Дар бораи даъвати сессияи сиюми Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд, даъвати шашум

Бар асоси моддаи 17-уми Қонуни Ҷумҳурияти Ӯзбекистон «Дар бораи ҳокимияти маҳаллии давлатӣ»
ҚАРОР МЕКУНАМ:

  1. Сессияи сиюми Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд, даъвати шашум дар соати 10:00 рӯзи 7-уми майи соли 2021 даъват карда шавад.

2. Ба рӯзномаи сессия масъалаҳои зеринро дохил кунанд:
– ҳисоботи ҷонишини ҳокими вилоят О. Хӯҷаев «Дар бораи чораҳое, ки барои иҷрои лоиҳаҳои инвеститсионии барои минтақаҳои махсуси иқтисодии вилоят пешбинишуда, такмил додани фаъолияти минтақаҳои махсуси инвеститсионӣ, саривақтӣ ҳал кардани муаммоҳои сармоягузорон амалӣ карда мешаванд»;
– ҳисоботи ҳокими ноҳияи Ҷомбой Қ. Собиров роҷеъ ба иҷрои барномаи чораҳои амалие, ки мувофиқи нишондихандаҳои рейтинги баҳогузорӣ ба дараҷаи инкишофи иҷтимоӣ-­иқтисодӣ барои беҳбудии ҳолати ривоҷёбии иҷтимоӣ-­иқтисодии ноҳия иҷро карда мешаванд;
– ҳисоботҳои роҳбарони шӯъбаҳои бонкҳои саҳҳомию тиҷоратии «Микрокредитбанк», «Бонки халқӣ» ва «Агробанк» дар вилоят роҷеъ ба корҳое, ки бонкҳои мазкур барои пешниҳоди кредитҳои имтиёзнок амалӣ мекунанд;
– ҳисоботи сардори Садорати ҳифзи тандурустии вилоят Д. Ҷумъаниёзов «Дар бораи корҳое, ки дар вилоят барои ҳифзи саломатии модарону кӯдакон ва таъмини таваллуди кӯдаки солим амалӣ карда мешаванд»;
– ҳисоботи сардори Департаменти рушди сайёҳии вилоят Д. Нарзиқулов роҷеъ ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 3-юми феврали соли 2021 «Дар бораи Барномаи давлатӣ роҷеъ ба амалӣ кардани Стратегияи ҳаракатҳо доир ба панҷ самти устувори ривоҷдиҳии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар солҳои 2017–2021 дар соли дастгирии ҷавонон ва мустаҳкамсозии саломатии аҳолӣ» таҳти рақами ФП‑6155;
– ҳисоботи ҷонишини ҳокими вилоят роҷеъ ба масъалаҳои ривоҷдиҳии саноат, сохтмони асосӣ, коммуникатсия ва хоҷагии коммуналӣ А. Шукуров «Дар бораи корҳое, ки амалӣ кардани онҳо бар асоси қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 2-юми апрели соли 2021 «Дар бораи чораҳои иловагӣ роҷеъ ба иҷрои барномаҳои «Қишлоқи обод» ва «Маҳаллаи обод» таҳти рақами ҚП‑5048 ба нақша гирифта шудаанд»;
– дар бораи иҷрои вазифаҳое, ки дар Фармони Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 10-уми феврали соли 2021 «Дар бораи чораҳои иловагӣ роҷеъ ба пурзӯр кардани масъулияти шахсии роҳбарони органҳои идораи давлатӣ ва идораҳои ҳокимияти маҳаллӣ дар самаранок ташкил кардани иҷрои ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ» таҳти рақами ФП‑6166 муайян шудаанд;
– ҳисоботи прокурори вилоят, роҳбари сектори дуюм Р. Машарифов «Дар бораи тасдиқ кардани «Харитаи роҳ»-е, ки барои чоряки II соли 2021 роҷеъ ба ташкил кардани корҳо барои ривоҷдиҳии комплексии иҷтимоию иқтисодии вилоят, беҳдошти сатҳи зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳия карда шудааст;
– бекор кардани қарорҳои меъёрии идораҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки кӯҳна шуда, аҳамияти худро гум кардаанд;
– масъалаҳои дигар.


Ҳокими вилоят Э. ТУРДИМОВ
30-юми апрели соли 2021, № 82-Қ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ