Барои оилаҳои ҷавон 75 хона ҷудо карда шуд

Дирӯз дар Хонаи матбуоти вилоят бо иштироки роҳбари Садорати вилоятии Агентии кор бо ҷавонон Ҳусан Тӯхтаев анҷумани матбуотӣ баргузор гардид. Дар тадбир оиди корҳое, ки садорати вилоят дар даври гузаштаи соли 2021 анҷом додааст ва корҳои дар оянда пешбинишуда ба иштирокчиён маълумот дод.
Зикр гашт, ки имрӯз аҳолии вилояти Самарқанд беш аз 3 миллиону 800 ҳазор нафар буда, 712 ҳазор нафари онҳо ҷавонони аз 18 то 30 сола (19 фоиз) ҳастанд.
Бо мақсади таъмини шуғли ҷавонон ва ташкили пурмазмуни вақти холии онҳо дар асоси системаи нав «Дафтари ҷавонон» ва «Барномаҳои ҷавонон» амалӣ карда мешаванд.
– Дар 1105 маҳаллаи вилоят бо 654500 нафар (92 фоиз) ҷавонони аз 18 то 30 сола мулоқотҳои рӯ ба рӯ гузаронида шуд, – гуфт Ҳ. Тӯхтаев. – Дар натиҷаи мулоқот 107 976 нафари онҳо ба «Дафтари ҷавонон» дохил карда шуданд. Аз онҳо 55378 нафар бекор буда, то имрӯз 26682 нафарашон бо кор таъмин шудаанд.
Тибқи маълумот, ба 3422 нафар ҷавонон бо мақсади омӯзонидани касб ва соҳибкорӣ таълим дода, сертификатҳо супорида шудааст.
Ҷавононро дар асоси анъанаҳои «Устод-­шогирд» ва барномаи «1 + 1» ба 2 948 нафар соҳибкору ҳунарманд вобаста кардаанд.
Барои оилаҳои ҷавон 75 хона ҷудо карда шуд. Ин хонаҳо дар ноҳияҳои Ҷомбой, Пастдарғам, Самарқанд ва шаҳри Самарқанд ҷойгиранд.
– Ҷавонони мо бояд бидонанд, ки барои гирифтани кредит ҳоло танҳо тавсияномаи роҳбари сектор ва шиноснома даркор, – гуфт Ҳ. Тӯхтаев. – Агар бонке бо ин ҳуҷҷат ба шумо кредит надиҳад, ман бо шумо ҳастам. Ба ман метавонед муроҷиат кунед.
Дар анҷумани матбуотӣ инчунин оиди вазифаҳои устуворе, ки дар Фармони Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва шуғли ҷавонон, ҳифзи иҷтимоӣ ва ташкили пурмазмуни вақти холии онҳо» ва қарори Девони Вазирони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои иловагии дастгирии ҷавонон» муқаррар карда шудаанд, маълумот дода шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ