Соҳибони чӣ гуна гурӯҳи хун иммунитети мустаҳкам доранд


Олимон гурӯҳи хунеро муайян карданд, ки соҳибонаш иммунитети қавитар доранд.
Мутахассисон ба хулосае омаданд, ки гурӯҳи хун ҳангоми сирояти вирус дар организми инсон чӣ гуна интерферон истеҳсол мекунад.
Интерферон — сафедаҳое мебошанд, ки ҳуҷайраҳои бадан дар посух ба ҳамлаи вирус, ба моддаҳои бактериявӣ ва пайвастагиҳои кимёвии вазнашон паст ҷудо мекунанд. Тибқи таҳқиқот, ки натиҷаҳои онро агентии федералии «Экономика сегодня» пешниҳод мекунад, аз ҷиҳати истеҳсоли интерферон пуриқтидортарин интиқолдиҳандагони гурӯҳи хуни IV-ум мебошанд. Сафеда дар 92 фоизи субъектҳои ин гурӯҳи хун хуб истеҳсол шудааст.
Дар соҳибони гурӯҳҳои I ва III-и хун мутаносибан 80 ва 90 фоиз натиҷаҳои баланд мушоҳида шуданд. Дар интиқолдиҳандагони гурӯҳи II-и хун, тақрибан 40 фоизи ҳолатҳо қобилияти тавлиди интерферонро кам карданд. Инчунин, олимон аниқ карданд, ки чунин одамон нисбат ба дигарон бештар ба бемориҳо гирифторанд.
Дар моҳи март натиҷаҳои таҳқиқот ба табъ расиданд, ки мувофиқи он барои шахсони гурӯҳи хунашон II ва III хатари гирифторӣ ба сактаи дил, назар ба одамони гурӯҳи I 8 фоиз зиёдтар аст. Ғайр аз ин, маълум шуд, ки интиқолдиҳандагони гурӯҳҳои II ва III нисбат ба дигарон мутаносибан 51 ва 47 фоиз зиёдтаранд, нисбат ба дигарон раванди тромбозии рагҳо ва тромбоэмболияи шуш сар зананд.
Тарҷима ва таҳияи Лола РАҲИМОВА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ