Дӯстии ду суханвари беназир

ё худ Чингиз Айтматов бо Мирзо Турсунзода чӣ гуна шӯхӣ карда буд?

Мирзо Турсунзода арбоби бузурги ҷамъиятӣ ва суханвари маъруфе буд, ки дар кори ташкилоти якдилии кишварҳои Осиё ва Африқо саҳми муносиб гузошта, аз рӯзи таъсиси он то охири умри худ ба Комитети шӯравии ин ташкилот сарварӣ намудааст. Ин шахсияти камназир ва фавқулодда суботкор бо писандидатарин хислатҳои инсониаш дар дилу дидаи дӯстони суханвари ҳаммаромаш чун Файз Аҳмади Файз, Николай Тихонов, Расул Ғамзатов, Самад Вурғун, Мирзо Иброҳимов, Мустай Карим, Анатолий Сафронов, Ғафур Ғулом, Шароф Рашидов, Набӣ Хазрӣ ва дигарҳо ошёни меҳру вафо гузошта буд. Яке аз дӯстони ҳаммаслаку ҳамқалами ӯ классики адабиёт ва фарҳанги ҷаҳон, адиби номии қирғиз Чингиз Айтматов буд.
Фаъолияти гуногунпаҳлӯ ин адибони бузург ва арбобони ҷамъиятӣ – Мирзо Турсунзода ва Чингиз Айтматов ба нигоҳ доштани сулҳу осоиши минтақа, шукуфоии минбаъдаи он, таҳкими дӯстӣ ва ҳамҷиҳатии байни халқҳо барҳақ намунаи ибрат аст. Онҳо ба ҳайси мунодии ҷасуру фидоии бемисли адолату ҳақиқат аҳамияти бебадали гуфугӯи тамаддунҳоро дар ҷомеаи кунунӣ аз дилу ҷон дарк мекарданд. Дар Форумҳои байналхалқӣ аз муносибатҳои Шарқу Ғарб, аз омӯзишу истифодаи адабиёту фарҳанги ҷаҳонӣ ва дурус­тии мантиқии ин кор барои мардуми Осиёи Марказӣ, аз муносибатҳои мардуми Шарқ байни худ, аз боигарии зеҳнии кишварҳоямон ва ҳифзи он, аз шикасти арзишҳои гуманистӣ ҷасурона сухан меронданд. Бешак, саҳми онҳо дар мустаҳкам кардани дӯстӣ ва ҳамкорӣ, рушди равобити адабиву фарҳангии халқҳоямон беҳад калону бақадр аст.
Ҷоизадори мукофотҳои давлатӣ Мирзо Турсунзода дӯсти ҷавони ҳамдил ва ҳамнафаси худ Чингиз Айтматовро бо эҳтиром «аълоҳазрати наср» меномид. Ҷавобан Айтматов устод Турсунзодаро «устод» ва «муаллим» гӯён ҳурмату эҳтиром менамуд ва хирадмандона мегуфт: «Нафаси замони нав бештар тавассути шеър эҳсос мешавад. Дасти шоир ҳамеша бар набзи замон аст. Шеър аз азал ғизои маънавии инсон буд ва хоҳад монд!».
Ин суханварони маъруфи Шарқ аз он ифтихорманд буданд, ки дар асарҳояшон бо амри дилу виҷдон муборизаҳои халқҳои Осиёву Африқоро дар роҳи бахту саодат қаламдод мекарданд. Мавзӯи сулҳу осоиштагии олам, бузургдошти инсон ва арзишҳои умумибашарӣ барои онҳо мавзӯи ҳамешагӣ буд. Онҳо ҷаҳди босуботона доштанд, ки вазъи сиёсии ҷаҳон дар пояи сулҳу сафо ва ҳамкорию ҳамдигарфаҳмӣ устувор мегардад. «Шоир бояд, ки ба ҷаҳон бо чашми хирад бингарад, тамоми вусъати ҳаёти халқро мушоҳида намояд, шарики шодию ғами халқ бошад», – мегуфт устод Турсунзода. Ин буд, ки ҳунари шоириву нависандагии онҳо бо фаъолияти сиёсиашон тавъам буда, қисми таркибии эҷодиёташонро таъмин мекард.
Мирзо Турсунзода аз минбарҳои баланд Чингиз Айтматов ва қаҳрамондухтари қирғизро аз маломатҳо ҷасурона ҳимоя карда, Ҷамилаи «дар мубориза соҳиби бахту саодатшударо», Ҷамилаи «дар тамоми ҷаҳон ва хусусан Шарқ намунаю ибрати ахлоқи навро» тарафдорӣ намуда, боисрор гуфта буд: «Ин асар ҷасурона навишта шудааст ва ман онро навоварӣ номида, дар айни замон дар вай давоми беҳтарин анъанаҳои адабиёти ҷаҳон ва пеш аз ҳама адабиёти классикии русро мебинам. Татяна Ларина, Анна Каренинаро ба ёд оваред, ки барои шаъну эътибори худ низ мубориза мебурданд… Ҷамила қаҳрамонзани даврони мо мебошад. Ҷамила зани озод аст, ки бо фикру иродаи худ амал мекунад».
Аз хусуси эҷодиёти Чингиз Айтматов бис­ёр навиштаанд. Бо вуҷуди ин бо суханони Мирзо Турсунзода гуфтани ин ҳақиқат ҷоиз аст: «Ӯ дар замини холӣ ба олам наомадааст. Бе таҷрибаи гузаштагон, бе суннатҳои миллӣ, ҳамчунин бе дастовардҳои дигар адабиётҳо, ӯ ин дараҷа баланд баромада, аз қаъри дили хонандагони сершумор маъво гирифта наметавонист».
Ба ҳамин маънӣ, эҷодиёти Турсунзода ва Айтматов, ки аз таҳлили нозуки психологӣ ва дарки амиқи ҳолатҳои гуногуни ботинӣ ва ҷилваҳои рангоранги ҳиссиёту изтироби инсон шодоб аст, таҷрибаи адабиёти миллиро инкишоф ва такомул додааст.
Аз ин рӯ, ин ду суханвари беназир чинорҳои бузургеро мемонанд, ки эҷодиёташон, пеш аз ҳама, дар заминаи миллӣ маҳкам қарор гирифта, минбаъд мояи ифтихори адабиёти ҷаҳон гардидааст.
Чингиз Айтматов дар ёдномаи рангину пандомӯзи худ, ки ба муносибати 70-солагии устод Турсунзода навиштааст, бо эҳтиром гуфтааст: «Ман дар бораи Мирзо Турсунзода бо мамнунияти тамом ва дар айни замон бо дареғу афсӯси зиёд хотира мегӯям. Бо мамнуният мегӯям, чаро ки ба ёд овардани шахсе, ки барои кас хеле мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамият будааст, ёдоварандаро завқу хурсандии калон мебахшад. Бо дареғу афсӯс – барои ин ки ман дар ин маврид ҳаргиз хоҳиши хотирагӯй шуданро надорам. Ӯ дар синну соле ба ин ҷаҳон видоъ гуфт, ки ҳанӯз вақти дар бораи марг фикр карданаш набуд».
Минбаъд адиби маъруфи қирғиз аввалин мулоқоти худро ба ёд меорад, ки он замон ҷавони наврас ва нависандаи навкоре буду дар бораи Мирзои шӯҳратманд бисёр шунида буд. Ин мулоқот аввали солҳои шасти асри гузашта дар Тошканд, дар хонаи шоир Ғафур Ғулом сурат гирифта буд ва дар он нависандагони номдори замон иштирок доштанд. Адиб он сӯҳбати хеле олӣ ва дилкашро чунин ба ёд меорад: «Дар нишасти дӯстон, ҳамкор ва ҳамфикронаш худро хеле хуб ҳис кардани Мирзо Турсунзодаро медидам ва дар айни замон ба вай чӣ навъ эҳтироми калон доштани ҳозиронро ҳис мекардам… Ба ман сӯҳбати оншаба хеле мароқовар буд. Мирзо Турсунзода ва Ғафур Ғулом дар донистани назми қадими форсӣ гӯё бо ҳамдигар мусобиқа доштанд. Онҳо мувофиқи ҳар маврид, дар сари ҳар як гап аз адабиёт мисол меёфтанд, ривояте, ҳикояте ё аз масале нақл мекарданд. Барои ман шабнишинии хеле аҷоибе буд, чунки дар ин нишаст ман бо ду нафар – бо Мирзо Турсунзода ва Ғафур Ғулом шинос шудам, ки бо дониш, бо истеъдоди худ шарорапошӣ мекарданд».
Ба шарофати кӯшиш ва ғамхории Мирзо Турсунзода Даҳрӯзаҳои адабиёти қирғиз дар Тоҷикистон хотирмону пурмазмун мегузаштанд. Ӯ дар он рӯзҳо дӯсти хушсӯҳбат ва улфатпазирашро бо меҳри бародарона пазироӣ мекард. Кӯшиш менамуд, ки ӯ ҳар чӣ бештар чӣ хел кишвари зебо будани Тоҷикистонро ҳис кунад. Турсунзода ҳамин тавр бо муҳаббати зиёд, бо ғамхорӣ ва ифтихор ӯро ба ҳамдиёронаш шинос мекард. Айтматов ба туфайли Турсунзода дар мулоқоту сӯҳбатҳои ширин бо Мӯъмин Қаноату Фазлиддин Муҳаммадиев, Гулрухсор Сафиеваю Ӯрун Кӯҳзод, Муҳаммад Осимиву Акбар Турсунов барин адибону хирадмандон ошноӣ пайдо мекунаду якумра бо онҳо дӯсту бародар мегардад.
Мирзо Турсунзода ҳам борҳо дар меҳмонии Чингиз Айтматов, дар доираи хонаводаи ӯ шудааст. Он рӯзҳо барои адиби қирғиз хеле хотирмон буданд, ки дар бораи ҷиҳатҳои соф инсонии меҳмони олиқадраш навиштааст: «Ӯ касонеро хеле дӯст медошт, ки онҳоро нозук ва олитабиат номидан мумкин аст. Вақти гап задан дар бораи яке аз мавзӯъҳои дӯстдоштааш – дар бораи занон хеле бо назокат буд. Дар ин мавзӯъ бо назокати тамом ва бо фасоҳати шоирона гап мезад ва ба тарзи мароқангезе фикр меронд. Ба назарам, ин ҷиҳати сазовори тақдире мебошад…
Ман баъзан ҷасорат карда, бо Мирзо оид ба воқеае шӯхиҳое мекардам. Инҳо шӯхиҳои дӯстона буданд, ӯ ҳаргиз аз ин шӯхиҳо озурда намешуд, балки бо як шӯхии хеле нозукона, хеле олӣ ва оқилонае ҷавоб мегардонд. Чунон ки ман медонам инҳо ҳама ҷиҳатҳои хеле олии табиати вай мебошанд».
Чингиз Айтматов бо эҳтирому дақиқназарӣ ба андешаҳои шоиронаи устод Турсунзода назар медӯхт, афкори адабӣ-­танқидии ӯро меписандид. Айтматов дар ин хусус навиштааст: «Ӯ намунаҳои зиёдеро аз назми зебои классикӣ аз ёд медонист, мехонд, нақл мекард ва ҳар бор маро бо ин дониши худ мутаҳаййир ва мафтун менамуд, ба завқу ҳаяҷон меовард. Ӯ борҳо дар баромадҳояш, дар сӯҳбатҳояш бо ман гуфта буд, ки баъзе шоирони ҷавон дар бораи назми гузаштагон ё тасаввуроти мубҳам доранд, ё ин ки шаъшааи азамати онҳо пеши чашмонашонро гирифтааст ва бинобар ин ба классикон соф шогирдона тақлид мекунанд. Мирзо Турсунзода устоди бузург ва моҳире буд ва чӣ будани тақлиди кӯр-­кӯронаро, ба тарзу услуби гузаштагон мутобиқ кунонидани назми ҳозираро нағз медонист»
Чингиз Айтматов инчунин дар бораи назми Мирзо Турсунзода, алоқамандии он ба воситаи забони русӣ бо тамоми забонҳои дигар, тарҷумаи ашъори ӯ ба забони русӣ ва таъсири файзбахшаш ба адабиёти миллӣ андешаҳои судмандро ба миён гузоштааст.
Аз гуфтаҳо пайдост, ки муносибати байни Мирзо Турсунзода ва Чингиз Айтматов ҳамчун дӯсту бародар, ҳамҷиҳату ҳамкор дар асоси мақолаҳои ба якдигар бахшидаи онҳо, номаҳояшон, ёддоштҳои муосиронашон ва гувоҳиҳо нисбати онҳо метавонад мавзӯи тадқиқоти алоҳидаи пайвандҳои адабӣ шавад ва дар китоби дӯстии халқҳоямон саҳифаҳои ибратомӯз гардад.

Абдусалом САМАДОВ,
устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ