Дар мономарказ касб, забон ва тадбиркориро меомӯзанд

Рӯзи 5-уми май дар шаҳри Самарқанд маросими кушодашавии монамаркази «Марҳамат, ба кор», инчунин тақдимоти лоиҳаи «Мустаҳкамсозии сохтори ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ» шуда гузашт.
Мономарказ дар ҷойи собиқ бинои коллеҷ, ки 2,5 гектарро дар бар мегирад, баъди азнавсозӣ ташкил гардид. Дар марказ барои бонувон хобгоҳи дорои 60 ҷой мавҷуд аст.
Мономаркази «Марҳамат, ба кор» ба ивази 10,5 миллиард сӯми Хазинаи давлатии кӯмак ба шуғл дар асоси андозаҳои байналмилалӣ аз нав реконструксия гардид. Ба марказ баҳри боз ҳам ривоҷ додани пойгоҳи моддиву техникӣ аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ускунаҳои замонавии истеҳсоли давлатҳои тараққикарда оварда шуданд.
Дар Мономаркази «Ба кор марҳамат», ки дар кӯчаи Роҳи Нарпайи ҳудуди шаҳраки Кимиёгарон воқест, ба бекорон аз рӯйи 8 соҳаи хизматрасонӣ, 6 соҳаи техникӣ, 3 соҳаи кишоварзӣ, 2 соҳаи технологияи рақамӣ, ба ғайр аз ин забонҳои хориҷӣ ва тадбиркорӣ таълим дода мешаванд. Касбу забонҳои хориҷӣ аз 2 то 6 моҳ омӯзонида мешавад. Сертификат ва шиносномаҳои Skills, ки дар мамолики хориҷӣ истифода мебаранд, супурда мешавад.
Дар маросими кушодашавӣ ҷонишини ҳокими вилоят Олим Хоҷаев, вазири муносибатҳои меҳнат ва шуғл Нозим Ҳусанов, вакили Бонки ҷаҳонӣ дар Ӯзбекистон Марко Мантованелли баромад карданд.
Дар тадбири мазкур инчунин, меҳмонони хориҷӣ, вакилони воситаҳои ахбори оммавии ҷумҳурию маҳаллӣ иштирок карданд.
Иштирокдорон дарсхонаҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва тадбиркорӣ, устохонаи касбомӯзии соҳаҳои техникӣ, сервис ва хизматрасонӣ, технологияҳои рақамӣ ва ғайраи мономарказро тамошо карда, бо ҷараёни касбомӯзию забономӯзӣ шинос гардиданд.
– Дар мономарказ дар давоми се моҳ касби сартарошӣ меомӯзем. Ба ин касб аз овони хурдсолӣ завқу ҳавас дорам. Дар ин ҷо касб ройгон омӯзонида мешавад. Ба ман ин айни муддао шуд. – гуфт Н. Усмонова аз шаҳри Самарқанд, ки дар курси сартарошӣ таълим мегирад.
– Дар бинои 101-и ошёнаи дуюм устохонаи таъмири ашёҳои электротехникии маишӣ ҷойгир аст. Мо ба 50 нафар ҷавон асрори таъмири ашёҳои маиширо ёд медиҳем. Онҳо баъд аз соҳиби касб шудан сертификат мегиранд, – гуфт устои мономарказ Суярқул Очилов.

Ҷамшеди АСРОР.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ