Дар таркиш мактаби духтаронаи шаҳри Кобул 63 нафар хонанда вафот карданд

Дар мактаби духтаронаи шаҳри Кобул таркиши мудщиш ба амал омад, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба Вазорати беҳдошти ин кишвар.
Афғонистон шумораи талафоти таркишро дар баробари мадрасаи «Сайид -уш Шуҳадо» дар ғарби шаҳри Кобулро беш аз 60 нафар эълон кард.
Қаблан аз ҳалокати 53 нафар гузориш дода шуд.
Бар хабари расонаҳо, аксари қурбониёни ин ҳодисаи нангин духтарҳо буданд, чун ҳамла ба дабистони духтарона сурат гирифт.
Бар ин асари ин ҳодиса дасти кам 150 нафар захм бардоштанд.
Кишвардори Афғонистон, Ашраф Ғанӣ бар ин бовар аст, ки ҳамлаи мудҳишро ҷунбиши ҳаракати Толибон анҷом доданд, вале намояндагони ин гурӯҳ масъулияти ин амали террористиро ба ӯҳда намегиранд ва баръакс онро маҳкум намудаанд.
Ба навиштаи хабаргузории Tolo News, назди бинои мактаби духтарона нахуст мошини ҳомили маводи тарканда мунфаҷир шуд ва сипас ду ҳамлаи мушакии дигар сурат гирифт.
Ба гуфтаи муаллимони ин боргоҳ, ҳамла замоне рух дод, ки толибилмон аз бинои макотиб нав ба берун баромаданд.
Бояд гуфт, ки ин нахустин ҳамлаи бузурги террористӣ пас аз оғози хуруҷи нерӯҳо ИМА ва НАТО аз Афғонистон набуда, ҳанӯз рӯзи 30 апрел бар асари таркиши бомба дар хобгоҳи вилояти Лоҳур дасти кам 30 нафар кушта шуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ