Сина сипар баҳри Ватан кардаанд…

Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд. Рӯзи хотира ва қадршиносӣ ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳо қарор дорад. Рӯзи хотира ва қадршиносӣ рамзи ватандӯстӣ, фидокорӣ, иттиҳод ва рӯҳи шикастанопазири халқи мост. Ҳамасола таҷлил намудани Рӯзи хотира ва қадршиносӣ, худ анъанаи нек ва сабақи ибратомӯз барои наслҳои имрӯза аст. Мо хостем ба ин муносибат фикри чанде аз онҳоро дар бораи ҷанги хонумонсӯз рӯйи коғаз оварем.

Аз ҳақиқати талхи ҳаёт бояд хулосаи дуруст барорем

Пардабобо РЎЗИЕВ,
иштирокдори Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, сокини маҳаллаи Болталии ноҳияи Пастдарғам:
– Баъди оғоз гардидани ҷанг оромии мардум халалдор шуд. Имрӯз он рӯзҳоро ба касе нақл кунед, афсонае мепиндорад. Аз шаҳру деҳаҳо ҷавонони болиғро ба ҷанг мефиристоданд. Дере нагузашта аз онҳо хати сиёҳ меомад, аксари ҷавонон беному нишон мешуданд. Ин ранҷу азоби ҷанг, солҳои баъдиҷангӣ низ давом ёфт. Модарон дар ғами фарзанд сару рӯ меканданд, наварӯсон шабро ба субҳ бо интизорӣ мепайвастанд.
Ин ҳама воқеаҳои мудҳиши даври ҷанг касро водор месозад, ки ба қадри ҳаёти тинҷу фаровон бирасем. Аз ҳақиқати талхи ҳаёт хулосаи дуруст барорем. Гушнагӣ, сарсонӣ ва саргардониҳои даври ҷангро ба хотир биёрем, ба ин рӯзҳои неки худ ҳазорон маротиба шукр кунем меарзад.
Аз тарафи сарвари давлатамон барои мо собиқадорони ҷанг ҳар сол мукофоти пулӣ дода мешавад, ки ин аз эътибору ғамхории кишвар, баланд будани қадри инсон ва қадр гардидани меҳнатҳои одамон гувоҳӣ медиҳад.

Дар ҷанг зинда монданро ба гӯшаи хаёл наоварда будам

Урозалибобо Пирманов,
иштирокдори Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, сокини деҳаи Ниёзмати ноҳияи Булунғур:
– Мо аз шаҳри Бранденбург пиёда худро ба Берлин расонидем. Ҳар сарбозу афсари мо мехост, ки як бор ба ин шаҳр дарояду итминон ҳосил кунад, ки ҷанг бо пирӯзии онҳо тамом шудааст. Чунки даҳҳо миллион одамон дар ин ҷанг ҳалок шуданд ва теъдоди захмиёну маъюбон низ бешумор буд. Ин ҷанг садҳо ҳазор нафарро бехонаву ҷо кард, миллионҳо кӯдаконро аз падар ҷудо намуд.
Ҳамон солҳо мо масъулияти ҳифзи корхонаи ракетаҳои болдорро, ки дар канори шаҳри Берлин воқеъ буд, бар дӯш доштем. Аммо дарди меъдаам, ки басо ҷонкоҳ буд, нагузошт, ки хизматро идома диҳам. Баъди сиҳат шуданам дар интиқоли таҷҳизоти ин корхона аз Олмон ба Иттиҳоди Шӯравӣ саҳм гузоштам.
Борҳо бо чашмони сар дидам, ки аз таркишҳои ногаҳонӣ дасту пой як тараф ва сару гардани ҳамяроқонам як тараф пош мехӯрданд. Маҳз дар яке аз ин таркишҳо ҷисмам сахт осеб дид ва ҳанӯз баъзан аз дарди сахту ҷонкоҳ ҷонам ба ларза меояд. Ман дар ин ҷанг зинда монданро ба гӯшаи хаёл наоварда будам. Аммо тақдир ҳамин будааст, ки ман боз ба диёри худ баргаштам. Аммо ҳамдеҳаҳои зиёдамро ин ҷанг нобуд кард. Фақат се нафар зинда ба деҳа баргаштем. Ҳоло дуо мекунам, ки инсоният ҳаргиз рӯи ҷангро набинад.

Ба ҳама чиз бо меҳнат ноил гардидан мумкин аст

Бӯронбобо ГАДОЕВ,
иштирокдори Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, сокини деҳаи Испанзаи ноҳияи Ургут:
– Маро соли 1942, пас аз хатми мактаби миёна ба фронт фиристоданд. Шаш моҳ дар курси бозомӯзии командирҳо таълим гирифта, баъд ба ҷанг рафтем. Дар бригадаи 91-уми фронти Белорус‑2 инженер-­сапёр будам. Се сол дар ҳар қадам ва дар ҳар лаҳза марг ба ҷони мо таҳдид мекард. Афсӯс, ки ҳар як рӯзи он солҳо дар хотираам чун ёддошти дилхиракунанда нақш бастааст. Он рӯзҳоро ба хотир орам, дар пеши назарам қабл аз ҳама чеҳраи ҳамон дӯстони ҳамсилоҳам, аскарони ҷавон, ки дар майдони набард мардонавор вафот карданд, намоён мешаванд. Аз худ мепурсам, ки онҳо ба дунё омада чӣ диданд? Ман ҳам чандин маротиба ҷароҳат гирифтам, лекин Офаридгор дар паноҳаш нигоҳ дошту сиҳат ба Ватан баргаштам. Қариб 50 сол омӯзгорӣ намудам, мактабро идора кардам ва ба насли наврас таълиму тарбия додам. Худоро шукр, ки имрӯз аксари шогирдонам дар соҳаҳои гуногун кор мекунанд. Гоҳо суроғ карда оянд, сарам ба осмон мерасад. Ба шогирдон, фарзандон ва набераҳову ҷавонон такрор ба такрор мегӯям, ки чунин замони тинҷу осуда ҳеҷ гоҳ нашудааст. Гоҳо баъзе одамон аз маҳдудиятҳои карантин шикоят мекунанд. Охир ин ҳама барои ҳифзи саломатии мардум аст! Дар чунин маврид одамон бояд иродаи худро мустаҳкам намуда, ба қоидаҳои зарурӣ риоя кунанд. Худам ҳам ҳар рӯз аз Худо ба кулли мардуми ҷаҳон тансиҳатӣ орзу мекунам. Ба ҳама чиз бо меҳнат ноил гардидан мумкин аст. Аммо танатон сиҳат, оилаатон тинҷу осуда набошад, ба дил ягон чиз намеғунҷад. Барои хотирҷамъӣ бошад, ҳама бояд ҳамҷиҳату муттаҳид гарданд. Набояд фаромӯш кунем, ки дар пеши машаққат ва гушнагиҳои солҳои ҷанг ин санҷишҳо ҳеҷ гап нест.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ