Дар Ҳиндустон бемории мукоромикоз босуръат доман паҳн мекунад

Шабонарӯзи гузашта дар саросари Ҳинд бар асари коронавирус 5 ҳазору 187 нафар ҷон бохтанд. Бино ба гузориши вазорати тандурустии Ҳиндустон дар ин кишвар бемории мукоромикоз, ки бо номҳои “занбурӯғи сиёҳ” ва “мағори сиёҳ” низ маълуму машҳур аст, дар ҳоли авҷ гирифтан мебошад. Ин бемориро занбурӯғи мукор, ки маъмулан дар ҷойҳои намӣ зиндагӣ мекунад ва бештар беморони қандро ҳадаф қарор медиҳад, паҳн менамояд. Бино ба гуфтаи манбаъ ин беморӣ бештар ҳоло миёни касоне дида мешавад, ки ба коронавирус гирифтор шудаву шифо ёфтаанд. Беморӣ бештар органҳои дохилии бадани инсон ва пӯсти ӯро мавриди ҳамла қарор медиҳад. Ин беморӣ дар айни замон ба ҳадде авҷ гирифтааст, ки барои мубталоёнаш дар беморхонаҳо утоқҳои алоҳида ҷудо мекунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ