Имкониятҳои калони ноҳияе, ки дар мобайни ду дарё ҷойгир аст

Пресс-­тури навбатӣ ба ноҳияе, ки дар байни Оқдарё ва Қародарё воқеъ буда, аз қаламрави он 47 километри автомагистрали М‑37 мегузарад, баргузор гардид.
Табиист, ки чунин имкониятҳо барои инкишофи иқтисодӣ ва иҷтимоии мавзеъ имкониятҳои иловагӣ фароҳам меорад. Оё дар ноҳияи Оқдарё, ки ҳоло дар борааш ҳикоя мекунем, аз онҳо самаранок истифода мебаранд?
Корхонае, ки дар шароити пандемия 1 миллиону 600 ҳазор долларина маҳсулот содирот кардааст, журналист ва блогерҳо аввал аз ҶММ «Юнусҷон аҳли» дидан карданд. Корхонаи мазкур дар маҳаллаи Бош­дархони ноҳия воқеъ аст. Роҳбари корхона Фурқат Обидов гуфт, ки Раисҷумҳурамон соли 2017 ҳангоми ташриф ба Самарқанд фаъолияти корхонаамонро аз назар гузаронда, дар бораи васеъ кардани он ва истеҳсоли маҳсулоти содиротбоб супориш дода буд.
Бар асоси ин нишондод фаъолияти корхонаро вусъат дода, навъи маҳсулотро зиёд кардем. Маҳсулотамонро дар бозори маҳаллӣ мефурӯшем. Инчунин ба ҷумҳуриҳои ҳамсояи Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон содирот мекунем. Соли гузашта аз сабаби пандемия ҳаҷми содирот 1 миллиону 600 ҳазор долларро ташкил кард.
Дар ин корхона, ки беш аз ҳафтод ҷойи корӣ ташкил карда шудааст, равғани соя ва хӯрокаи чорвою парранда тайёр мекунанд. Бартарии маҳсулоти корхона дар он аст, ки сад фоиз табиӣ буда, аз иловаҳои кимиёвӣ холӣ аст.
Мавқеи ҷуғрофии ноҳия боби инкишофи сайёҳӣ аст
Дар соҳили ду дарё ҷойгир шудани ноҳия барои инкишофи сайёҳӣ имкониятҳои калон дорад, албатта. Бинобар ин тадбиркорон дар ин самт ҳам ҷустуҷӯ доранд. Ба ин ҳангоми ташриф ба ҶММ «Дархон балиқлари» боварӣ ҳосил кардем. Ҷамъияти мазкур истироҳатгоҳе ташкил кардааст, ки дар 1,5 гектари ҳудуди беш аз 3,5 гектара ҷойгир аст. Дар истироҳатгоҳ меҳмонхона, ошхонаҳо, 2-то ҳавзи оббозӣ ва масканҳои истироҳатии дигар ҳастанд.
– Баъди он ки дар диёрамон ба соҳаи сайёҳӣ эътибори калон дода шуд, мавқеи ҷуғрофии мавзеъро ба эътибор гирифта, аз ҳисоби 5 миллиард сӯм кредити Бонки халқӣ ва маблағи корхонаамон барои сайёҳони маҳаллӣ ва хориҷӣ истироҳатгоҳ ташкил кардем, – гуфт роҳбари корхона Шӯҳрат Розиқов. – Вале мо аслан фаъолияти худро аз моҳипарварӣ оғоз намудаем.
Ҳоло дар он 15 нафар ходим кор мекунанд. Баъди пурра ба кор даромадани истироҳатгоҳ барои 70–80 нафар ҷойҳои кории нав ташкил мегардад.
Се ҳосил дар як сол
Дар ноҳияи Оқдарё, ки қаблан ба кишоварзӣ ихтисосонида шуда буд, баробари ривоҷи соҳаҳои дигар ба хоҷагии қишлоқ низ ҳамон эътибори калон медиҳанд. Вале имрӯз он дар асоси усул ва технологияҳои замонавӣ мебошад. Инро дар мисоли фаъолияти гармхонаҳои ҶММ «Умедҷон элита» дидан мумкин аст. Гармхона соли 2019 ташкил шуда, дар он қариб бист нафар занҳо кор мекунанд.
– Дар 3 гектари гармхонаи 5 гектара лимӯ шинондем, – гуфт роҳбари хоҷагӣ Фахриддин Бобомуродов. – Байни лимӯҳо картошка, пиёз, кабудиҳо ва сабзӣ мекорем. Сабзӣ навъи ҳолландӣ аст. Аз гармхона Соле то се бор ҳосил мегирем. Ҳоло маҳсулотамон дар бозори маҳаллӣ фурӯхта мешавад. Дар оянда барои ба Исроил содирот кардани он тайёрӣ мебинем.
Ин яке аз падидаҳои нав дар соҳаи кишоварзии ноҳия хоҳад шуд.
Дари имкониятҳои бисёр кушода мешаванд
Дар конфронси матбуотие, ки дар анҷоми пресс-­тур баргузор гардид, ҳокими ноҳия Наҷмиддин Сулаймонов дар бораи корҳои дар ноҳия амалӣ шуда ва нақшаҳои оянда ҳарф зад.
– Аз қаламрави ноҳия гузаштани 47 километри автомагистрали М‑37 ба мо имкониятҳои калон медиҳад, – гуфт вай. – Аз ҷумла, дар мавзеи Даҳбед қариб 100-то дӯкони гуногун ва нуқтаҳои хизматрасонӣ ташкил шудаанд. Дар маҳаллаи Пичоқчӣ бошад маркази агрологистикаи арзиши умумиаш 23 миллиард сӯмина ва 3-то шифохонаи хусусӣ ташкил мекунем. Баъди ба кор даромадани онҳо 500-то ҷойи нави корӣ фароҳам оварда мешавад.
Дар ноҳияамон саҳми соҳаҳои бофандагӣ, трикотаж ва фармасевтикаи саноат меафзояд. Мо бо сармоягузорони хориҷӣ дар истеҳсоли хӯрокворӣ ҳамкорӣ мекунем. Аз ҷумла, бо соҳибкорони афғонистонӣ имконияти парвариш ва содироти бамияро муҳокима кардем. Ҳоло барои таҷриба онро дар 15 гектар замин коридем. Нақша дорем, ки маҳсулотро ба Россия содирот кунем.

Толиб ЮНУСЗОДА,
мухбири ҷамоатии рӯзнома.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ