Дар донишгоҳи давлатии тиббиёти Самарқанд олимпиадаи байналмилалӣ баргузор шуд

Дар ин олимпиада, ки таҳти мавзӯъи “Маҳорати реставратсияи эстетикӣ дар стоматология” барпо шуд, 180 нафар донишҷӯи соҳа аз кишварҳои Русия, Қазоқистон, Белорус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Украина ва Ӯзбекистон иштирок карданд.
Дар маросими ифтитоҳи озмун мудири Бемористони марказии Токайи Япония, ректорони донишгоҳҳои тиббиёти Тоҷикистон ва Русия, ҳамчунин, роҳбарони донишгоҳҳову марказҳои илмии кишвари мо низ ҳозир буданд.
Иштироккунандагон аз тест гузаштанд ва дар самтҳои муқарраршуда корҳои худро тақдим карданд.
Дар чорчӯби олимпиада озмуни “Беҳтарин пажӯҳиш” низ баргузор шуд, ки дар он 6 нафар донишҷӯ бо корҳои илмии худ иштирок намуданд.
Ғолибон соҳиби ифтихорнома ва тӯҳфаҳои қиматбаҳо шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ