Имкониятҳои калони сайёҳӣ дар Самарқанд

Дар Самарқанд маросими ифтитоҳи сарконсулии Ҷумҳурияти Қазоқистон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Сафири фавқулода ва мухтори Қазоқистон дар Ӯзбекистон Дархан Сатибалди, ҳокими вилояти Самарқанд Э. Турдимов ва намояндагони аҳли ҷомеа ширкат варзиданд.
– Таъсиси Сарконсулии мо дар Самарқанд натиҷаи кӯшишҳои роҳбарони Қазоқистон ва Ӯзбекистон барои таҳкими минбаъдаи шарикии стратегӣ ва муносибатҳои дӯстонаи деринаи ду кишвар мебошад, – гуфт Дархан Сатибалди. – Хусусан дар панҷ соли охир ҳамкориҳои байни кишварҳои мо дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ тақвият ёфтанд. Имрӯз, дар Қазоқистон ду консулгарии Ӯзбекистон мавҷуд аст. Беҳуда нест, ки мо Самарқандро барои сарконсулии худ интихоб кардем. Зеро ин шаҳр яке аз калонтарин марказҳои таърихӣ ва фарҳангии Ӯзбекистон буда, минтақаест, ки дорои иқтидори баланди иқтисодӣ ва сармоягузорӣ мебошад. Аз ҷумла, Самарқанд барои сайёҳӣ имкониятҳои калон дорад. Дирӯз мо бо фаъолияти як қатор корхонаҳои вилоят шинос шуда, шоҳиди ҳамкориҳои наздики онҳо бо Қазоқистон шудем. Аз ҷумла, чанде пеш ба Туркистон 50 автобуси замонавӣ, ки дар корхонаи автомобилсозии Самарқанд истеҳсол шудааст, оварда шуд. Қарор аст, ки то охири сол боз 200 чунин автобус харид карда мешавад. Дар охири соли гузашта дар Самарқанд филиали «Тенгебанк» кушода шуд. Умедворем, ки Сарконсулии мо барои рушди минбаъдаи ин робитаҳо хидмат хоҳад кард.
– Имсол 29-умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ӯзбекистон ва Қазоқистон аст, – гуфт Э. Турдимов. – Тӯли солҳои охир муносибатҳои байни мо дар асоси ҳамсоягии нек ва шарикии стратегӣ мустаҳкам шуданд. Хусусан, бо ташаббуси роҳбарони ду кишвар ин ҳамкорӣ дар марҳилаи нав идома дорад. Бе муболиға гуфтан мумкин аст, ки ин консулгарӣ натиҷаи ҳамин аст. Тибқи натиҷаҳои соли гузашта гардиши савдои дуҷонибаи вилояти мо бо Қазоқистон 147 миллион доллари амрикоиро ташкил дод. Имрӯзҳо дар Самарқанд 15 корхона бо сармояи Қазоқистон кор мекунанд.
Иштирокчиёни чорабинӣ бо шароитҳое, ки дар консулгарӣ муҳайё шудаанд ва имкониятҳои хизмат­расонӣ шинос шуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ