Дастаи миллии Ӯзбекистон рӯзи 29-уми май дар Дубай зидди Австралия бозии дӯстона мегузаронад


Дастаи миллии Ӯзбекистон дар Чимён ҷамъомад мегузаронад. Пеш аз сафар ба Арабистони Саудӣ бо Австралия бозии дӯстона муайян гардидааст.
Дар моҳи июн дар доираи ЧҶ-2022 ва интихоботии КО-2023 турнири марказкунонидашудаи Арабистони Саудӣ оғоз мегардад.
Ӯзбекистон барои гирифтани роҳхат ба зинаи оянда ба зидди дастаҳои Сингапур, Яман ва Арабистони Саудӣ қувваозмоӣ мекунад.
Дастаи миллии Ӯзбекистон рӯзи 20-уми май дар доманакӯҳи Чимёни ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд ҷамъомад оғоз мекунад.
Рӯзи 28-уми май Дастаи миллии Ӯзбекистон ба Аморати Муттаҳидаи Араб меравад. Рӯзи 29-уми май дар шаҳри дубай бо Дастаи миллии Австралия бозии дӯстона мегузаронад.
Баъди ҳамин, роҳи Арабистони Саудиро пеш мегирад. Рӯзи 7-уми июн бо дастаи Сингапур қувва меозмояд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ