ҷамъ овардааст, ба инсон хислатҳои интихоби роҳи дуруст, ба ҷо овардани эҳтироми падару модар, ҳалолкорӣ, дилфарохӣ, накӯкорӣ ва ба фармудаҳои Худованд итоаткориро талқин мекунанд.
Бо назардошти ҳамаи ин ва ташаббуси Сарвари давлатамон барои омӯхтани мероси илмии Имоми Бухорӣ дар кишвари мо корҳои зиёде амалӣ мешаванд. Аз ҷумла, Мактаби илми ҳадис, Маркази байналхалқии илмиву тадқиқотии Имоми Бухорӣ ва Маркази тамаддуни ислом бунёд гардиданд. Инак, аз як ҷониб бо назардошти хидматҳои Имоми Бухорӣ маҷмӯаи ёдгории махсус, аз ҷониби дувум барои зоирон маскане, ки дорои тамоми шароитҳо мебошанд, бунёд карда мешаванд.
Президенти кишвар ҳангоми ташриф ба вилояти Самарқанд аз Маҷмӯаи ёдгории Имоми Бухорӣ боздид кард. Роҳбари давлат бо лоиҳаи наве, ки мувофиқи саҳми беқиёси аҷдоди бузурги мо ва шуҳрати ба худ хосу арзандаи ӯст, шинос гардид. Президент фикру ақидаи пирон, уламо, депутатҳои ноҳия ва шаҳр, намояндагони ҷамъиятро, ки дар чорабинӣ ҳузур доштанд, шунид ва оғоз ёфтани сохтмони маҷмӯаи навро эълон кард.
Дар маҷмӯаи нави ёдгорӣ барои зоирони миллӣ ва хориҷие, ки сафашон торафт меафзояд, тамоми шароитҳо фароҳам оварда мешаванд. Танҳо саҳни дохилии масҷиде, ки ба таркиби маҷмӯа дохил мешавад, беш аз ду ҳазор метри мукааб мебошад. Дар масҷид ва саҳнаҳои атрофи он дар як вақт чандин ҳазор мусулмонон метавонанд намоз гузоранд. Шароити зиёрати қабри Ҳазрат Имоми Бухорӣ низ беҳтар мегардад.
Ҳамчун нишони эҳтироми халқи мо ва ҷомеаи ҷаҳон (бо изни Аллоҳ ва хоҳишу иродаи халқамон) ба хотираи ин инсони бузург оғоз ёфтани сохтмони маҷмӯа дар рӯзҳои моҳи мубораки Рамазон ба мо умед мебахшад, ки ин корҳои некро Офаридгор дастгирӣ мекунад.
Дар оғози чорабинӣ Шавкат Мирзиёев мӯъмину мусулмонон, кулли мардуми Ӯзбекистонро бо моҳи шарифи Рамазон муборакбод карда, изҳор дошт: «Моҳи Рамазон айёми муқаддасест, ки ниятҳои нек иҷобат мешаванд. Дар ин моҳ ибтидо гирифтани сохтмони ин маҷмӯа умедворем, ки кори хайр мешавад, бахосият мегардад ва ба қалбҳоямон таскин мебахшад. Мақсад аз амалҳое, ки дар ин соҳа ба ҷо меоварем, ифодаи эҳтироми мо нисбат ба алломаамон мебошад. Барои мо сазовори гузаштагони худ будан вазифаи хеле бузург аст», – гуфт Президент.
Зикр гардид, ки соли 2020 бинобар пандемия зарур омад, ки амалҳои диниро дар моҳи Рамазон дар хонаҳои худ иҷро кунем. Имсол бошад, масҷидҳоямон бозанд, мӯъмину мусалмонҳо бо риояи қатъӣ ба қоидаҳои карантин ибодатҳои худро адо менамоянд.
«Чаҳор соли ҷустуҷӯ, навсозӣ ва имтиҳонҳоро паси сар кардем, соҳиби таҷрибаи бузург шудем. Корҳои мо, ки барои ба ҳаёти худ розӣ кардани халқамон нигаронида шудаанд, минбаъд низ идома меёбанд. Ғояҳои олиҷаноби моҳи Рамазон, амалҳои муқаддаси он ҳам барои ба амал татбиқ гардидани ин мақсадҳои неки мо заминаи мустаҳкам мегарданд», – гуфт Сарвари давлат.
Бо мақсади ба роҳ мондан ва мустаҳкам кардани ҳамкориҳои диниву маърифатии байни давлатҳои Осиёи Марказӣ – Ӯзбекистон, Тоҷикистон, ҳамчунин Афғонистон 15-уми марти соли 2021 дар шаҳри Самарқанд дар мавзӯи хусусиятҳои мероси Имоми Бухорӣ конфронси байналхалқӣ баргузор шуда буд.
Вазири иршод, ҳаҷ ва вақфи Ҷумҳурияти Исломии Афғонистон Муҳаммад Қосим Ҳалимӣ, ки дар ин анҷумани байналхалқӣ ба сухан баромад, зикр кард: «Ӯзбекистон кишвари муборакест ва ҳар як мусалмони сайёра ба зиёрати он саъй мекунад. Мо мақбараи Имоми Бухории раҳматуллоҳи алайҳ­ро зиёрат кардем. Моро корҳои азими ободонӣ, ки дар ин ҷойи муқаддас амалӣ мешаванд ва ба беш аз пеш обод кардани он нигаронида шудаанд, бағоят хушнуд сохтанд. Ҳамаи ин корҳои нек барои амалӣ гардидани орзуву умедҳои ҷаноби Президент Шавкат Мирзиёев, ки баҳри обод кардани кишвар, фаровон сохтани ҳаёти халқ, тарбия намудани авлоди соҳиб­илм, ватанпарвар ва садоқатманди қадриятҳои миллӣ нигаронида шудаанд, хидмат мекунанд. Ӯзбекистон боз ба маркази илму фан табдил меёбад».
Шавкат Мирзиёев корҳоеро, ки дар маҷмӯа амалӣ мешаванд, аз назар гузаронид. Дар ин ҷо масҷиди калон, чаҳор манораи мутаносиб, айвонҳои баланд, хиёбон барпо мешаванд. Барои ба зоирони бешумор фароҳам овардани имкониятҳои замонавӣ 7 меҳмонхона, 3 адад таваққуфгоҳи автомобилҳо ва истгоҳи автобусҳо, фурӯшгоҳи бузург, бозор бунёд меёбанд. Ҳамчунин, пешбинӣ шудааст, ки ошхонаҳо, растаҳои ашёи ҳунармандӣ, ҳаммом, таҳоратхона, кушхона сохта шаванд.

Зайниддин ЭШОНҚУЛОВ,
саримом-­хатиби вилоят.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ