Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон баргузор мешаванд

Бо мақсади рушди ҳамкорӣ бо кишвари дӯсту ҳамҷавори Тоҷикистон дар соҳаи кинематография аз 28 апрел то 1 майи соли 2021 дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон баргузор мегарданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Зимни баргузории ин ҳамоиш 3 филми ҳунарии «Илҳоқ», «Исёни арӯсон» ва «Хобҳои беранг», 3 филми мустанади «Посдори иттиҳод», «Қалби мардум», «Зери самои ягона» ва як филми тасвирии «Сандуқи сеҳрнок», ки маҳсули эҷоди кинематографистони кишварамон мебошанд, манзури алоқамандони кино гардонида мешаванд.
Намоиши филмҳо дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров ва «Зебуннисо»- шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шуда, даромад озод мебошад.
Баргузории чорабинии мазкур ба тавсеаи ҳамкории судманд миёни филмсозони тоҷику ӯзбек мусоидат намуда, дӯстию ҳусни ҳамҷавории халқу миллатҳои бародари Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро устувортар менамояд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ