Дар гармхонаи 60-хол корхонаи оилавии «Қӯлдош Юлдошев»-и ноҳияи Каттақӯрғон, навъҳои серҳосили қулфинайи «Зинга-зинга», ки аз Полша оварда шудааст, парвариш карда мешавад.


— Қулфинайҳои моҳи августи соли гузашта шинондашуда ҳосили пурра ба даст оварданд, — мегӯяд менеҷери корхона Мансур Маҷидов. — Дар соли аввал мо ниҳолҳоро зиёд мекунем. Ин навъи қулфинай аз қулфинайҳои маҳаллӣ парваришёфта ба куллӣ фарқ мекунад. Хусусан соле то ду-се маротиба ҳосил медиҳад. Мо дар як рӯз 100-150 кило ҳосил гирифта истодаем. Дар айни замон мо қулфинайи парваришшударо ба дастархони мардум мерасонем. Аз соли оянда нақша дорем, ки маҳсулоти худро ба Русия ва Қазоқистон экспорт кунем. Дар ин бора бо шарикони хориҷӣ музокираҳо идома дорад.
Бахтиёр МУСТАНОВ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ