Эътибор ва ғамхорӣ –вазифаи инсонӣ

Бо мақсади дар мамлакат васеъ қайд кардани Рӯзи хотира ва қадршиносӣ, абадӣ сохтани хотираи хидматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳуқуқу тартибот, ки дар Ғалаба бар фашизм дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштаанд ва дар солҳои истиқлолият ҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ фавтидаанд, ҳамчунин эҳтиром зоҳир намудан ба тамоми собиқадорон Қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 20-уми апрели соли 2021 «Дар бораи чораҳо оид ба тайёрӣ ва гузаронидани чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи хотира ва қадршиносӣ» имзо гардид.
Бо мақсади таъмини иҷрои қарори мазкур дар саросари кишвар, аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои вилоятамон низ вохӯриҳо бо иштирокдорони ҷанг таҳти шиори «То хотира ҳаст – миллат ҳаст» ва «Эътибор ва ғамхорӣ – вазифаи инсонӣ» чорабиниҳои фарҳангӣ, ҷамъомад ва маҳфилҳои гуногун гузаронида мешавад.
Рӯзи 6-уми майи соли ҷорӣ намояндагони ҳокимияти вилоят, роҳбарони секторҳо, низомиён ва вакилони ҷамоатӣ таҳти сарварии ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов ба хонадони як қатор иштирокдорони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, аз ҷумла истиқоматкунандаи ноҳияи Нарпай Зият Буранов, иштирокдори ҷанг аз ноҳияи Каттақӯрғон Раҳмат Қобилов, сокини маҳаллаи Болталии ноҳияи Пастдарғам Пардабобо Рӯзиев, Муҳаммадалибобо Сиддиқови пайариқӣ, фарзанди деҳаи Испанзаи ноҳияи Ургут Бӯрон Гадоев ташриф оварданд.
Дар доираи ташриф ҳокими вилоят соҳибҷашнҳоро бо ҷашни умумихалқии Рӯзи хотира ва қадршиносӣ табрик намуда, паёми шодбошии Президенти мамлакатро хонда дод. Ба собиқадорон мукофоти пулӣ ва тӯҳфаҳои қиматбаҳо тақдим гардид.
Ҳангоми вохӯрӣ бо қаҳрамонони замон зикр гашт, ки Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ сабаби фавти миллионҳо нафар одамони бегуноҳ, талафот ва фоҷиаҳои гӯшношунид гардида, дар хотираи инсоният ҳамчун яке аз ҷангҳои даҳшатноку хунини олам боқӣ монд.
Халқи сермиллати Ӯзбекистон низ ҷасорат ва фидокории воқеӣ зоҳир намуда, дар кори Ғалаба бар фашизм саҳми бузург гузошт.
Аз ҷумла, тақрибан 2 миллион нафар ҳамватанонамон дар набардҳо иштирок ва зиёда аз 500 ҳазор нафарашон дар размгоҳҳо қаҳрамонона ҳалок шуданд.
Дар ин даврони душвор ҳамватанони мо беш аз 1,5 миллион пирон, занон ва кӯдаконеро, ки аз ҳудудҳои наздифронтӣ ба Ӯзбекистон кӯчонида шуда буданд, бо хонаву ҷо таъмин карданд, нисбати онҳо ғамхории беназир зоҳир намуданд.
Бинобар ҳамин ҳам алҳол арҷгузорӣ ба хотираи дурахшони ҳамватанони диловарамон, ки дар муборизаи душвор бо истилогарон ва нирӯҳои манфур иродаву мардонагии беназир нишон доданд, ҳаёти худро ба зиндагии осудаву фаровони имрӯза бахшиданд, ҳамчунин иззату ҳурмати собиқадорон воқеан ба анъанаи нек табдил ёфтааст.
Дар ин вохӯриҳо, ки ба ҷашни ҳақиқӣ табдил ёфт, кормандони Гвардияи миллӣ, садорати мудофиа ва аҳли санъату фарҳанг бо баромадҳои ҷолиб табъи собиқадоронро болида сохтанд.
Рағбатноксозии иштирокдорони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ давом дорад.

Мухбири рӯзнома.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ