Дар Сурхондарё падаршӯ арӯси худро латукӯб кард


Дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеои латукӯб шудани як зан аз сӯи падаршӯи худ дар ноҳияи Деҳнави вилояти Сурхондарё паҳн шуд. Садорати корҳои дохилии вилоят ба ин ҳодиса муносибати худро нишон дод.
Бино ба хабари Қалампир.уз, шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Деҳнав ҳоло ин ҳодисаро тафтиш мекунад.
Экспертизаи тиббӣ захми занро “захми сабук” тавсиф кардааст.
Тафтишоти ин ҳодиса идома дорад. Садорати корҳои дохилии вилоят баъди поён ёфтани тафтишот маълумоти иловагӣ хоҳад дод.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ