Кош модарам бармегаштанд…

Боз баҳор омад. Ҷашни аввалини баҳор Иди модарон аст. Ҳар сол ки баҳор омад, ман мехоҳам модарамро бо ид табрик гӯям. Тӯҳфаи барояш тайёрнамудаамро ҳадя намоям. Барои ман дар оғӯш кашидану аз сару рӯям бо меҳр бӯсидани модарам кифоя аст. Сад афсӯс, ки ҳар сол ин орзуи ман чун орзу боқӣ мемонад. Ҳар сол дар арафаи Иди модарон устодонамон супориш медиҳанд, ки аз коғази ранга ба модару модаркалон, хоҳару хоҳарчаамон табрикнома тайёр намоем. Ҳама хурсанд аз пайи кор мешавем. Мана панҷ сол аст, ки табрикномаҳои тайёрнамудаам соҳибашро намеёбад. Мо дар хона се нафар, ду духтару як писар ҳамроҳи модаркалонам зиндагӣ мекунем. Модаркалонам моро хеле хуб парвариш мекунанд. Аммо ҳар гоҳе ки ҳамсинфонам аз хусуси модари худ гап мезананд, умуман дар ҷое, ки калимаи модарро мефаҳмам, дилам гум мезанад. Шаш сол пеш, ҳоло мактаб намерафтам, якҷоя бо падару модарам, хоҳару додараму модаркалонам зиндагӣ мекардем. Падару модарам меҳрубони якдигар буданд. Ҳамааш пас аз ба хориҷа рафтани модарам оғоз шуд. Аввал модарам, баъдтар падарам рафтанд. Мо бо модаркалонам мондем. Модаркалонам моро хеле дӯст медоранд, ҳар он чизе, ки мехоҳем бароямон муҳайё месозанд. Ҳамин тавр, аввал ман, баъд хоҳараму додарам пасу пеш ба мактаб рафтем. Ҳар сеямон ҳам қадами аввалини худро ба мактаб бе модараму бидуни навозишу парастории ӯ ниҳодем. Дар ин ҷода низ ба модаркалонам такя намудем. Ҳоло ман дар синфи панҷум, хоҳарам дар синфи чорум ва додарам дар синфи якум мехонем. Ҳар сол бо умеди баргаштани модарам ба роҳаш интизор мешавем. Падарам баргаштанд. Дар ин муддат модарам низ чанд маротиба омаданд, аммо ҳанӯз меҳри модарро ҳис накарда, боз мераванд. Гӯё барои мо не балки барои иваз кардани ҳуҷҷатҳои худ бармегаштанд. Ҳар гоҳе ки аз мо дур нашуданд «Модарҷон!» мегуфтем, ҷавобашон ягона буд: «Ман рафтанам лозим! Ин ҷо намешавад. Кор кардан даркор».
Боз мо гирёну нолон мемондем. Соли гузашта дар ҳама ҷо пандемия паҳн шуду карантин шуд. Гумон кардам, ки акнун модарам меоянду дигар намераванд. Аммо… Дар ҳақиқат, омаданд. Лекин боз барои ҳуҷҷативазкунӣ. Дарвоқеъ, аз ин се сол пеш падару модарам ба қароре омаданд, ки аз ҳам ҷудо шаванд. Аз падарам илтимос намудем, ки моро аз якдигар дур насозанд. Мехоҳем бо онҳо як оила шуда зиндагӣ намоем. Падарам чанд маротиба ба модарам фаҳмониданд, аммо суде накард. Модарам ҷудошавиро маъқул донистанд. Ҳатто як маротиба ба воситаи телефон бошад, ки аз аҳволамон намепурсиданд. Рӯзе як қувва маро роҳбаладӣ намуд. Хостам назди модарам рафта, суханҳои диламро гӯям. Додарамро гирифтаму берухсати падарам назди модарам рафтем. Модарам дар хонаи модаркалонам зиндагӣ мекарданд. Ҳама дардамро гуфтам. Илтимос кардам, ки дигар ба хориҷа нараванд, бо падарам оштӣ шаванду якҷоя зиндагӣ намоем. Аммо модарам ҳамаи гуфтаҳоямро рад карданд. Ман бо ин кори худ падару модаркалонамро ба ташвиш гузоштам. Падарам моро оварданд. Аммо модарам наомаданд. Инак, аз байн як сол гузашт. Фаҳмидем, ки боз модарам ба хориҷа рафтаанд. Ҳангоме ки ин хабарро шунидам, гӯё касе аз сарам оби хунук рехт. Карантин ҳам қарори модарамро иваз карда натавонист. Охир ба мо пул не, парваришу меҳри ӯ лозим асту халос. Аз оғози маҳдудиятҳои карантин дар ҳама ҷо як ҷумла такрор ба такрор гуфта мешавад. Карантин меҳру оқибати халқамонро ба якдигар дучанд гардонд. Тавассути оинаи нилгун дидем, ки чӣ қадар ба халқ ёрӣ расониданду ба мӯҳтоҷон меҳру саховат карданд. Албатта, модарам низ ин гуна ташаббуси онҳоро дидаанд, аммо ба ҷои он, ки моро аз ин беморӣ ҳимоя намоянд, боз роҳашро ёфтанду ба хориҷа рафтаанд. Ҳатто хайру хушро насия кардаанд. Модарам нисбат ба мо фарзандонашон ҳамин тавр рафтор намуданд. Мо меҳру муҳаббати он касро меҷӯем. Ба мо пул не, балки меҳр лозим аст. Кош, модарам дарк карда бармегаштанд…

Суханҳои Бунафшаи 12 соларо
Дилафрӯз ОБЛОҚУЛОВА навишта гирифт.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ