«Буҷети шаффоф» норасоиҳоро пешгирӣ мекунад

Дирӯз сессияи бисту нӯҳуми Шӯрои намояндагони халқи вилоят баргузор гардид. Ба он раиси Шӯро, ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов сарварӣ кард.
Судҳо одилтар мешаванд
Намояндагони халқ аввал ахбори раиси суди вилоят О. Ҳайитовро «Дар бораи корҳое, ки суди вилоят дар чоряки якуми соли 2021 роҷеъ ба татбиқи суди одил амалӣ кардааст» шуниданд. Мувофиқи маълумоти О. Ҳайитов судҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ роҷеъ ба корҳои ҷиноӣ дар даври ҳисоботӣ нисбати 1239 нафар шахс 997-то парвандаи ҷиноиро баррасӣ кардаанд. Аз рӯи 737-то парвандаи ҷиноӣ нисбати 947 нафар шахс ҳукм бароварда, 256-то парвандаи ҷиноиро, ки нисбати 287 нафар шахс кушода буданд, пӯшиданд.
Дар байни шахсоне, ки дар натиҷаи баррасии парвандаҳои ҷиноӣ айбдор дониста шуданд, 109 нафар зан (18 нафари онҳо қаб­лан суд шудаанд) ва 787 нафар мард (175 нафари онҳо қаблан суд шудаанд) мебошанд.
Нисбати 209 нафари судшудагон ҷазои аз озодӣ маҳрум кардан, 327 нафар маҳдуд кардани озодӣ ва нисбат ба 259 нафар корҳои ислоҳи ахлоқ дида шуданд. 93 нафар шахс дар мурофиаи судӣ аз ҳабс озод гардиданд.
Ҳангоми баррасии парвандаҳои ҷиноӣ дар суд намояндагони ҷамоатчигии васеъро ҷалб карда, иштироки вакилони шӯроҳои маҳалла, ҷавонон ва занҳоро ба сифати ҳимоячиёни ҷамоатӣ таъмин намуда, дар асоси кафилии ҷамъомадҳои шаҳрвандони маҳаллаҳо ба 57 нафар ва Агентии кор бо ҷавонон ба 9 нафар шахс ҷазоҳое, ки бо маҳрум кардан аз озодӣ вобаста нестанд таъин карда шуданд.
Инчунин, дар бораи корҳое, ки дар даври ҳисоботӣ дар судҳои шаҳрвандӣ, судҳо роҷеъ ба корҳои иқтисодӣ ва судҳои маъмурӣ баррасӣ гардидаанд, ахбор дода шуд.
Ташаккул ва сарфи манбаъҳои иловагии буҷети маҳаллӣ
Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурияти Ӯзбекистон 12-уми марти соли 2021 «Дар бораи натиҷаҳои омӯзиши сарфи самаранок ва бомақсади маблағҳое, ки аз буҷети вилоятҳои Андиҷон, Бухоро, Самарқанд ва Фарғона, инчунин, аз ҳисоби манбаъҳои иловагии буҷетҳои шаҳру ноҳияҳо ташаккул гардидаанд» таҳти рақами ҚС‑249–14 қарор қабул кард. Ҳисоботи ҷонишини якуми ҳокими вилоят Ҷ. Ӯроқов дар бораи таъмини иҷрои қарори мазкур буд. Вай қайд кард, ки дар натиҷаи норасоиҳое, ки ҳангоми сарфи маблағҳо аз ҳисоби манбаъҳои иловагии буҷети маҳаллӣ роҳ дода шудаанд, ба талаботи моддаи 126-уми Кодекси буҷет риоя накарда, 7-то ҳолати нодуруст сарф шудани 2,5 млрд. сӯм муайян гардидааст.
Барои такрор накардани чунин хатоҳо ҳокимиятҳои шаҳру ноҳияҳо огоҳонида шуданд.
Аз ин рӯ, бар асоси хати Девони Вазирон аз 20-уми ноябри соли 2020 муайян карда шуд, ки хароҷоти бо харидани автомашинаҳои хизматӣ вобаста дар ҳоли гирифтани рухсати Вазорати молия амалӣ карда мешавад.
Дар оянда барои дар асоси фикри ҷамоатчигӣ ба воситаи портали «Буҷети шаффоф» равона кардани маблағҳои ҷудокарда тадбирҳои дахлдор амалӣ хоҳанд шуд.
Ҳисоботи сардори Сарсадорати вилоят Б. Мирзоев дар бораи ташаккул ва зиёд кардани манбаъҳои иловагии даромадҳои буҷети маҳаллӣ буд.
Қайд гардид, ки дар чоряки якуми соли равон нақшаи пешбинишудаи даромадҳои умумӣ 632,2 млрд. сӯм муайян гардида, дар амал 686,6 млрд. сӯм (109 фоиз) иҷро шудааст. Аз ҷумла, аз рӯйи буҷети маҳаллӣ дар чоряки якуми соли равон нақшаи пешбинишудаи даромадҳо 533,6 млрд. сӯм муайян гардида, дар амал 627,5 млрд. сӯм (118 фоиз) иҷро карда шудааст.
Сарсадорат ба таври доимӣ ва марказонида бар асоси маълумотҳои идораҳои омор, андоз ва қувваи электр корҳои таҳлилӣ иҷро мекунад ва дар бораи ҳолатҳои дар онҳо муайяншуда ба ҳокимиятҳои шаҳр ва ноҳияҳо дастурамалҳо мефиристад.
Пардохти саривақтии андоз – гарави иҷрои нишондиҳандаҳо
Ҳисоботи сардори Садорати давлатии андози вилоят А. Иноғомов «Дар бораи саривақтӣ пардохтани андоз ва корҳое, ки барои иҷрои нишондиҳандаҳои пешбинишудаи он иҷро карда мешаванд» буд.
Сессияи Шӯрои вилоят дар бораи ҳисоботҳои мазкур қарорҳои дахлдор қабул кард. Аз ҷумла, қарор шуд, ки бо мақсади васеъ кардани базаи андоз ва таъмини дуруст ва саривақтӣ ҳисоб кардани андоз бар асоси моддаи 133-юми Кодекси андоз:
– Сарсадорати вилоятии Бонки марказӣ аз охири ҳар моҳ то санаи 5-уми моҳи оянда дар бораи ҳаракати маблағҳо дар суратҳисоби корхонаҳое, ки гардиши якмоҳаи бонкии онҳо аз як миллиард сӯм бештар аст;
– ҶС «Самарқанд ҳудудий электр тармоқлари» аз охири моҳ то санаи 10-уми моҳи оянда дар бораи ҳаҷми қувваи электре, ки субъектҳои тадбиркорӣ истифода бурдаанд;
– ҶММ «Таъминоти оби вилоят» аз охири ҳар як чоряк то санаи 10-уми моҳи оянда дар бораи ҳаҷми обе, ки субъектҳои тадбиркорӣ истифода бурдаанд, ба Садорати давлатии андози вилоят маълумот пешниҳод мекунанд.
Мақсади ниҳоӣ натиҷа аст
Аз ҳисоботи сардори Садорати таълими халқи вилоят З. Шодиева «Дар бораи корҳое, ки барои баланд бардоштани сифати таълим дар сохтори таълими халқи вилоят ва ривоҷдиҳии таҷрибаи донишандӯзи хонандагон» амалӣ мешаванд, ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки ҳамаи онҳо бо мақсади ниҳоӣ – натиҷаи хуб иҷро карда мешаванд.
Кайд гардид, ки барои ин боз ҳам вусъат додани ҳамкории амалии «Оила – маҳалла – мактаб – муассисаи таълими олӣ» мувофиқи мақсад аст. Инчунин, дар бораи мустаҳкам кардани базаи моддиву техникии мактабҳо, баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон, расонидани ёрии амалӣ ва услубии мунтазам ба онҳо ва ғайра аз ҷумлаи чораҳои ба мақсад расидан дониста шуданд.
Дар сессия, инчунин масъалаҳое аз қабили «Дар бораи тағйир додани сохтори ташкилии дастгоҳи идораи ҳокимияти вилояти Самарқанд», «Дар бораи дохил кардани илова ба қарори Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд аз 19-уми марти соли 2021 таҳти рақами 184/26-VI», «Гузаронидани интихобот ба ҷойҳои холишуда дар Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд» ва дигар муҳокима карда шуданд.
Сессия роҷеъ ба ин масъалаҳо қарорҳо қабул кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ