Дар Қирғизистон маҳдудиятҳои нав ҷорӣ мешаванд

Дар Қирғизистон дар робита ба паҳншавии густурдаи коронавирус маҳдудиятҳои нав ҷорӣ мешаванд.
Ҳукумат баъзе маҳдудиятҳо, аз ҷумла манъи баргузории чорабиниҳои оммавиро бинобар бад шудани вазъи коронавирус дар Қирғизистон пешниҳод мекунад.
Бино ба иттилои Sputnik Қирғизистон, муовини аввали сарвазири Қирғизистон, Артем Новиков ҷамъомади Ситоди фаврии ҷумҳуриявиро оид ба мубориза бо коронавирус баргузор кард.
Дар ин ҷамъомади, вазъ дар ҳар як минтақа, масъалаҳои бо доруҳо, таҷҳизот ва кормандони тиббӣ таъмин кардани беморхонаҳо, инчунин омодагӣ ба ҷойгир кардани катҳои нав барои беморони COVID-19 муҳокима карда шуданд.
Ба гуфти Новиков, афзоиши шумораи гирифторони ин беморӣ дар саросари кишвар, аз ҷумла дар Бишкек ба мушоҳида мерасад.
«Вазъи эпидемиологӣ дар кишвар дар тӯли ҳафтаи охир тағйир ёфт. Мо дар як рӯз ба 400 ҳолати сабти беморони COVID-19 наздик шудем. Дар кишвар навъҳои нави ин вирус ба қайд гирифта шуданд. Ҳамаи амалҳо бояд ба таври возеҳ ҳамоҳанг карда шаванд», — гуфт муовини сарвазир.
Ӯ афзуд, ки бо назардошти он, ки бемории COVID-19 дар Бишкек бештар мушоҳида мешавад, шумораи гурӯҳҳои тиббии сайёрро аз 20 ба 25 расондан, мошинҳои ёрии таъҷилии бештарро истифода бурдан ва беморхонаҳои иловагиро аз ҳафтаи оянда ба кор бурдан зарур аст.
Вазорати тандурустӣ ва рушди иҷтимоӣ аз Идораи рӯҳонии мусалмонон даъват мекунад, ки масъалаи муваққатан боздоштани чорабиниҳои оммавӣ, аз қабили намози ҷумъа ва ифторро баррасӣ кунанд.
Ва инчунин, ба гуфти Вазорати тандурустӣ, бояд риояи қатъии на бештар аз 50 фоизи пур шудани театрҳо, кинотеатрҳоро таъмин намуда, баргузории чорабиниҳои оммавӣ маҳдуд карда шавад.
Мақомот мутмаин аст, ки ин чораҳо заруранд.
Новиков таъкид кард, ки нақшаҳои вокуниш қабул карда шудаанд ва ин кишвар бо ваксинаи чинӣ эм карда мешавад ва гурӯҳи аввали доруи русии «Спутник V» низ ворид шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ