Эҳтиром ба тарғибгари дӯстии халқҳои олам

1-уми майи соли ҷорӣ дар Хона-­музейи Садриддин Айнӣ бахшида ба 110-солагии шоири маҳбуб ва таронасарои сулҳу дӯстӣ, устод Мирзо Турсунзода тадбири фарҳангӣ баргузор шуд.
Дар тадбир, ки бо ташаббуси рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» дар ҳамкорӣ бо Маркази миллӣ-­мадании тоҷик ва тоҷикзабонони вилоят гузаронида шуд, шоиру нависандагон, намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамоатӣ, хонандагони мактабҳо ва вакилони васоити ахбори умум иштирок карданд.
Тадбирро устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд, профессор Ҷумъа Ҳамроев ифтитоҳ бахшида, дар бораи ашъори дилпазири шоир, муҳимтарин масъалаҳое, ки дар шеърҳои устод баррасӣ гардидаанд, ҳарф зад.
Сипас, устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд, академики Академияи фанҳои «Тӯрон» Абдусалом Самадов роҷеъ ба эҷодиёти шоир сухан ронд.
– Меҳри устод Мирзо Турсунзода дар ошёни баландтарин – дили халқ маъво гирифтааст ва халқ хотираи неки шоири маъруфро то абад ҳифз хоҳад кард, – гуфт А. Самадов. – Шоири башардӯст дар хонаи дили худ на танҳо меҳру муҳаб­бати халқи азизаш, балки озодихоҳони ҷаҳонро низ ҷой дода буд.
Дар идома нависанда А. Истад, олим Н. Маҳмудов, профессор А. Қамарзода, шоири зуллисонайн Н. Каримзода, директори Хона-музейи Садриддин Айнӣ — А.Пӯлодов, раиси Маркази миллӣ-­мадании тоҷик ва тоҷикзабонони вилоят А. Маҳмудов, сармуҳаррири рӯзномаи «Овози Самарқанд» Б. Раҳмонов ва дигарон оиди нақши Мирзо Турсунзода дар рушди адабиёт ва фарҳанг, нуфузи эҷодкор дар арсаи ҷаҳон, доираи мавзӯоти ашъори шоир ҳарф заданд.
Зикр гашт, ки тараннуми дӯстии халқҳо аз ҷумлаи мавзӯоти меҳварии ашъори устод Мирзо Турсунзода ба шумор меравад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки симои ин шоир чун як чеҳраи нотакрори сулҳпарвар, тарғибгари дӯс­тии халқҳои олам дар саросари ҷаҳон муаррифӣ гардидааст.
Ҳамзамон, хонандагони мактабҳои рақамҳои 30, 18, 40 ва шогирдони маҳфили «Журналист ва нотиқи ҷавон»-и мактаби бачагонаи «Баркамол авлод»-и ноҳияи Самарқанд аз осори устод Мирзо Турсунзода шеърҳои маҳбубу машҳурро, ки муҳтавояшон саршор аз нангу ғурури ватандорӣ, дӯстиву рафоқат, сулҳу осоиштагӣ ва хулқу атвори неки инсонӣ буданд, қироат намуда, хотираи шоирро гиромӣ доштанд.
Дар поёни тадбири фарҳангӣ чанд суруди дилкаш аз эҷоди шоир манзури иштирокдорон гардонда шуд.

Мухбири рӯзнома.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ