Барои онҳое, ки ногироӣ доранд, чӣ гуна имтиёзҳо мавҷуданд?

Дар мамлакати мо масъалаҳои таъмини шаъну шарафи инсон, хусусан шахсони ногироӣ дошта, доимо дар маркази диққат қарор доранд ва барои ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо чораҳои муайян андешида мешаванд. Аз ҷумла, дар ҷамъомади умумии ҳафтуми Сенати Олий Маҷлис сенаторон Қонуни Ҷумҳурияти Ӯзбекистон «Дар бораи ҳуқуқҳои шахсони ногироидошта»-ро тасдиқ карданд. 15-уми октябр сарвари давлат ба Қонуни мазкур имзо гузошт.
Мо барои андохтани рӯшанӣ ба нуктаҳои асосии ин қонун бо раиси Комиссияи экспертизаи тиббиву меҳнатии психиатрияи рақами 62-и вилояти Самарқанд Фурқат Эгамов сӯҳбат оростем.
– Мақсади асосии қабулшавии қонуни нав, ки аз 15-уми январи соли равон дар амал аст, чӣ мебошад?
– Қонуни мазкур ҳуқуқҳои шахсони ногироидоштаро ба танзим медарорад, фароҳам овардани имкониятҳои баробарро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва истисно кардани поймолкунии ҳуқуқро аз рӯи нишонаи маъюбӣ пешбинӣ менамояд ва ба эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон асос ёфтааст.
Ғайр аз ин, дар санад чунин принсипҳо, аз қабили эҳтироми шаъну эътибори шахсони ногироидошта, мустақилияти шахсии онҳо, озодии интихоб, роҳ надодан ба поймолкунии ҳуқуқ оид ба нишонаи ногироӣ, баробарии имкониятҳо дар татбиқи ҳуқуқу озодиҳои инсон, эҳтироми қобилиятҳои инкишофёбандаи кӯдакони маъюб ва ҳуқуқи онҳо барои ҳифзи фардияти онҳо, ташкили иншоот ва хидматҳо дар ҳолати қулай барои шахсони ногироидошта, ҷалби шахсони маъюбидошта ба ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсии ҷомеа ва давлат пешбинӣ шудааст.
Дар қонун як қатор мафҳумҳо аз қабили дискриминатсия (поймолшавии ҳуқуқ) аз рӯи ногироӣ, яъне тафриқагузорӣ, дуршавӣ, хориҷшавӣ, маҳдудкунӣ ба сабаби ногироӣ истифода шудааст. Мақсади он инкор ва дар амал дар баробари дигарон поймол кардани ҳуқуқ ва озодии шахсони ногироидошта дар соҳаҳои сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маданият, шаҳрвандӣ ва ғайра мебошад.
– Киҳо ба зумраи шахсони ногироидошта ворид карда мешаванд?
– Шахси ногиронидошта онест, ки дар натиҷаи нуқсонёбии саломатӣ бо коҳиши устувори вазифаҳои организм аз беморӣ, ҷароҳат, иллати ҷисмонӣ ва ақлонӣ боиси маҳдуд гардидани фаъолияти ҳаётӣ шудааст ва ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёз дорад. Чунин шахсон ба ҳимоя ва кӯмаки иҷтимоӣ, фароҳамоварии шароит барои иштирок дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоии ҷомеа ва давлат эҳтиёҷ доранд.
– Саволе бармеояд, ки ҳимояи иҷтимоии онҳое, ки ногироӣ доранд, чӣ гуна дар амал ҷорӣ карда мешавад?
– Барои ҳимояи иҷтимоии шахсони ногирооидошта аз сохтори тадбирҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ки аз ҷониби давлат андешида шудаанд, истифода мешавад.
– Аз ҷониби давлати мо нисбати онҳое, ки ногироӣ доранд, чӣ гуна сиёсат ҷорӣ карда шудааст?
– Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ бобати ҳифзи иҷтимоии шахсони ногироидошта аз як қатор бахшҳо иборат аст. Аз ҷумла, гузаронидани тадбирҳо ва чорабиниҳо мебошанд, ки дар онҳо баробарҳуқуқии шахсони ногироидошта бо дигар шаҳрвандон, роҳ надодан ба дискриниматсия, ҳифзи шарафи инсонии онҳо ифодаи худро меёбанд. Инчунин, ташкили корҳои тарбиявӣ-­маърифатӣ дар ҷомеа дар мавриди эҳтироми шарафи инсонӣ, риояшавии ҳуқуқҳои онҳо, ки дар қонун акси хешро дарёфтаанд.
– Ногироӣ доштани шаҳрвандон чӣ гуна муайян ва аниқ карда мешавад?
– Ин ҳолат аз ҷониби комиссияҳои экспертии тиббӣ – иҷтимоӣ, инчунин, дар кӯдакони то синни 18-сола аз тарафи комиссияҳои педиатрии тиббӣ-­иҷтимоӣ бо роҳи гузаронидани ташхиси тиббию иҷтимоӣ муайян карда мешавад.
– Ба онҳое, ки ногироӣ доранд, чӣ гуна ёрии иҷтимоӣ расонида мешавад ва дар мамлакати мо чӣ гуна имтиёзҳо мавҷуданд?
– Кӯмаки иҷтимоӣ ба шахсони ногироидошта дар шакли нафақа, кӯмакпулӣ, пардохти якмаротибаина, расонида мешавад. Инчунин, аз хидматрасонии тиббӣ, иҷтимоӣ, касбӣ, баркарорсозии ҷисмонӣ ва хидмати маишӣ метавонанд истифода намоянд. Бо воситаҳои техникии зарурӣ, ба монанди аробачаи ногироӣ, асобағал, маснуоти протезӣ, асбобҳои варзишӣ ва ғайра низ таъмин карда мешаванд.
Инчунин, ба шахсони ногироидошта ва оилаҳое, ки аъзои ногиро доранд, ҳуқуқи гирифтани қитъаҳои замин бо шартҳои имтиёзнок барои сохтмони манзили инфиродӣ, пеш бурдани хоҷагии ёрирасон, деҳот ва боғдорӣ дода мешавад. Ғайр аз ин, ҳангоми тақсим кардани манзил ба шахсони ногироӣ дошта, дар сурати имкон, манзил дар наздикии ҷои кор, муассисаҳои табобатӣ ва барқарорсозӣ бо риояи принсипи дастрасии иншоот ва хидматҳо дода мешавад.
Тибқи Қонун, шахсони ногироидошта ҳуқуқ доранд, ки ба мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо ба таври инфиродӣ ё дастҷамъӣ муроҷиат кунанд. Ин ҳуқуқ истифодаи забони имову ишора ва хидматҳои сурдотарҷумаро пешбинӣ мекунад.

Нигорандаи сӯҳбат
Ӯктам ИБРОҲИМ
.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ