Себ инсонро фарбеҳ мегардонад


Мизоҷи себи ширин дар дараҷаи якум гарм ва дар дуввум тар аст; мизоҷи турши он дар аввали дуввум сард ва хушк; мизоҷи себи майхуш дар гармиву сардӣ мӯътадил аст ва дар якум хушк мебошад. Мизоҷи ҳамаи қисмҳои дарахташ сард ва хушк аст. Барг ва мевааш қуввати тарёқӣ дорад.
Дар айни замон, шумораи зиёди навъҳои себ мавҷуданд. Навъҳои гуногун аз ранг ва шакли мева, инчунин қуввати хушбӯй ва мазза аз ҳамдигар фарқ мекунанд.
Дарахти себ аз 5 то 12 метр қад мекашад. Дар таркиби себ микроэлементи Fe (оҳан) ва дигар моддаҳои ба организми инсон муфид мавҷуд аст. Себ сурху сафед ва кабуд мешавад. Себ ширин ва турш мешавад.
Хислатҳои шифобахши он: ҳамаи навъҳои меваашро бихӯранд, фараҳ мебахшад; дил, майна ва ҷигарро қавӣ мегардонад, инчунин бӯйиданаш ҳам чунин хислатҳоро дорост. Хӯрдани он барои дилтапак (дилбозӣ) ва душвории нафас дору мешавад; сари меъдароо қувват мебахшад ва намегузорад, ки моддаҳои бегона ба меъда рехта гарданд, инчунин иштиҳоро мекушояд.
Агар себи туршро аз ҳад бисёр бихӯранд, ба табҳои мураккаб гирифтор мекунад, шикамро пурбод месозад, иллати беҳаракат мондани узвро ба амал меоварад, мушакҳоро ба дард меоварад, ларзак мекунад. Дар ин ҳолатҳо дорчинӣ хӯрдан даркор аст, то ки зиёнаш ислоҳ ёбад.
Қоқи себро кӯфта, бо оби анор бихӯранд, меъдаро қувват мебахшад, исҳоли сафровиро мебандад ва қайро таскин медиҳад.
Таҳияи Л.РАҲИМОВА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ