Чемпиони собиқи ҷаҳон пас аз эмгузаронӣ бо AstraZeneca аз пояш маҳрум шуд

Қаҳрамони собиқи ҷаҳон оид ба таэквондо Дэйв Мейерс гуфт, пас аз эмгузаронӣ бо AstraZeneca аз пояш маҳрум шуд, менависад Daily Star.
Ба гуфти варзишгар, саломатии ӯ пас аз чанд соати эмкунӣ босуръат бад шуд.
Ин қаҳрамони собиқи 58-сола рӯзи 5 март эм карда шудааст. Пас аз чанд соат, дар ӯ аломатҳои шадиди зуком пайдо шуда ва ҳарораташ якбора баланд гардидааст.
Табибони беморхонаи Адденбруки Бритониё дар бемор сирояти табиати номаълумро ошкор карданд.
Ба гуфти Мейерс, пои ӯ қариб буд «таркад». Варзишкори собиқро ҷарроҳӣ карданд ва дар ҷараёни он пои ӯро буриданд.
Мейерс мутмаин аст, ки эмкунӣ бо маъюбии ҳозираи ӯ робитаи мустақим дорад.
Дар айни замон, табибони клиника манбаи сироятро муайян мекунанд.
Мейерс соли 1984 унвони қаҳрамони ҷаҳон оид ба таэквондоро ба даст оварда буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ